Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Муъаррифии Барномаи давлатии мубориза бо қочоқи инсон


Рӯзи сешанбе (28 март) зимни як нишаст дар Душанбе пешнависи Барномаи давлати Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон барои солҳои 2006-2010 муъаррифӣ шуд. Дар ин нишаст, ки бо ширкати мақомоти масъули давлати Тоҷикистон, созмонҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ доир шуд, тарҳи мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дӯстмурод Муродов - мушовири сиёсати ҳуқуқии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таҳияи ин барнома гуфт, пас аз баррасӣ тарҳи мазкур ба вазорату идораҳои масъули кишвар, мақомоти маҳаллӣ ва созмонҳои ғайридавлатӣ ирсол мешавад ва шакли мукаммали он бо дарназардошти пешниҳоду дархостҳои ин мароҷеъ ба тасвиб хоҳад расид. Ӯ тақвият бахшидан дар мубориза бо қочоқи инсон дар кишварро аз ҳадафҳои аслии барномаи мазкур унвон кард ва гуфт, ҷиҳати расидан ба ин ҳадафҳо фаъолияти муштараки мақомот, созмонҳо ва ҷомеъа бисёр муҳим аст. Мушовири сиёсати ҳуқуқии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, барои даст ёфтан ба ҳадафҳои барномаи мубориза бо қочоқи инсон дар солҳои 2006-2010, дар ин тарҳ ба ҷанбаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоъии ин мушкил, ба вижа ба гурӯҳҳои осебпазире, ки имкони бештари қочоқ шудан доранд, таваҷҷуҳи хос зоҳир шудааст.
Ин дар ҳолест, ки Маҳмуд Нодирӣ - раиси дафтари Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Тоҷикистон дар мавриди мубориза бо қочоқи инсон тадобире анҷом додаанд, вале ин чораҳо ба шакли пароканда пиёда шудаанд. Оқои Нодирӣ гуфт, таҷрибае, ки Созмони ҷаҳонии муҳоҷират дар ростои ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон дар Тоҷикистон доштааст, дар бахшҳои ҷудогонаи барномаи давлати Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегирад.
Бино бар омори Вазорати дохилаи Тоҷикистон, дар соли 2005 аз сӯи маъмурони ин вазоратхона 91 мавриди қочоқи инсон кашф шудааст. Дар ҳамин омор омадааст, ки тайи ду моҳи нахусти соли ҷорӣ ниҳодҳои интизомию амниятии Тоҷикистон аз вуқӯъи 27 мавриди қочоқи инсон ҷилавгирӣ кардаанд.
Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG