Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи нахустин бозиҳои сабқати Лигаи олии Тоҷикистон


Рӯзи 13-уми апрел мусобиқоти XX қаҳрамонии Лигаи олии футболи Тоҷикистон оғоз ёфт.

Дар нахустин даври мусобиқот дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, қаҳрамони Тоҷикистон, дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии пойтахти кишвар бар тими “Энергетик”-и Душанбе бо ҳисоби 3:0 пирӯз шуд. Голҳоро Фатҳулло Фатҳуллоев, Иброҳим Рабимов ва Фарҳод Тоҳиров ба самар расониданд.

Қабл аз шурӯи ин бозӣ маросими кушоиши мусобиқот барпо гардид. Валерий Турсунов, ноиби президенти Федератсиюни футболи Тоҷикистон, ширкаткунандагони сабқат ва мухлисонро бо оғози мавсими нави футбол дар кишвар табрик гуфт. Сипас капитанҳои ҳар ду даста Юсуф Рабиев (“Истиқолол”) ва Сӯҳроб Мансуров (”Энергетик”) таҳти садои Суруди миллии Тоҷикистон Парчами давлатии кишварро барафрохтанд.

“Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода дар варзишгоҳи “Автомобилист”-и Душанбе тими “Шодмон”-и Ҳисорро бо ҳисоби 4:2 шикаст дод. Голҳои тими ғолибро Хуршед Маҳмудов, Нӯъмонҷон Ҳакимов, Баҳодур Шарифов ва Рустам Идрисов заданд. Ду голи “Шодмон”-ро Худойдод Нусратов ба нишон расонд.

“Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ тими “Вахш”-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:1 мағлуб сохт. Ду голи мизбононро Зокир Абдулхайров ва Фозил Сатторов вориди дарвозаи меҳмонон карданд. Як голи "Вахш" ба Сергей Абрамов мансуб аст.

Дар ду бозии дигари даври аввал, ки 14-уми апрел сурат мегирад, “Хайр”-и Ваҳдат бо “Хуҷанд”-и Хуҷанд ва ССКА “Помир”-и Душанбе бо “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Имсол дар сабқати лигаи олӣ 11 даста ҳунарнамоӣ мекунад. Ба 9 дастае, ки соли гузашта дар Лигаи олӣ бозӣ мекарданд, ду тими нав - “Шодмон”-и Ҳисор ва “Гвардия”-и Душанбе зам шудаанд. Мусобиқаи имсола аз чаҳор давра иборат аст.
XS
SM
MD
LG