Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масоҷиди ғайриқонуниро дар Хатлон мебанданд


Додситони вилояти Хатлон Ғиёсуддин Умаров гуфтааст, ки мақомот ҳама масоҷиди ғайриқонунӣ амалкунанда дар қаламрави ин вилояти ҷануби Тоҷикистонро хоҳанд баст. Оқои Умаров гуфтааст, ки ҳама масоҷиде, ки бар хилофи муқаррароти қонунгузорӣ бино шуда ва бидуни хатти муҷавиз фаъолият мекунанд, баста хоҳанд шуд. Бино ба оморҳои дарёфтӣ, дар ҳудуди вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир расман 60 масҷиди ҷомеъ ва беш аз 1280 масҷиди намози панҷвақтӣ амал мекунанд.

Қаблан чунин маъракаҳои густарда ба хотири кашф ва бастани масоҷиди ғайрирасмӣ дар пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанбе ва чанд минтақаи дигари он кишвар низ роҳандозӣ шуда буд.
XS
SM
MD
LG