Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯйдодҳои муҳими имрӯз, 18 апрел


Имрӯз, 18 апрел, дар Маскав ҳамоиши дурӯзаи “Муколамаи Хазар -2011” ва дар Страссбург анҷумани низ дурӯзаи “Озодии Интернет: Аз аслҳо то паймони ҷаҳонӣ?” оғоз ба кор мекунанд.
Имрӯз, 18 апрел, парлумони Маҷористон ба тарҳи нави Қонуни асосии ин кишвар раъй хоҳад дод. Имрӯз сафари дурӯзаи раиси Куммиссиюни Аврупо Жозе Баррозо ба Украина шурӯъ мешавад. Имрӯз рӯзи дуввуми боздиди сарвазири Гурҷистон Николоз Гилаурӣ аз Итолиёст. Ва ҳам имрӯз, 18 апрел, дар Ню-Йорк исми барандагони ҷоизаи имсолаи Пулитсер, аз маъруфтарин ҷоизаҳои журналистиро эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG