Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навтарин таҷҳизот барои бемористонҳои Тоҷикистон


Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба бемористони марказии бо номи Дякови Тоҷикистон ба маблағи 5 миллион доллар таҷҳизот ва васоити беҳдоштӣ ироа кард. Дар маросими супоридани кӯмакҳои тиббии ИМА ба ин бемористон, ки рӯзи 14 май баргузор гашт, Ричард Ҳоугленд сафири Амрико дар Тоҷикистон ва Нусратулло Файзуллоев - вазири беҳдоштии Тоҷикистон санадеро дар ҳаҷми 11 миллион доллар кӯмаки бебозгашти Амрико ба вазорати беҳдошт ба имзо расонданд. Кщмаки панҷ миллион долларии Амрико барои бемористони Дяков дар чаҳорчубаи лоиҳаи "Умед" сурат гирифтааст.

Нусратулло Файзуллоев вазири беҳдоштии Тоҷикистон дар робита ба ин гуфт: "Мо сипосгузорем, ки кӯмакҳои бебозгашти Арико ҷиҳати таҷдид ва таҷҳизонидани беморхонаи ба номи Дяков имрӯз ба мо расид. Тибқи ин барнома на танҳо ин беморхона, балки маркази саратоншиносӣ, бемориҳои ғадудҳои дохилӣ, бемориҳои сил низ бо ин васоит муҷаҳаз хоҳанд шуд."

Дар ҳамин ҳол Ричард Ҳоугленд - сафири ИМА ба Радиои Озодӣ гуфт: "Кулли кӯмакҳои ирсол намудаи мо, шурӯъ аз ашёи тиббӣ, то таҷҳизот ва омӯзиши мутаххасисони тоҷик, зери назорати намояндагони сафорат анҷом хоҳад гирифт, то мардуми ин кишвар ин кӯмакҳоро мавриди истифода қарор диҳанд."

Барномаи кӯмакҳои беҳдоштии Амрико бо унвони «Умед» дар Тоҷикистон соли 2003 ба фаъолият шурӯъ намудааст. Тибқи ин барнома Иёлоти Муттаҳида дар ҳаҷми 22 миллион доллар дорувор, таҷҳизот ва лавозимоти беҳдоштӣ ба ин кишвар ирсол доштааст. Тибқи иттилои сафорати Амрико дар Тоҷикистон, аз ҷониби ҳукумати Амрико ҷиҳати кӯмакҳои беҳдоштӣ ба Тоҷикистон беш аз 33 миллион доллар ҷудо шудааст.
XS
SM
MD
LG