Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кӯмакҳои World Food Program ба оилаҳои ниёзманди Тоҷикистон


Тибқи ду лоиҳаи Созмони Ҷаҳонии Озуқаи Созмони Милал ҳудуди 21 ҳазор нафар дар ноҳияҳои куҳистонӣ ва камбизоати Фархор, Балҷувон, Шӯрободи минтақаи Кулоб маводи ғизоӣ хоҳанд гирифт. Аз ҷумла, ба оилаҳои камбизоат, орду намаки ёддор ва дигар маводи ғизоӣ тақсим карда хоҳад шуд. Барномаи дигаре, ки идораи Созмони Ҷаҳонии Озуқа дар Кулоб оғоз хоҳад кард, кумак бо оилаҳоест, ки аъзои он гирифтори бемории сил ҳастанд ва ин лоиҳа дар ҳамкорӣ бо муассисаи дигари хайрия Мерлин амалӣ хоҳад шуд.

Музаффар Азимов - намояндаи Созмони Ҷаҳонии Озуқа ба сафҳаи интернетии Радиои Озодӣ гуфт, ин созмон на танҳо дар минтақаи Кулоб балки дар бисёре аз ноҳияҳои кӯҳистонии Тоҷикистон ба сокинони камбизоати он кумаки ғизоӣ мерасонад:

"Дар ҳоли ҳозир Созмони Ҷаҳонии Озуқа фаъолияти худро тавассути барномаи «Расонидани кӯмак барои хонаводаҳои ниёзманд ба озуқа ва амалиёти барқароркунӣ дар Тоҷикистон», - ро ки моҳи июни соли 2003 оғоз ёфта буд ва то 30 июни 2005 идома хоҳад кард, ба ҷо меорад. Барнома ҳадафи расонидани кӯмаки ғизоӣ ба хонаводаҳои ниёзманд ба озуқа, ки дар мавзеъҳои дурдасти ҷуғрофӣ иқомат мекунанд ва инчунин фаъолияти барқароркуниро дорад, ки ба худтаъминкунӣ ва амнияти ғизоӣ мусоидат хоҳад кард."

Тибқи омори расмӣ 64 дар сади аҳолии Тоҷикистон зери хатти фақр ба сар мебаранд ва тавре таҳқиқоти ахири Созмони Ҷаҳонии Озуқа нишон додааст, 27 дар сади аҳолӣ дар таъмини худ бо ғизо мушкилӣ мекашанд, ё ба онҳо норасоии ғизо таҳдид мекунад. Музаффар Азимов мегӯяд, соли гузашта шумораи атфоли то 5-солаи тоҷик, ки ғизои кофӣ намехӯранд, афзоиш ёфтааст: "Таҳқиқоти миллии вазъи хӯроки аҳолӣ, ки дар соли 2004 гузаронида шуда буд, инчунин нишон дод, ки камғизогирии саросарии кӯдакони то синни 5-сола тақрибан 11 афзоиш ёфтааст. Ҳадафи асосии фаъолияти Барномаи Ҷаҳонии Озуқа дар Тоҷикистон ин беҳтар гардонидани таъмини ғизоии хонаводаҳо, нигоҳ доштан, афзоиш додани истеҳсоли маводи хӯрока ва инчунин тарғиби маблағгузорӣ ба сармояи инсонӣ мебошад."

Созмони Ҷаҳонии Озуқаворӣ мегӯяд, дар соли 2003 беш аз яку ним миллион мардуми камбизоати Тоҷикистон аз ин созмон кӯмак гирифтаанд ва соли гузашта шумори кӯмакгирандагон беш аз 870 ҳазор нафар будаааст. Ин созмон на танҳо ба оилаҳои ниёзманду фақир кӯмак мекунад, балки тибқи барномаҳои мухталиф дар барқарорсозии зербунёдҳои фарсудаи Тоҷикистон, макотиб, ва хонаҳои осебдида аз офатҳои табиӣ саҳм дорад. Аз ҷумла, соли гузашта бо кӯмаки ин созмон 151 мактаб, 56 хонаи осебдида ва чандин насосҳои обкашонӣ, қубур ва пулҳои хароб барқарор шудаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG