Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳа, Шӯро, Ҳизб... Аз даъвоҳои бузург то парешонии мухолифони "Толибон"


Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон то кунун наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гуруҳ дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд
Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон то кунун наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гуруҳ дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд

Ҳузури мухолифони "Толибон" дар нишастҳои гуногун дар Маскаву Душанбе ва Вена ва таъкиди онҳо ба мубориза дар ҳолест, ки худи онҳо ба парешонӣ муттаҳам ҳастанд ва зиёда аз ду сол боз наметавонанд ба ҳам биоянд.

"Толибон", баръакс, тадриҷан бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон дар сатҳҳои гуногун равобит барқарор мекунанд. Чин нахустин кишваре шуд, ки эътимодномаи фиристодаи онҳоро пазируфт.

Ҷабҳаву ҳавзаҳо

Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон (дар моҳи августи соли 2021) то кунун наздик ба даҳ ҳаракату ҷабҳаи муқовимати зидди ин гуруҳ асосан дар хориҷи ин кишвар аз худ хабар додаанд.

  • Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳ Масъуд, дар ҳоли ҳозир аз ҳавзаи бузургтарини муқовимати низомӣ дар баробари "Толибон" гуфта мешавад. Худи ӯ рӯзи 3-юми декабри имсол дар нишасти серӯзаи мухолифони "Толибон" дар Вена (Австрия) паём дод, ки "бар эҷоди як оппозитсиюни муттаҳиди қавӣ" тамаркуз кардаанд. Ин ҷабҳа дар нахустин рӯзҳои суқути Кобул дар Панҷшер эълони ҳузур карда, дар вилоятҳои Бадахшону Тахор, Панҷшер, Парвон, Кописо, Бағлон, Кундуз ва баъзе вилоятҳои дигари шимолу шарқ амалиёти низомии чирикӣ анҷом додааст.
  • Ҷабҳаи озодии Афғонистон ба раҳбарии Ёсин Зиё, муовини пешини раиси Шӯрои амнияти Афғонистон, таъсис шудааст.
  • Шӯрои муқовимати миллӣ барои наҷоти Афғонистон ҷабҳаи умдаи сиёсии мухолифони "Толибон" аст, ки чеҳраҳоеро ба монанди Юнус Қонунӣ, Атомуҳаммади Нур, Салоҳиддин Раббонӣ, Абдурашид Дӯстум, Муҳаммад Исмоилхон ва дигарон гирди ҳам овардааст. Ин Шӯро ба ташкили ҳукумати фарогир, ҳузури одилонаи ҳамаи қавмҳо дар қудрат ва интихоботи озод дар Афғонистон таъкид мекунад.
  • “Ҳизби адолат ва озодии Афғонистон”, ки онро Сарвар Дониш, муовини дуюми Ашраф Ғанӣ, моҳи октябри соли 2022 таъсис дод, меҳвари аслии корашро “мубориза бо "Толибон" ва эҷоди ҷумҳурии федеролӣ” номидааст.
  • “Ҳаракати миллии сулҳ ва адолат”-ро Ҳаниф Атмар, вазири корҳои хориҷӣ ва раиси пешини амнияти миллии Афғонистон, моҳи октябри 2022 созмон дод. Ҳадафи онро “эҷоди давлати машруъ бар асоси раъйи мардум” донист, аммо баён кард, ки “ба ҷанг эътиқод надорад”.
  • “Ҷабҳаи муттаҳиди Афғонистон” ба роҳбарии Самеъ Содот, фармондеҳи пешини нерӯҳои вижаи артиши Афғонистон, ниҳоди нави зидди "Толибон", дар моҳи октябри имсол дар Амрико бунёдгузорӣ шуд. Ҳадафшро “раҳоии Афғонистон аз ишғоли "Толибон" ва берун рондани гурӯҳҳои ифротӣ” гуфтанд.

"Толибон" мухолифони худро “муҳраҳои сӯхта” ва “чеҳраҳои имтиҳондода” меноманд ва бо назардошти парокандагии ин нерӯҳо таҳлилгарон онро дар мубориза бо гуруҳи ҳоким дар Афғонистон ноком медонанд.

Чаро муттаҳид намешаванд?

Раҳматуллоҳ Набил, раиси пешини амнияти миллии Афғонистон, дар нишасти “Гуфтугӯҳои амниятии Ҳирот” 28-уми ноябр дар Душанбе изҳори таассуф кард, ки “набудани шаффофият, биниш ва иҷмои назар дар миёни оппозитсиюн ва дар кул ҷаҳон, ба "Толибон" иҷоза додааст, то қудрати худро тасбит кунад”.

Баъзе аз таҳлилгарон иллати парокандагии мухолифонро ба бархӯрди кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пайванд медиҳанд.

