Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти як мудофеъи ҳуқуқи башари Узбакистон ба 8 сол зиндон


Созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар имрӯз эълом кард, ки додгоҳе дар Узбакистон як фаъоли мудофеъи ҳуқуқи башарро ба ҳашт сол зиндон маҳкум кардааст.


Дар баёнияи ин созмон омадааст, ки додгоҳе рӯзи душанбе (6 март) Муътабар Тоҷибоеваро ба хотири узвият дар як созмони ғайриқонунӣ равонаи зиндон кардааст. Манзур аз "созмони ғайриқонунӣ" ташаккулест, ки М. Тоҷибоева зери унвони "Қалбҳои сӯзон" таъсис карда, аммо тавассути давлати Узбакистон сабти ном нашудааст. Вай ҳамчунин ба хотири туҳмат, зӯргӯӣ ва сӯиистифода аз замин маҳкум шудааст.


Дидбони Ҳуқуқи Башар муътақид аст, ки муҳокимаи бону Тоҷибоева ғайримунсифона буда ва тақозо мекунад, ки маҳкумияти ӯ бознигарӣ ва худи ӯ тайи ин давра озод шавад.


Ин созмон мегӯяд, ки муҳокимаи бону Тоҷибоева намунаи дигарест аз таъқибу пайгарди мунтақидони бархурди соли гузаштаи нирӯҳои давлат бо муътаризон дар шаҳри Андиҷони Узбакистон.
XS
SM
MD
LG