Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маргумири модару кӯдак дар Тоҷикистон ҳамоно ташвишангез аст


Раиси Созмони байналмилалии Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон Ҷӯра Инъомзода вазъи тандурустии занону кӯдаконро дар Тоҷикистон осебпазир ва маргумири модару кӯдакро дар кишвар нигаронкунанда номид. Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, тибқи як таҳқиқоти созмони Ҳилоли Аҳмар дар вилояти Хатлон маълум гашт, 30 дарсади навзодон ба иллати камхунӣ ва дигар бемориҳои модарон мурда ба дунё меоянд ва ё пас аз чаҳор моҳи зода шудан мефавтанд. Ҷаноби Инъомзода кушиши созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои давлатиро дар ҳифзи саломатии занон ва коҳиши марги модару кӯдак муҳим, аммо нокифоя шуморид. Аммо сардори бахши сиҳатии модару кудаки Вазорати тандурустии Тоҷикистон Раъно Алиева мегӯяд зимни чанд барномаи беҳдоштӣ аз ҷониби вазорат муяссар шудааст, маргумир дар миёни занону кӯдакон коҳиш ёбад. Вай гуфт, сатҳи маргумир як дарсад коҳиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол сардухтури таваллудхонаи рақами 3 ноҳияи Синои пойтахт Светлана Гулмаҳмадова гуфт, бо мусоидати созмонҳои байналмилалии то андозае аз маргумири модару кӯдак ҷилавгирӣ шудааст, аммо вазъи куллӣ ҳамон нигаронкунанда боқӣ мемонад. Сабаб, ба андешаи хонум Гулмаҳмадова, бемории қариб сартосарии камхунӣ дар байни занон ва фосилаи кӯтоҳи миёни таваллудҳо мебошад.
Сафаргули Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG