Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи гургон ба сокини Бадахшон


Дар деҳоти дурдасти Бадахшон дар фасли сармо ба одамон дарафтодани гургон як ҳодисаи маъмулӣ мебошад, аммо дар фасли тобистон ва дар рӯзи равшан аз кӯҳдоман ба деҳа фаромадани гургон хеле кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ба манзили сокини деҳаи Питупи ноҳияи Ишкошим Манзура Мамадюнусова ҳуҷум овардани гург ҳамаро ба ҳайрат гузошт.
Ба гуфтаи сухангӯи Идораи умури дохилаи вилоят Фаромурз Фаромурзов, агар ҳамсояҳои Манзура Мамадюнусова каме таъхир мекарданд, гург ӯро ба ҳалокат мерасонд: "Ҳамсояҳои сокини деҳаи Питупи ноҳияи Ишкошим Манзура Мамадюнусова ба ёрии вай шитофта, онҳо ҳам захм бардоштанд. Манзура Мамадюнусова дар бемористон хобонида шуд."
Зимистони соли равон гургон ба чандин сокинони ин минтақа ҳамла оварда ва билохира як сокини деҳаи Ҷавшангози ноҳияи Роштқалъаро тӯъмаи худ карданд. Баъди ин ҳодиса Кумитаи ҳифзи табиати вилоят ба гургон ҷанг эълон намуд ва барои анҷоми бомувафаққияти муҳориба барои шикорчиён 25 ҳазор сомонӣ ҷудо кард.
Файзи Мирҳасан аз шаҳри Хоруғ
XS
SM
MD
LG