Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишонаҳои мардумӣ


ДЕБОЧА

Кафи дастад хорад, маблағ ба даст меорӣ, кафи пояд хорад, шояд сафаре дар пеш дорӣ, агар чашми чапат парад, бо касе ҷанг мекунӣ, обро ифлос макун вагарна ҳамон рӯз бемор хоҳӣ шуд, аз пеши роҳат гурбаи сиёҳ гузарад, корат барор намегирад, агар дар гарданат чанголи гург ва ё палангу шер мебуд, ин қадар тарсончак намешудӣ -- ин ва боз чандин нишонаҳои дигаре ҳастанд, ки мардуми тоҷик ба он бовар доранд ва нишонаҳои мазкурро як навъ пешомад медонанд. Мардумшиносон ва фолклоршиносон то фурӯпошии шуравӣ ба боварҳо ё худ шугунҳо камтар таваҷҷӯҳ доштанд, зеро ҳамаи инро ба хурофот ва мазҳабҳои динӣ рабт дода, барои ҷомеа зараровар меномиданд.
Аммо мардумшиносон мегӯянд, бисёре аз намунаҳои бовар ё худ шугунҳо дар ҳаёти мардуми ориёитабор ҳамчун таҷриба ҳанӯз аз замонҳои қадим мушоҳида мешавад.

НАЗАРИ РАВШАН РАҲМОНӢ

Равшан Раҳмонӣ, яке аз фолклоршиносони маъруфи тоҷик ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, мардум аз рӯи нишонаҳои мухталиф ояндаи худро як навъ пешгӯӣ мекунанд ва бо ин нишонаҳо бовар доранд: «Пайвандии инсон бо табиат, ки дар замонҳои қадим ин хурофотгуна будааст, то ба ҳол боқӣ монда. Аслан ин хурофот, бубинед, мо ки суҳбати родиоӣ дорем, баъзе шугунҳое ҳаст, ки дар бораи тартибу ба низом даровардани одобу ахлоқ, рафтори шахсон гуфта мешавад. Баъзе шугунҳое ҳастанд, ки ин ё он ҳодисаро пешгӯи мекунанд. Масалан абр аз қибла хезад сахт борон мешавад. Баъзе чизҳое ҳастанд, ки мушоҳидаҳои дар тули зиндагии инсонҳо пайдо шударо дар бар мегирад. Маъзарат мехоҳам, ин ки родиои хориҷӣ аст, ҳатто кампирҳо мегӯянд, агар касе дар об гуноҳ кунад, ошкортар гӯям пешоб кунад, ӯ гирифтори бемориҳо мешавад. Назди фолбин мебаранд, дар фоли ӯ меорад, ки ба хотири дар об пешоб кардан фарзанди шумо мубталои маризӣ шудааст. Ҳамин шугун моро пайванд мекунад ба решаҳои гузаштаи ниёкон, ки об яке аз чор унсури муқаддас ба шумор меравад.»

НАЗАРИ АБДУЛҲАМИДИ САМАД

Абдулҳамиди Самад, нависандаи тоҷик бар он назар аст, ки боварҳо ба нишонаҳои мардумӣ дар асл хурофот нестанд ва ин нишонаҳо дар ҳаёти мардум таърихи тулонӣ доранд: «Албатта ин чизҳоро хурофот гуфта намешавад, хурофот оне ҳаст , ки инсон ба як чизе, ки тамоман мавҳум аст сахт бовар мекунад, сахт дода мешавад. Ҳатто ба манфиати тамоми ҷомеа ҳам набошад, дода мешавад ё ин ки ҷомеаро аз паси ҳамон чизҳо мебарад, ба назари ман. Ин чизҳое, ки мову шумо мегӯем ба ҳеҷ кас зарар надорад ва ин чизи шахсии ҳар як фард аст ва ӯ хоҳад бовар мекунад нахоҳад не. Вақте Шумо ҷавон ҳастед поятон дар санг мезанад, яъне шуморо огоҳ мекунад, ки дар пеш мушкилоте дорӣ ва ин чизҳо беҳудуд аст.»

ХОТИРАИ ҶАВОНӢ

Аз устод Самад мепурсам, оё худашон ба ин нишонаҳо бовар кардаанд ва мавриде шудааст, ки кафи дасташон хорида пул гирифта бошанд ва ё чашми чапашон парида касеро хуб лату куб карда бошанд?
« Ҳар чиз дорам барои худам дорам, шояд аҷиб ҳам бошад аммо...
Солҳои донишҷӯӣ, нимаи дуввуми соли аввал буд. Шаб дар хоб дидам, ки дар як кул оббозӣ дорам ва айёми баҳорон, айёми найсон аст. Ҳамин вақт як море сари най баромад ва ба сӯи ман ҷаҳид. Ман бо тамоми кушиш дасту почак зада аз ӯ мегурехтам... Ғарқи обу арақ бедор шудам, ниҳоят нохуш буд ва гӯё аз паёмади баде хабар медод. Баъди ду рӯзи он аз марги падарам огаҳӣ доданд, ки ҳеҷ аз ёдам намеравад. Яъне дар олам чизе ҳаст, ки пешомади хушу нохушро ба одам ҳушдор медиҳад.»

АММО РАҲМОНӢ БОВАР НАДОРАД

Ин дар ҳолест, ки Равшван Раҳмонӣ фолклоршиносони маъруфи тоҷик мегӯяд, ӯ ба ин нишонаҳо комилан бовар надорад ва боре ҳам, шӯхиомез меафзояд ӯ, чашми чапаш парида касеро лату куб накардааст. Аз устод Раҳмонӣ мепурсам, сабаби ба ин нишонаҳо бовар накардани ӯ дар чист, дар ҳоле ки бештарини мардуми мо ин боварҳоро дар ҳаёти рӯзмарраашон мавриди истифода қарор медиҳанд: «Фаромӯш накунед, ки ман пажӯҳанда, яъне муҳаққиқ ҳастам ва ба ҳама шугуну бовару қиссаву афсона бо назари танқидона менигарам. Аз ин хотир ман инҳоро таҳқиқ ва таҳлил мекунам ва бо итминон гуфта метавонам, ки ба ин чизҳо комилан бовар надорам, вале гуруҳи одамоне ҳастанд, ки агар ман бовар надорам гӯям меранҷанд, чунки онҳо бовар доранд. Бубинед, агар шумо ҳоло ба бовар қадам занед, ҳамин хурофотро дар як рӯз садҳо бор мушоҳида мекунед. Вақте пули аввалро мегиранд, як бор даври борашон чарх мезанонанд ва гӯё, ки ин пули нахустин ҳаст ва як навъ бозорашон барор мегирифта бошад. Ин ҳам як навъ боварӣ ҳаст. Инсон ҳамеша бо эътиқод зинда ҳаст, ҳатто масалан дар байни президентҳои кишвар ҳам дар номае, ки президенти Эрон ба Буш навишт (ман номаро пурра нахондам), маълум мешавад, Буш ҳам ба ҳамон дину оине, ки худаш ҳаст бовар доштааст. Бубинед, ин чизҳо ҳамааш як пайвандие дорад.»

НАЗАРИ ҶОНИБЕКИ АКОБИР

Агар боварҳои мардумиро аз сарчашмаҳои таърихӣ ҷӯё шавем, пеш аз ҳама дар «Шоҳнома"-и Фирдавсӣ низ дар ин бора гуфтаҳо дарҷ ёфтаанд, ки мунаҷҷимон ва ситорашиносон як навъ ояндаро пешгӯӣ мекарданд ва ин боварҳо аз замони бостон то ба имрӯз расидаву бо ҳар нишона идома дорад.
Дар ҳамин ҳол Ҷонибеки Акобир, нависандаи дигари тоҷик мегӯяд, боварҳо ба нишонаҳои мардумӣ дар заминаи таҷрибаи рӯзгор ба вуҷуд омадааст ва ин нишонаҳоро наметавон хурофот гуфт, балки як навъ пешомади инсонӣ дар рӯи замин эҳсос мешавад. Ҷонибеки Акобир: «Инсон мегӯяд, дили ман гувоҳӣ медиҳад, ин ҳамон маъное ҳаст, ки як инсон инсони дигареро пазмон шудааст. Вақте Шумо пазмон мешавед, дили дигар ҳам бо воситаи пазмонии шумо бо робитаи инсон, ки тавассути ҳавое, ки мо нафас мекашем, дар ҳама ҷо як хел аст. Вақте ман инҷо касеро ёд мекунам, нафаси ман бо нафаси он нафар ҳатман мерасад ва он ҳам аз ман ёд мекунад ва ё шояд хоби бад мебинад. Ин албатта иртиботи ҳамешагӣ ва доимӣ ҳаст ва вақте дили мо гувоҳӣ медиҳад, мо медонем, ки дил ин фақат як пора гушт ё хун нест, балки ин марказе ҳаст, ҷавҳаре ҳаст, ки дар инсон рӯҳи инсонӣ ва ҷон ном дорад. Вай ҳатман бо офаридаи худ ҳамеша ва ҳар лаҳза дар иртибот аст ва ҳамеша ниёиш карда метавонад, ҳамеша қаҳр карда метавонад, тоғут буданаш мумкин, исёнкор буданаш мумкин, дар ҷаҳл буданаш мумкин. Ин маъниаш ҳамон аст, ки дар ин Дунё неруе, эҳсосе, офарандае, дасте ҳаст, ки ҳама чизро зебо ва бисёр бахшоянда ва барозанда идора мекунад.»

ФОЛ ШУГУН НЕСТ

Ва аммо дар шароити феълӣ дар баробари нишонаҳои мазкур ҳамчунин шумори зиёди фолбинон ояндаи мизоҷони худро бар истилоҳ «мувофиқи табъашон» пешгӯӣ мекунанд, дар ҳоле, ки Равшан Раҳмонӣ мегӯяд, мардум бо эътиқод зинда аст, ин гурӯҳи одамон ба пешгӯиҳои фолбинон бовар намуда, ояндаи худро аз рӯи нишондоди эшон мунтазир мешаванд, ҳарчанд ба қавли соҳибназарони дин бовар як навъ хурофот ва бидъат будааст.
XS
SM
MD
LG