Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳафт зан ба мақомҳои масъули ҳукумати Тоҷикистон таъйин шуданд


Аз миёни 12 нафаре, ки рӯзи сешанбе ба мақомоти масъули давлатӣ таъйин шудаанд, ҳафт нафар зан ҳастанд.


Дафтари матбуъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки рӯзноманигор Бунафша Одинаева ба симмати муъовинати раиси Ожонси назорат бар маводди мухаддири Тоҷикистон таъйин шуд.


Ҳамчунин бо фармони раисиҷумҳурии Тоҷикистон Латофат Насриддинова мушовири раёсати ҷумҳурӣ дар масоили марбут ба илму фанноварии ҷадид мансуб шудааст.


Бо тасмими ҳукумати Тоҷикистон Абдулҳаким Розиқзода мақоми раёсати Донишгоҳи тарбияти бадан, Камол Нуралиев мақоми муъовинати аввали вазири обу обёрӣ, Ойхон Шарифова симмати муъовинати вазири обу обёрӣ, Мавҷуда Келдиёрова мақоми муъовинати вазири энержӣ, Гулмира Ҳамроқулова симмати муъовинати вазири молия, Лутфӣ Вазирова мақоми муъовинати Идораи кулли ҳифзи асрори давлатӣ ва Давлат Холмуродов мақоми муъовинати Идораи кулли бойгониро ба дӯш хоҳанд дошт.


Афзун бар ин, Абдураҳмон Аюбов ба мақоми намояндагии тиҷории Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Араб, Мавлонназар Паллаев ба раёсати ширкати воҳиди давлатии "Ҷамаст", Раҷаб Қодиров ба симмати раёсати ширкати саҳҳомии "Тоҷикхимпром" пешбарӣ шудаанд.
XS
SM
MD
LG