Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон: Ҳаракати тундтар ба сӯи парлумон


Соли 1973 замоне, ки Иттиҳоди Шӯравии муқтадир бар пой буд дар 200-километрии ҷануби Тоҷикистон дар минтақаи Қӯрғонтеппа бо номи "Наҳзати ҷавонони исломихоҳ" як созмон ба таври ғайрирасмӣ таъсис ёфт, ки пас аз муддате бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар саҳнаи сиёсии кишвар зоҳир шуд. Ин созмон нахуст дар ҳайати панҷ нафар таъсис ёфт ва сарварии онро Сайид Абдуллои Нурӣ, ки он вақт бо номи Домулло Абдулло маъруф буд, бар ӯҳда дошт. Ин ҷараён, ки дар аввал фарҳангию сиёсӣ буд ва таблиғи арзишҳо ва фарҳанги исломро ҳадафи худ медонист, тавассути ҳалқаҳои худ дар се-чаҳор сол дар сартосари кишвар маъруфият пайдо намуд.
Аммо "Наҳзати ҷавонони исломихоҳ" баъди чанде мавриди таъқибу фишор қарор гирифт ва соли 1986 Домулло Абдулло бо ҷурми бадномкунии низоми вақт боздошт гардид ва соли 1987 ба як маҳбаси Русия воқеъ дар Сибир фиристода шуд. Пас аз ду сол дар соли 1989 дар вилояти Астрахани Русия нахустин анҷумани Ҳизби наҳзати Иттиҳоди Шуравӣ баргузор шуд ва намояндагони созмони исломии Тоҷикистон бахши асосии вакилонро ташкил медоданд. Бо шикасти импературии шӯравӣ наҳзатиҳо талош намуданд, ин ҳаракатро ба унвони ҳизби сиёсӣ сабти ном кунанд.

Дар моҳи июни соли 1990 ба Ҳизби наҳзат муяссар шуд, ки анҷуман баргузор кунад ва Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ҳоло яке аз чеҳраҳои саршиноси сиёсии Тоҷикистон раиси ҳизб интихоб гардид. Вале дар он замон ҳукумати Тоҷикистон ин ҳизбро сабти ном накард. Як сол баъди ба истиқлол расидани кишварҳои шӯравӣ авзоъ тағйир хурд ва садгузориҳо алайҳи Ҳизби наҳзат гӯё поён ёфт. Дар охирҳои моҳи сентябри соли 1991 Ҳизби наҳзат расман сабти ном шуд. Намояндагони ҳизб мегӯянд, бо сабти номи ҳизб аллакай Наҳзати ислом дар аксарияти навоҳии кишвар бахшҳои худро дошт ва меҳвари барномаи ҳизб таблиғи фарҳанг ва сиёсати исломӣ буд.
Ҳикматулло Сайфуллозода сухангӯи ҳизб: "Вақте ки ҷомеа мусулмонист, он албатта манфиатҳои исломиро интизор дорад, ки ин манфиатҳо авлавият пайдо кунанд. Барои ҳамин бояд худи ҷомеаро ба фарҳанги исломӣ шиносонидан ва омода кардан ҳадафҳои аслии Ҳизби наҳзат буд ва ҳоло ҳам ҳаст."
Барои аввалин бор Ҳизби наҳзат дар тирамоҳи соли 1991 дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври ғайримустақим ширкат кард. Ҳизб номзади худро пешбарӣ накард, вале дар миёни 8 номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ Давлат Худоназаровро, ки аз тарафи нерӯҳои демократии кишвар пешбарӣ гардида буд, пуштибонӣ мекард. Дар миёни рақибони оқои Худойназаров - Раҳмон Набиев ва Сайфиддин Тӯраев чеҳраҳои шинохта ба шумор меомаданд ва ин маъракаи сиёсӣ бо ғалабаи Раҳмон Набиев, ки парвардаи даврони коммунистӣ буд, анҷом ёфт.
Аммо пирӯзии Набиев Тоҷикистонро сиёсатмадорон ва алоқамандони сиёсати ин кишвар, дар маҷмӯъ мардумро тақсим кард ва ниҳоят кишварро ба ҷанги рӯёрӯии шаҳрвандӣ кашид. Баъди оғози ин ҷанг соли 1992 нерӯҳои демократихоҳ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ Тоҷикистонро тарк намуданд ва ба сари қудрат ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов омад. Ба дунбол вазорати адлия фаъоляти Ҳизби наҳзат, Ҳизби демократӣ ва созмонҳои сиёсии дигарро дар қаламрави Тоҷикистон мамнӯъ эълон кард.
Ҷанги шаҳрвандӣ панҷ сол идома кард ва дар ин миён Ҳизби наҳзат ва нерӯҳои дигари демократии дар хориҷи кишвар муттаҳид шуда, Иттиҳодияи оппозитсиюни тоҷикро созмон доданд. Пас аз ду соли имзои созишномаи сулҳи тоҷикон бо пешниҳоди Комиссияи оштии миллии Тоҷикитсон дар тобистони соли 1999 ҳукумати кишвар ба ҳизбҳо ва созмонҳои шомили иттиҳодияи оппозитсиюн иҷозаи фаъолият дод. Ҷонибдорони ҳизб бо баргузории анҷумани нав Сайид Абдуллои Нуриро раиси ҳизб интихоб карданд.
Ҳизби наҳзат боз вориди як муборизаи ҷиддии сиёсӣ шуд ва дар интихоботи раёсати ҷумҳур моҳи сентябри ҳамин сол номзади худ Давлат Усмонро дар муқобили Эмомалӣ Раҳмонов пешбарӣ кард. Сайид Абдуллои Нурӣ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як нишасти матбуотӣ дар робита ба ин интихобот гуфта буд: "Ин ҷо мо наметавонем, розӣ шавем, бо он ки номзади мо Давлат Усмон қонунан дар варақаҳои интихоботӣ дарҷ шуда буд. Ин хато буд ва ин интихоботро ҳам наметавон интихоботи алтернативӣ номид. Ба ҳар ҳол мо аз он хурсанд ҳастем, ки ҳеҷ гуна ташаннуҷ ба вуҷуд наомад.»
Оқои Нурӣ дар ҳамин нишасти хабарӣ гуфт, барномаи Ҳизби наҳзат иборат аз ҳифзи арзишҳои инсонӣ, тамомияти арзии кишвар, мусоидат ҷиҳати рушди демократия, қонунмандӣ дар Тоҷикистон мебошад. Вай афзуд, агар ҳизби онҳо ба ҳукумат бирасад ҳатман дар чаҳорчӯби қоунунҳои ҷории кишвар давлат месозад. Як соли баъд дар соли 2000-ум Ҳизби наҳзат дар интихоботи парлумони кишвар барои соҳиб шудан ба курсиҳои нахустин маҷлиси касбии Тоҷикистон вориди мубориза шуд. Дар ин интихобот ду номзад Муҳаммадшарифи Ҳимматзода ва нафари дуввум Насриддин Саидов, ки узви Ҳизби наҳзат набуд, ҳамчун намояндаи ин ҳизб вориди Маҷлиси Намояндагон шуд.

