Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози сабқат барои дарёфти ҷоизаи ҳафтаномаи "Вечёрка"


Нахустин даври мусобиқоти анъанавии футбол барои дарёфти ҷоизаи ҳафтавори «Вечерний Душанбе» баргузор шуд. Раҳим Шарифов, сардовари ин мусобиқот ба Радиои Озодӣ гуфт, макони баргузории бозиҳо варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе интихоб шудааст.
Дар мусобиқаи 37-ум 20 даста дар ду гурӯҳ рақобат доранд.
Тибқи низомномаи мусобиқот, афзуд сардовар, 8 дастаи беҳтарини ҳарду гурӯҳ ба марҳилаи дуввуми мусобиқот роҳ меёбанд. Баъдан чаҳор даста дар бозиҳои нимниҳоӣ ширкат хоҳад кард. Ва барандаи ҷоизаи ҳафтавори «Вечерний Душанбе» дар бозии ниҳоӣ, ки 2 апрел баргузор хоҳад шуд, муайян мегардад. Дар айни ҳол, баъди натиҷагирии бозиҳои нахустин даври мусобиқот дар садри ҷадвали гурӯҳи «А» дастаҳои Донишгоҳи славян, «Гулистон» ва «Муродуллоҳ» ва дар гурӯҳи «Б» дастаҳои «Қазоқон»,«Роҳи абрешим», «Испечак» ва «Визион» қарор доранд. Ин дастаҳо дар даври аввали худ бар рақибони худ пирӯз шуданд.
Ва боз як хабар барои ҳаводорони футбол.
Бино ба иттилои Шавкат Аҳмадов, масъули Федератсияи футболи Тоҷикистон, марҳилаи аввали мусобиқоти анъанавии зимистона барои дарёфти ҷоизаи ёдбуди Рустам Долтабоев,нахустфутболбози тоҷик рӯзҳои 10 - 15 феврал дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Дар мусобиқот дастаҳои лигаҳои олӣ ва якум, ҳамчунин дастаҳои мунтахаби ҷавонону наврасони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Марҳилаи ниҳоии мусобиқот бо ширкати 8 дастаи беҳтарин охири моҳи феврал дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд.
Шавкат Аҳмадов ҳамчунин иттилоъ дод, ки сипас дастаҳои лигаи олӣ ва якум, ғолибони мусобиқоти вилоятӣ дар бозиҳои нахустин даври мусобиқоти Ҷоми футболи Тоҷикистон -2005, ки 15 ва 20 март баргузор мешаванд, ширкат хоҳанд кард. Ва ниҳоят баргузории нахустин даври мусобиқоти чаҳордаҳуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ дар таърихи 26 март дар назар дошта шудааст.
Нарзуллоҳи Латиф, Радиои Озодӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG