Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ризоён: "Тоҷикистон нисбат ба Афғонистон сиёсати дигаре дошта наметавонад" ВИДЕО


Гурӯҳи тундрави "Толибон" моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукуматашро ба расмият нашинохтааст
Гурӯҳи тундрави "Толибон" моҳи августи соли 2021 қудратро дар Афғонистон ба даст гирифт, вале то ҳол ҳеч кишваре ҳукуматашро ба расмият нашинохтааст

​​​​​​​Афғонистон беш аз ду сол боз зери итоати “Толибон” аст. Душанбе шарти асосиро барои робита бо ин гурӯҳ ташкили ҳукумати фарогир медонад, вале ҳамчунон ба додугирифт бо онҳо идома медиҳад. Давлатҳои дигари ҳамсоя ва ҷаҳон аз “Толибон” ва Афғонистон чӣ мехоҳанд?

Сарнавишти ин кишвар ба куҷо мекашад? Посухи ин ва суолҳои дигарро аз Шералӣ Ризоён, таҳлилгар ва яке аз муаллифони китоби “Афғонистон то ва пас аз бозгашти Толибон” пурсидем.

Радиои Озодӣ: Аз назари Шумо чаро Афғонистон дар вазъе, ки 40 соли охир уфтодааст, дигар берун намешавад ё чаро бояд ин ҷуғрофиё майдони рақобати қудратҳои минтақаӣ ва ҷаҳонӣ бошад?

Шералӣ Ризоён: “Посух ба ин суол як арзёбии васеъро талаб мекунад, вале агар мо дар бораи омилҳои калидии ба чунин вазъ гирифтор шудани Афғонистон суҳбат кунем, пеш аз ҳама аз даст рафтани худи мудирияти равандҳои дохилӣ ва хеле барҷаста шудани таъсир ва нуфузи қудратҳои берунӣ аст. Зеро агар ба вазъияти панҷ даҳаи ахири ин кишвар нигоҳ кунем, ҳамеша омили хориҷӣ дар ин ҷуғрофиё муҳим будааст. Умуман, гурӯҳҳои сиёсие, ки дар ин кишвар будаанд, барои пирӯзӣ ва устувор кардани қудрати худ дар ин ҷуғрофиё ба омили хориҷӣ такя мекарданд. Бинобар ин, зиёд шудани таваҷҷуҳи як қудрати он замон, яъне Иттиҳоди Шӯравӣ ба таври табиӣ таваҷҷӯҳи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва шарикони дигарашро ба Афғонистон зиёд намуд ва ҳамин омил боиси аз контрол берун гардидани вазъ гардид. Яъне он чизе, ки оғоз шуда буд то кунун мушоҳида мешавад. То замоне ки мардум сарнавишти худро дар натиҷаи ба ҳам омадан ва эҷоди як андешаи муштараки барои ҳама мувофиқ муайян накунанд, ин ҷуғрофиё ба андешаи ман барои ҳамеша нуқтаи бархӯрди манфиатҳои роҳбурдии қудратҳои ҷаҳонӣ мемонад.”

Радиои Озодӣ: Чаро маҳз Афғонистон чунин як нуқта асту боқӣ мемонад?

Шералӣ Ризоён: “Дар гӯшаву канорҳои мухталифи ҷаҳон ин гуна буҳронҳо буданд, вале маҳз барои чӣ ин дар Афғонистон ба поён намерасад, худ як суоли боз аст. Давлатҳои мухталиф, агар ду қутби асосии он замонро бигирем, ҳам Амрико ва ҳам Иттиҳоди Шӯравӣ ба миллатсозӣ ва давлатсозӣ дар ҷуғрофиёи мухталиф даст заданд. Ҳам дар қораи Африқо ва ҳам дар кишварҳои гуногуни осиёӣ, ки то андозае муваффақ ҳам шуданд. Аммо тарҳи миллатсозиву давлатсозие, ки дар Афғонистон, дар аввали асри гузашта оғоз шуда буд, бо мудохилаи қудратҳои беруна, бо дарназардошти ҳамсоягӣ бо Иттиҳоди Шӯравӣ, баъдан рӯйи кор омадани Ҷумҳурии Исломӣ дар Эрон, сиёсатҳои Покистон ва рақобатҳояш бо Ҳиндустон ин ҷуғрофиёро ба майдоне табдил дод, ки ҳамсояҳои Афғонистон ва қудратҳои дуртар аз пайи манофеи худ дар ин кишвар шуданд. Ҳамеша талош бар ин буд, ки як қудрат қудрати дигаро даргир кунад ва бо истифода аз ин роҳбардҳои дарозмуддати худро амалӣ кунад.”

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки Афғонистон чун як кишвар шуд ва дар як ҷанги тӯлонӣ қарор дошт, интизор мерафт, ки музокироти сулҳ дар Давҳа ба натиҷа бирасад. Ғайриинтизори тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳодиса ба гунаи дигар шакл гирифту “Толибон” дубора ба қудрат расид. Чаро то кунун ҳеч кишваре ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият намешиносад, ҳарчанд дар сатҳу шаклҳои гуногун ҳамкорие бо онҳо доранд?

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Шералӣ Ризоён: “Ба ин суол аз чанд зовия посух додан мумкин аст. Нахуст аз нигоҳи қоидаҳое, ки дар тартиботи ҷаҳонӣ ва равобити байнулмилал аст. Яке аз шартҳои муҳими он пазируфтани баробарии кишварҳо, мудохила накардан ва риояи он аслҳое мебошад, ки дар равобити байнулмилал пазируфта шудаанд. “Толибон” ҳеч кадоме аз ин меъёрҳоеро, ки сад соли ахир дар равобити байнулмилал аз сӯйи кишварҳои мутамаддин риоя ва татбиқ мешаванд, қабул надоранд. Бинобар ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ низ омода нест, ки онҳоро ба унвони як қудрати машруъ дар Афғонистон бипазиранд. Ин як посухи то ҳадде меъёрие аст, ки мо аз тартиботи ҷаҳонӣ мебинем. Мушкили аслӣ ин аст, ки берун рафтани Амрико барои шарикону рақибони ин кишвар дар дарозмуддат як омили таъсирпазир гузошт. Ин кишвар метавонад бо чунин шеваи берун рафтан, бо харҷи маблағи хеле кам нуфузу таъсири худро дар ин ҷуғрофиё нигоҳ дорад. Ҳамчунин мушкилоти зиёде барои Русия ва барои Чину Эрону Покистон офарида шуд.”

Радиои Озодӣ: Дар ҷойе аз китоб ишора мекунед, ки ИМА бо ҳадафҳое, ки вориди Афғонистон шуд онҳоро то охир набурд ва бо нима гузоштани он аз ин кишвар берун мешавад. Чӣ чизе Амрикоро маҷбур кард, ки аҳдофашро дар нимараҳ бигузорад?

Шералӣ Ризоён: “Дар сад соли охир Афғонистон чор марҳилаи муосиршавӣ ва давлатсозиро пушти сар гузошт, ки мутаасифона ҳеч кадоме аз инҳо бомуваффақият набуд. Аз сӯйи дигар, Амрико тавонист бо ворид шудан ба Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои дигар дар онҳо ин равандро ба таври бисёр муосир ба роҳ монад. Аммо ҳузури густардаи Амрико, сармоягузории гуногуни созмонҳои иҷтимоӣ, сармоягузории ниҳодҳои гуногуни байнулмилалӣ барои мусоидат ба Афғонистон, ба назарам, онҳоро ба ин хулоса расонд, ки созмон додани типи давлати муосири миллӣ дар Афғонистон имкон надорад. Зеро ҳар қадар пуле, ки ба Афғонистон ворез мешуд, ҳамин қадар камтар манофеи ин давлат бароварда мешуд. Аз ин рӯ, дар суханрониҳои давлатмардони ин кишвар низ ин нукта садо медод, ки лоиҳаи давлатсозие, ки Амрико мехост дар Афғонистон татбиқ кунад, амалӣ нашуд. Ҳарчанд дар сатҳҳои мухталиф, аз қабили расонаҳои озод, созмонҳои бисёр фаъоли иҷтимоӣ дар Афғонистон сохта шуданд. Қудратгирии “Толибон” дар Кобул боиси ин шуд, ки тамоми он ниҳодҳои иҷтимоӣ, ки бояд истод мешуданду аз ҳуқуқу озодиҳои инсон, озодии сухан ҳимоя мекарданд, баробари берун рафтани нерӯҳои ғарбӣ, кишварро тарк карданд. Ин барои омӯхтани кишварҳои ҷаҳони сеюм як саволи муҳим низ ҳаст, ки барои чӣ дар эҷоди як давлати муосири миллӣ чунин мушкилиҳо ба вуҷуд меояд.”

ДУ ИНТИХОБ

Радиои Озодӣ: Яъне сиёсатгузориҳои нарм ва сармоягузориҳои зиёдеро, ки Ғарб карда буд, хато буд?

Шералӣ Ризоён: “Мо ду ҷойгузинро мебинем, ки ҳар ду дар як вақт ба таври бисёр васеъ амалӣ мешаванд. Ҷойгузини аввал он меъёрҳои идеалистие, ки гуфта мешавад: баробарӣ, озодии баён, ҳуқуқи инсон ва чизҳои бисёри дигар. Аз сӯйи дигар, сиёсати амалие ҳаст, ки бархоста аз диди манофеи миллӣ амалӣ мешавад. Агар аз нигоҳи манофеи миллии Амрико ба ин нигоҳ кунем, пас, маълум мешавад, ки Амрико ҳам барои шарикон ва ҳам рақибони худ як мушкилеро эҷод кард, ки онҳо ҳамеша аз ин нигарон мемонанд.”

Радиои Озодӣ: Дар робита ба ҳамин дидгоҳ, аз назари Шумо дар китоб, Русия пас аз ихроҷи неруҳои НАТО бо раҳбарии ИМА талош мекунад, ки контроли авзоъро дар Афғонистон пайдо кунад. То ҳоло Русия ба ин кор муваффақ нашудааст, дар оянда чӣ?

Шералӣ Ризоён: “Бино ба бардоштҳое, ки аз навиштаву мусоҳибаҳои коршиносони рус ҳосил шуд, онҳо аз ин хурсанд буданд, ки замоне Амрико дар Ветнам муваффақ нашуд, Иттиҳоди Шӯравӣ инро дар унсурҳои таблиғотии худ истифода мекард. Вақте Амрико ба ҳадде муваффақ шуд, ки Иттиҳоди Шӯравиро барои ворид шудан ба Афғонистон моил кунад ва ворид шуду дар ин ботлоқ фурӯ рафт ва ба обруву нуфузи байнулмилалии ин кишвар латмаи ҷиддие зада шуд, русҳо ҳамеша як пешфарзи бособиқае аз Афғонистон доштанд. Бештар ба ин назар буданд, ки барои муттаҳам кардани Амрико, барои он вазъе, ки ҳоло ҳаст, худро ба истилоҳ то андозае тавонбахшӣ карданду имиҷсозии худро тағйир медиҳанд. Вале Русия қудрате ҳаст, ки аз рӯзи аввали худсолор эълон шудани Афғонистон дар ин кишвар сиёсатҳои мухталифро амалӣ мекард, ки то имрӯз идома дорад. Аммо аз нигоҳи амалӣ манофеи Русия дар чист? Манофеи Русия, пеш аз ҳама дар боздоштани қудратҳои рақиби худаш дар Афғонистон аст. То куҷо муваффақ шудани Русия ва қудратҳои дигар дар Афғонистон як мавзӯи боз ҳам ҳаст. Ҳарчанд Амрико аз Афғонистон берун шуд, таъсиру нуфузаш боқист, ки ҳоло ҳеч қудрати дигаре инро надорад.”

“АГАР ШАРТҲОРО ПАЗИРАНД...”

Радиои Озодӣ: Замоне ки авзои Афғонистон буҳронитар мешуд, манзурам пеш аз суқут ва ҳатто баъд аз суқути Кобул, Русия кишварҳои ҳавзаи геополитикии худ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро қаноат медод, ки мо беҳтарин робитаро бо “Толибон” дорем. Яъне, авзоъ контролшаванда аст ва зиёд нигарони масоили амниятӣ набошед. Аз ҷумла намояндаи вижаи Русия дар Афғонистон Замир Кобулов дар як рӯз чанд бор изҳорот медод. Баъдтар дида шуд, ки замонатҳои Русия иҷроӣ набуд. Баъзе аз кишварҳо, аз ҷумла Узбекистону Туркманистон равобити мустақилонае ба роҳ монданд. Мавқеи Тоҷикистон тағйир накард. Ташкили ҳукумати фарогирро шарти аслии равобит эълон кард. Шумо ҳам дар ҷо – ҷое аз китоб ин сиёсатро дуруст мешуморед. Оё барои як кишвари ҳамсоя чунин мавзеъгирӣ дуруст аст?

Шералӣ Ризоён: “Дуруст аст, зеро мо ва дигар кишварҳои худсолор дар Осиёи Марказӣ аз рӯзҳои нахустини роҳандозии сиёсатҳои худ, зерматнҳои худро вориди он мекардем. Тоҷикистон ба мисли Узбекистону Туркманистон сиёсат ва рӯйкарди худро дар баробари Афғонистон аз ҳамон давра, аз солҳои навадум эҷод карда буд. Агар вазъро ба замони аввали ба қудрат расидани “Толибон” муқоиса кунем, маълум мешавад, ки мавқееро, ки Душанбеи расмӣ ҳоло дорад, баробар ба мавқее аст, ки соли 1996 доштем. Дар замони маъмурияти Карзайу Ғанӣ мавқеи Тоҷикистон тағйир накард ва он иборат аз ин буд, ки мо танҳо бо ҳукумати машруъ робита мекунем. Аз нигоҳи амалияи сиёсати байнулмилалӣ ин дурустарин сиёсат аст. Зеро пойбандии усулии кишвари моро ба арзишҳои сиёсати ҷаҳонӣ нишон медиҳад. Албатта, аз нигоҳи сиёсатҳои прагматик робитаҳое, ки Узбекистону Туркманистон роҳандозӣ кардаанд, шояд саволҳоеро халқ кунад. Аммо мо мебинем, ки аз Тоҷикистон дида барои ин ду кишвар, ки назари ниҳоят мусбат ба “Толибон” доранд, мушкиле халқ карда шуд, ки таъсири зистмуҳитӣ ва демографӣ дорад ва дар дарозмуддат метавонад таъсири ҷиддие ба иқтисоди ин кишварҳо гузорад.”

Радиои Озодӣ: Манзур канали “Қуштеппа” аст?

Шералӣ Ризоён: “Албатта.”

Радиои Озодӣ: Агар мавқеи кишварҳои минтақа ё қудратҳо нисбат ба Афғонистон тағйир кунад ё Русия “Толибон”-ро ба расмият бишносанд, Тоҷикистон маҷбур мешавад, ки мавзеъгирияшро дигар кунад?

Шералӣ Ризоён: “Ба расмият шинохтани “Толибон” шартҳои зиёд дорад. Ташкили ҳукумати фарогире, ки аз сӯйи Тоҷикистон бори нахуст 25-уми августи 2021 матраҳ шуда буд ва ҳамовозии густардае дар саросари дунё, аз ҷумла аз сӯйи сиёсатмадорони гуногун, пайдо кард, шартҳои худро дорад. Яъне ҳукумати фарогир, ҳукумате, ки аз сӯйи мардум интихоб шудааст. Агар ҳамин шартҳо риоят шаванд, ин маънои таҳаввул ёфтани худи “Толибон”-ро дорад.”

“ХИЛОФИ МАНОФЕИ МИЛЛӢ НЕСТ”

Радиои Озодӣ: Аммо сарфи назар аз ин шартҳое, ки эълон шудааст, хоҳу нохоҳ Тоҷикистон дар сатҳҳои гуногун равобите бо “Толибон” дорад, аз ҷумла фурӯши барқ, транзити молу коло, бозорҳои наздимарзӣ дар ВМКБ ва Хатлон. Ҳатто “Толибон” борҳо иддао карданд, ки консули Афғонистон дар Хоруғ фиристодаи онҳост ва бо онҳо кор мекунад. Оё ин намунаҳо як навъ шикастани ҳамин мавқеъ нест?

Лаҳзае аз суҳбати Иршод Сулаймонӣ бо Шералӣ Ризоён
Лаҳзае аз суҳбати Иршод Сулаймонӣ бо Шералӣ Ризоён

Шералӣ Ризоён: “Мо соли 2008 бо ширкати хариду фурӯши барқи Афғонистон шартномаеро барои 20 сол имзо кардем. Тибқи ин созишнома Тоҷикистон ба дӯш гирифта буд, ки марҳила ба марҳила бо боло бурдани қиммат ба ин кишвар барқ содирот мекунад. Ривояти расмие, ки дар Тоҷикистон аз сӯйи раҳбарияти кишвар садо медод, ин аст, ки мо ҳамеша аз унсури инсонии вазъ дар Афғонистон нигарон ҳастем ва омодаем, ки тамоми зерсохтҳои худро барои расондани ёриҳои гуманитарӣ дар ихтиёри ҳамаи тарафҳо бигузорем. Аз рӯйи ин ривоят, робитаҳое, ки аз замони ба қудрат расидани “Толибон” то ҳоло дорем ҳифзи равобити инсонӣ низ ҳаст. Зеро бахши аъзами маҳсулоте, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон содир мешавад ба мардуми одии ин кишвар нигаронида шудааст. Нуктаи дигари васеътар ин аст, ки Афғонистон дар дарозмуддат як бозоре аст, ки мо бояд барқи худро дар он ҷо бештар мефурӯшем.”

Радиои Озодӣ: Яъне, мехоҳед бигӯйед, ки ин сатҳи равобите, ки ҳоло дорем хилофи манофеи миллии Тоҷикистон нест?

Шералӣ Ризоён: “На танҳо хилофи манофеи миллӣ нест, балки мо барои ҳифзи бозорҳои худ дар оянда кор мекунем. Дар дунё кишварҳое ҳаст, ки даҳсолаҳо миёни худ мушкил доранд, аммо табиист, ки ширкатҳои тиҷоратӣ миёни худ равобитро ҳифз мекунанд.”

Радиои Озодӣ: Аммо Тоҷикистон ҳамеша нигарони авзои амниятӣ ҳаст. Хатари гурӯҳҳои террористие, ки дар Афғонистон ҷамъ омадаанд, аз ҷумла “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, ки гаҳ-гоҳе худро “Толибони Тоҷикистон” низ ном мебаранд, барои Тоҷикистон то куҷо ҷиддӣ ҳастанд? Сатҳи равобите, ки дорем метавонад ин хатарҳоро кам кунад?

Шералӣ Ризоён: “Он рӯйкарде, ки Тоҷикистон дар 28 моҳи охир амалӣ мекунад, чӣ чизро нишон медиҳад? Ҳаргиз масоили амниятӣ ва масоиле, ки ба суботу амният дар кишвари мо вобаста аст ба масоили иқтисодиву касби даромад баробар накардем. Соли 2021, пас аз ба қудрат расидани “Толибон” оморе нашр шуд, ки гуё тиҷорати Тоҷикистону Афғонистон 30 дар сад боло рафт. Аммо воқеият чӣ аст. Воқеият ин аст, ки аз соли 1997 то имрӯз тиҷорати мо солона ҳудуди 100 миллион долларо ташкил медод ва танҳо соли 2020, ки давраи ҳамагирии коронавирус буд ба 70 дар сад поин омада буд. Соли 2021 танҳо эҳёи дубораи он буд. Агар рӯйкарди мо рӯйкарди сирф иқтисодӣ ва манфиатталабона мебуд, мо имконоти бештари роҳандозии тиҷоратҳои бузургтарро бо Афғонистон дорем, ки накардем.”

Радиои Озодӣ: Ин эҳтимолро намебинед, ки дар оянда “Толибон” метавонанд ҳамин омил, яъне вуҷуди ин гурӯҳҳоро барои расидан ба баъзе аз ҳадафҳояшон дар муқобили Тоҷикистон истифода кунанд? Ба сифати як аҳруми фишор болои Тоҷикистон.

Шералӣ Ризоён: “Дар соли аввале, ки “Толибон” ба қудрат расиданд, дар сатҳҳои гуногун таҳдидҳо ба сӯйи Тоҷикистон аз ҷониби шахсиятҳои расмиву ғайрирасмии “Толибон” садо медод. Як вижагии низоми сиёсии Тоҷикистон ба андешаи ман ин аст, ки мо як навъ масунияте нисбат ба ҳама фишорҳо дорем ё пайдо кардем. Аз замоне ки Тоҷикистон ба истиқлол расид, фишору шантажҳои гуногуни сиёсии кишварҳоро пушти сар кардем, ном бурдан аз ин кишварҳоро лозим намедонам. Аммо аз сӯйи дигар Тоҷикистон ва давлатмардон ҳамеша нигаронии худро аз гурӯҳҳои экстремистӣ таъкид мекунанд.”

Навори суҳбатро дар инҷо бинед:

Чаро Афғонистон аз ҷангу буҳрон халос намешавад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:37:07 0:00

“ҒАЙРИ ҚОБИЛИ ПЕШБИНИСТ”

Радиои Озодӣ: Дар ҳоле ки дунё барои эътидоли вазъ дар Афғонистон талош мекунад, дар баробари ин ҳавзаҳову ҷабҳаҳои гуногуне алайҳи “Толибон” ташкил шудааст. Яке аз ҷабҳаҳои қавӣ, ки мардуми Афғонистон ва ҷаҳон аз он интизориҳои фаровоне доранд, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд аст. Оё Масъуди писар дар мубориза бо “Толибон” ба натиҷае мерасад?

Шералӣ Ризоён: “Хеле хуб медонед, ки давлатмардони ин кишвар Афғонистонро ҷомеае медонанд, ки ҳар лаҳза метавонад ҳар чизе тағйир ёбад. Ин кишвар ва равандҳои он ғайри қобили пешбиниянд. Аммо агар мо ба он ривояте, ки Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва шахсан худи Аҳмади Масъуд баён мекунад, бингарем, як ривояти хеле муосир аст. Ин аст, ки барои саодати мардуме, ки дар ин ҷуғрофиё зиндагӣ мекунанд, равона шудааст. То куҷо муваффақ будану набудани онҳо аз гаштҳое вобаста буд, ки мо дар сиёсати ҷаҳонӣ дида метавонем. Мутаассифона Афғонистон ва сиёсати Афғонистон дар ҳошияи сиёсати ҷаҳонӣ қарор дорад. Ҳамин омил яке аз сабабҳои калидии қавӣ шудани қудрати “Толибон” дар ин ҷуғрофиё аст. Шояд, агар дар сатҳи байнулмилалӣ, як дидгоҳе дар бораи ояндаи Афғонистон шакл гирад ва дар дохили Афғонистон рӯҳияи рақобатро эҷод карда тавонанд, ин ҷабҳа ва ҷабҳаҳои дигар шонсҳое барои амалӣ кардани барномаи худ доранд. Дар шароити имрӯз, ҳеч намунае аз пирӯзии ин ҷабҳа ба назар намерасад, зеро эҳсос мешавад, қудратҳои мухталифе, ки дар Афғонистон рақобат доранд, аз ин Ҷабҳа мехоҳанд истифодаи абзорӣ кунанд.”

Радиои Озодӣ: Тоҷикистон ба ҷуз ин ки як кишвари ҳамсояи Афғонистон асту нигарони таҳдидҳои амниятӣ, боз кишвари ҳамзабону ҳамфарҳангу ҳамдин низ ҳаст. Бо мардуми ин кишвар дар гузашта давлатҳои муштарак дошт ва табиист, ки ҳадафҳои тамаддуние низ дорад. Ҳарчанд ҳоло дақиқу расмӣ нест, ба таври ғайрирасмӣ гуфта мешавад, ки Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар Тоҷикистон панаҳ бурдааст. Оё ин дар оянда мушкиле барои Тоҷикистон эҷод намекунад?

Шералӣ Ризоён: “Наметавонад, зеро қудратҳои мухталиф аз унсурҳои гуногун ва аз захираҳои сиёсати хориҷие, ки доранд ҳамеша истифода мекунанд. Ин як қоидаи умумӣ дар арсаи байнулмилалӣ ва таҷрибаи нодир низ мебошад. Вале бо дарназардошти он тавонмандиҳое, ки мо дорем, албатта ин як ҷасорат аст. Амалан, ҳам аз нигоҳи арзишӣ ва ҳам аз нигоҳи тамаддунӣ, Тоҷикистон наметавонад сиёсати дигаре нисбат ба Афғонистон дошта бошад. Иқтисодмеҳвар кардани сиёсат нисбат ба Афғонистон наметавонад моро барои расидан ба саодат кумак кунад. Зеро мо дар баробари манофеи сиёсиву амниятӣ боз баъзе масъулиятҳои инсонӣ ҳам дорем. Хеле рамзӣ буд, ки роҳбарии олии Тоҷикистон дар марҳилаи бисёр ҳассос барои мардум, хусусан барои тоҷикони Афғонистон, ба устод Раббонӣ ва Аҳмадшоҳ Масъуд орденҳои баландтарини давлатиро тақдим кард ва ин як навъ паём барои қудратҳое буд, ки мехостанд сиёсати Тоҷикистонро тағйир диҳанд.”

ЧИН ВА СЕ “ИЗМ”

Радиои Озодӣ: Чин аз ҳамкорони муҳими “Толибон” аст. Дар ин авохир нахустин кишваре шуд, ки эътимодномаи фиристодаи ин гурӯҳро пазируфт. Оё кореро, ки Чин кард, метавонад оғози як давраи барасмиятшиносии “Толибон” бошад?

Шералӣ Ризоён: “Ба таври дақиқ пешбинӣ кардани ин ки ҳамин омил ба чӣ оварда мерасонад, бисёр мушкил аст. Зеро чунин амалкард ба ривояти расмии худи Чин мухолиф аст. Чин, маъмулан бо се изм: экстремизм, сепартизм ва терроризм мубориза мебарад. Шояд тарс аз гурӯҳҳои ҷангҷӯйе, ки бо номи Туркистони шарқӣ, ки ӯйғурҳои чинӣ шомили он ҳастанд болотар аз баъзе қавонини сиёсати байналмилалӣ ҷо гирифта бошад. Шояд Чин бо ин роҳ мехоҳад пойгоҳҳои ин ҳаракатро дар Афғонистон коҳиш диҳад. Аммо пас аз оғози ҷанг дар Украина мушоҳида мекунем, ки худи Чин низ баъзе даъвоҳоро дар ҷуғрофиёи паҳни “Камарбанд ва роҳ” пеш меорад, вале Чин наметавонад аз аслҳои сиёсати байнулмилалӣ даст кашад.”

Радиои Озодӣ: Яъне ин танҳо як “ҷасорат”-и Чин мемонад?

Шералӣ Ризоён: “Ин ҷасорат ҳам нест, танҳо истифодаи абзорӣ аз “Толибон” барои баъзе аз корҳо аст. Азбаски Чин як кишвари манифатмеҳвар ва босибақаи чандҳазорсолаи давлатдорӣ аст баъзе паёмҳоро ба қутбҳои мухталиф мефиристад, аммо ҳар кишваре, ки “Толибон”-ро ба расмият бишносад, эҳтимоли алайҳи ӯ ҷорӣ шудани таҳримҳои байнулмилаӣ вуҷуд дорад, ки ҳоло касе қодир нест бипазирад.”

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG