Пайвандҳои дастрасӣ

Барканории раисони се бозори Душанбе


Бо як амри шаҳрдори Душанбе руасои се бозори калони пойтахт аз вазифаашон барканор шуданд.


Муҳаммадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе бо амри худ Саид Назаров, раиси бозори "Шоҳмансур" ( "Зелений") , Ҳафиз Давлатов, раиси бозори "Баракат" (Путовский) ва Саидқул Ҷабборов, раиси бозори "Саховат"-ро аз кор сабукдӯш кардааст.


Бино бар иттилоъи маркази матбуоти шаҳрдории Душанбе, ин амр бино бар «бемасъулиятӣ», «камбудӣ дар иҷрои амри шаҳрдорӣ ҷиҳати омода намудани меваҷоту сабзавот» ва «вайрон намудани қоидаҳои фаъолияти бозор» қабул шудааст. Шафкат Саидов, сухангӯи шаҳрдорӣ ҳамчунин афзуд, Шералӣ Тоҳиров, раиси бозори "Деҳқон" (Гипрозем) ба вазифаи раиси бозори "Шоҳмансур" таъин шудааст.


Ҳамчунин, нозирони минтақавии бозорҳои "Саховат", Шоҳмансур" ва Баракат" аз кор сабукдӯш шудаанд.
XS
SM
MD
LG