Дар ҳоли ҳозир Ҳизби наҳзати ислом ба интихоботи қарибулвӯқуи парлумони кишвар омодагӣ мебинад.
Муҳиддин Кабирӣ - муовини авали раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон дар робита ба стратегияи ҳизб чунин мегӯяд: "Нуктаҳои асосии фарқкунандаи ҳизби мо аз дигарон дар он аст, ки мо мавқеи худро нисбат ба ҳукумат мушаххас кардем, яъне дар мавқеъи мухолифати созанда қарор хоҳем гирифт ва мо имкониятҳои ҳамкориро бо мақомоти давлатӣ рад накардаем ва ҳатто бо ҳизби ҳоким ва ҳукумати амалкунанда ҳам ҳамкорӣ хоҳем кард. Албатта дар чаҳорчӯби он барнома ва ё ҳадафҳое, ки муштарак ҳастанд. Вале дар нисбат ба он масъалаҳое, ки мо дар мавқеъи мухолифат қарор хоҳем дошт, мо камбудиҳоро хоҳем гуфт, онҳоро ошкор хоҳем кард ва роҳҳои ҳал ҳам пешниҳод хоҳем кард."
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба ҳавзаи умумиҷумҳуриявӣ 15 номзад пешниҳод кардааст. Чеҳраҳои шинохтаи ин ҳизб Муҳаммадшарифи Ҳимматзода, Муҳиддин Кабирӣ, Сайидумар Ҳусайнӣ ва Муҳаммадалии Ҳаит, Саидиброҳими Назар ва дигарон мебошанд. Ҳизби наҳзати исломӣ дар ин навбат мехоҳад, дар парлумон на камтар аз 8 нафар намоянда дошта бошад, то ки тавонад фраксиюни худро дар Маҷлиси намояндагон таъсис диҳад.

Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон: Саъй барои ишғоли тамоми курсиҳои парлумон
XS
SM
MD
LG