Пайвандҳои дастрасӣ

Қатли як рӯҳонии 88-сола дар Бохтар


Дар бораи қатли рӯҳонии маъруф, Эшони Сайид Ҳодӣ дар ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон гурӯҳи фаврии тафтишотӣ бо ҷалби беш аз 100 корманди пулиси маҳаллӣ таъсис ёфтааст.


Эшони Сайид Ҳодӣ нимашаби 10 ба 11 сентябр дар манзили худ дар деҳаи Политотдели ноҳияи Бохтар дар пайи як ҳамла аз сӯи афроде, ки мақомот мегӯянд, ҳанӯз ҳуввияташон маълум нашудааст, кушта шуд. Рӯҳонии 88-солаи маъруф дар натиҷаи хунравии зиёд аз захми корд дар гардани худ ҷони худро аз даст додааст. Умқи захм ҳашт сантиметр будааст. Эшони Сайид Ҳодӣ баъд аз ду соати ҳамла реҳлат мекунад. Аҳли хонаводааш аввал мехоҳанд, ин ҳодисаро рӯпӯш кунанд ва овоза мекунанд, ки ӯро саг газидааст ва пайомадҳо ва нишонаҳои кушторро пинҳон мекунанд. Пулиси маҳаллӣ танҳо дар соати 4 хабардор мешавад.


Юсуф Аслонов, сардори шӯъбаи корҳои дохилии Бохтар дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, дар робита ба куштори мазкур гурӯҳи фаврии тафтишотӣ таъсис ёфтааст ва беш аз 100 корманди пулиси маҳаллӣ ба ин кор ҷалб шудаанд.


"Аҷоибаш ин аст, ки ҳатто хешовандони Эшони Сайид Ҳодӣ намехоҳанд барои ифшои қотилон кӯмак кунанд",-мегӯяд ӯ.


Шоҳидон дидаанд, ки дар миёни аср ва шоми рӯзи 10 сентябр ба хонаи Эшони Саид Ҳодӣ ду тан омада ва аз ӯ пул пурсидаанд. Аммо онҳо кистанд, касе намедонад. Онҳо меҳмонони ахири Эшон будаанд. Вақте аз Эшон (ҳини ҷондиҳияш) мепурсанд, ки "Онҳо кӣ буданд, ки ба шумо ҳамла карданд", танҳо гуфтааст, ки "бадбахтҳо", яъне қотилон "чанд нафар" будаанд.


Баракатулло Камолов, додситони ноҳияи Бохтар зимни сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ин ҳодиса ҷанбаи сиёсӣ надорад ва ҷинояткорон алъон дар ҷустуҷӯ қарор доранд. Тибқи иттилоъи манбаъҳо аз мақомоти интизомии Бохтар, фарзияи пешакии куштор, эҳтимолан, дуздӣ ё сӯиқасд будааст. Аммо шоеъот дар мавриди ин ки ҳудуди се ҳазор сомонӣ аз манзили Эшони Саид Ҳодӣ рабуда шудааст, ҳанӯз тасдиқ ё инкор нашудааст.


Носирҷони Маъмурзода, Бохтар
XS
SM
MD
LG