Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон омодаи барчидани минаҳои хеш аст


Ҳукумати Узбакистон изҳори омодагӣ кардааст, дар масъалаи поксозии минаҳои зидди нафари худ дар марз бо кишварҳои ҳамсоя ҳамкорӣ кунад. Бино ба иттилои маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон, ахиран дар нишасти Шӯрои доимии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Вена намояндаи ҳукумати Узбакистон таъкид кардааст, ки минаҳои зидди нафари худро, ки дар чанд соли ахир ба хотири амнияти қаламраваш, аз ҷумла барои ҷилавгирӣ аз вуруди эҳтимолии ҷангиёни Ҳаракати Исломии Узбакистон дар сарҳади ин кишвар гузошта шуда буд, бармечинад.
Парвиз Мавлонқулов - муовини раиси Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон 23 июн ба Радиои Озодӣ гуфт, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо онҳоро аз ин тасмими Узбакистон огоҳ кардааст: "Дар он ҷаласа намояндагони ҳукумати Узбакистон гуфтаанд, ки ин кишвар омода аст, бо давлатҳои ҳамсоя ва кишварҳои узви САҲА дар мавриди аз мина пок кардани сарҳади Узбакистону Тоҷикистон ҳамкорӣ кунад."
Ба қавли оқои Мавлонқулов, як ҳайъати вазорати хориҷаи Тоҷикистон масоили ҳуқуқии барчидани минаҳои Узбакистонро бо мақомоти марбутаи ин кишвар дар Тошканд баррасӣ доранд.
Бо мувофиқат ҳосил намудани ҷонибҳо Маркази миллии минарӯбии Тоҷикистон бо мақомоти масъули Узбакистон ба поксозии минаҳо дар марзи ду кишвар шурӯъ хоҳанд кард. Бино ба иттилоъи Кумитаи марзбонии Тоҷикистон, дар муддати 6 соли ахир бар асари инфиҷори минаҳои Узбакистон дар навоҳии марзии Тоҷикистон беш аз 60 нафар бо шумули хурдсолону занон кушта ва ҳудуди 100 нафар захмӣ гаштааст.
Мирзонабии Холиқзод аз шаҳри Душанбе
XS
SM
MD
LG