Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таъйини раҳбари нави тими миллии футбол


Шариф Назаров раҳбари дастаи миллии футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон, зимни таъйиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ин масъала дар кумитаи иҷроияи федератсияи мазкур баррасӣ гашт. Вай афзуд, Шариф Назаров, ки ҳамзамон ба дастаи лигаи олӣ «Авиатор»-и Бобоҷон Ғафуров сарварӣ мекунад, ҳамчунин раҳбари дастаҳои мунтахаби олимпӣ, ҷавонон ва наврасони футболи Тоҷикистон таъйин гашт.
Бори чаҳорум аст вазифаи раҳбарии тими миллии футболи Тоҷикистонро ин мураббии варзидаи 59-сола, ки дастовардҳои назарраси дастаи машҳури «Помир»-и Душанбе ба номи ӯ марбут аст, ба зимма мегирад. Ва аммо дастаи мунтахаби ин кишвар тӯли дувоздаҳ соли ахир ягон натиҷаи назаррас ба даст наовардааст. Ба иллати камбуди маблағ мунтахаби Тоҷикистон имкон надошт, ки ба бозиҳои интихобии мусобиқоти ҷаҳонӣ хуб омодагӣ бигирад. Коршиносони соҳа бар ин назаранд, ки ба хотири рушди футбол дар Тоҷикистон ва омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои мунтахаби ин кишвар ба мусобиқоти байналмилалӣ қабули як барномаи вижаи давлатӣ бо сармояи кофӣ зарур аст.
Нарзуллоҳи Латиф, Душанбе
XS
SM
MD
LG