Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақобати шадид дар интихоботи Итолё


Дар Итолё интихоботи умумӣ идома дорад. Ин интихобот ду руз давом мекунад. Дар он ду нафар Романо Продӣ-собиқ раиси Кумисюни Аврупо ва Силвио Берлусконӣ-нахуствазири кунунии Итолё ширкат доранд. Романо Продӣ ҳоло аз рақибони қавии нахуствазир Берлусконӣ ва раҳбари эътилофи қавии чапи миёна ба шумор меравад. Тибқи назархоҳиҳои муқаддамотӣ Романо Продӣ аз Силвио Берлусконӣ дар сафи пеш қарор дорад. Дар Итолё мегуянд, мумкин аст, оқои Продӣ дар ин интихобот комёб шавад ва курсии нахуствазириро аз Берлусконӣ бигирад. Романо Продӣ имруз ҳангоме, ки варақаи райро ба сандуқ меандохт, хитоб ба рузноманигорон гуфт:

"Ман шабона хеле хуб хобидам. Имруз ҳаво ҳам хеле хубу офтобист. Ман умудворам, ки ҳама чиз бо беҳтарин имконоти мавҷуда поён ёбад".

Дар даҳсолаи ахир интихоботи кунунии Итолё сахттарин рақобати интихоботӣ ба шумор меравад. Нахуствазир Берлусконӣ бар зидди Продӣ ва ҷонибдоронаш лаҳни таҳдидомезро ба кор мебарад, дар ҳоле, ки Романо Продӣ Берлускониро нахуствазири шаробхор номидааст. Сарфи назар аз натиҷаҳои интихобот коршиносон мегуянд, ки ташкили ҳукумати ҷадид як моҳро дар бар хоҳад гирифт.
XS
SM
MD
LG