Аҳмад Бориз
Аҳмад Бориз

Аҳмад Бориз, масъули Маркази мутолеоти роҳбурдии Афғонистон ва Осиёи Марказӣ дар Бритониё, мегӯяд, ҷудо аз нишастҳои расмие, ки баргузор мешаванд, дар сатҳи ғайрирасмӣ рақобатҳои печидаву мармузе дар ҷараён аст, ки баъзе аз қудратҳо дар як барномаи амниятӣ дунболи аҳдофи худ ҳастанд. Ба назари ӯ, ин аз як сӯ аломати мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтани мухолифони "Толибон" аст, вале аз сӯйи дигар иттиҳоди онҳоро душвортар мекунад.

Шералӣ Ризоён, коршиноси равобити байнулмилал аз Тоҷикистон, далелҳои нокомии ин ҷабҳаҳоро ба чанд омил вобаста медонад. Ӯ мегӯяд, “вазъ дар Афғонистон ғайриқобили пешбинӣ аст" ва қазоват перомуни “муваффақ нагардидани мухолифони "Толибон" андешаи замонӣ аст".

“Аслитарин мушкили гурӯҳу ҳаракатҳои мухолифи "Толибон" надоштани андешаи муштарак аст. Онҳо натавонистанд ба ҳам оянд ва ба мардуми худ ҷойгузини воқеӣ ва мушаххасро дар баробари андеша ва амалкарди Толибон пешкаш кунанд. Гуфтумон перомуни ҷомеаи демократӣ ва озод, фаъолияти ниҳодҳои қавии ҷомеаи шаҳрвандӣ бе заминаи иҷтимоӣ будани худро нишон дод. Тобистони соли 2021 намояндагони ин қишр гурӯҳ-гурӯҳ ба хориҷ гурехтанд”, -- мегӯяд Ризоён.

Омилҳое чун аз даст додани обрӯ ва нуфузи собиқа миёни чеҳраҳое, ки ҳоло ҳаракатҳои муборизотиро таъсис додаанд ва “хасташавӣ аз ҷанг”-ро низ Ризоён далеле барои муттаҳид нашудани мухолифони "Толибон" медонад.

Ҳарчанд мухолифони "Толибон" фаъолияти худро аз берун идома медиҳанд, то кунун ҳеч кишваре пуштибониро аз онҳо матраҳ накардааст. Муқовимати аввали давлати Бурҳониддин Раббониву Аҳмадшоҳ Масъуд алайҳи "Толибон" дар ҳукумати аввали ин гурӯҳ замоне ба натиҷа расид, ки ҳаводиси 11-уми сентябри Амрико иттифоқ уфтод ва Амрико дар раъси нерӯҳои байнулмилалӣ аз ин ҳавзаҳои муқовимат ҳимоят кард.

Беҳимоятӣ ё худхоҳиву шахспарастӣ?

Шералӣ Ризоён
Шералӣ Ризоён

Шералӣ Ризоён камаҳамиятии муборизаи мухолифони "Толибон"-ро аз диди омили хориҷӣ низ амри муҳиме дар шакл нагирифтани муқовимати муштараки сиёсиву низомӣ донист ва таъкид кард, ки таърихи ҷангҳои Афғонистон баёнгари он аст, ки ҷонибдории амиқи қудрате барои пирӯзӣ ва ҳукумат кардан дар ин кишвар калидӣ будааст.

“Аз нигоҳи амалӣ ҳомиёни хориҷии "Толибон" назар ба мухолифони онҳо бештаранд ва кишварҳои гуногун чунин роҳбурдро амалӣ мекунанд”, - мегӯяд ин коршиноси тоҷик.

Залмай Халилзод, фиристодаи пешини вижаи Амрико барои Афғонистон низ, чанде пештар гуфта буд, ки "агар фикр мекунанд, дунё боз меояду "Толибон"-ро аз байн мебараду ба инҳо туфангу муҳофиз медиҳад, иштибоҳ мекунанд, ин рӯзҳо гузашт.”

Тахмин зада мешавад, ки агар "Толибон" ба пешниҳодҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ посухи мусбат надиҳанду бистари гарми гурӯҳҳои ифротӣ бимонанд, шояд таваҷҷуҳи кишварҳо ба ҳавзаву ҳаракатҳои мухолиф зиёд ва амалӣ шавад. Аммо Шералӣ Ризоён мегӯяд, вазъ дар ҳоле тағйир ёфта метавонад, ки агар масоили Афғонистон аз ҳошияи сиёсати ҷаҳонӣ ба меҳвари он наздик шавад.

Сарфи назар аз мухолифатҳои дохилӣ дар миёни рақибони "Толибон", ҳоло таваҷҷӯҳ ба далелҳои номуттаҳидӣ миёни онҳо зиёд мешавад. Ахиран, паз аз нишасти Душанбе нашрияи “Foreign policy” таҳлилеро бо номи “Душманони "Толибон” сари ҳеч чизе ба тавофуқ намерасанд” нашр кард. Муаллиф “надоштани идеяҳои мушаххас, худхоҳӣ, шахспарастӣ ва болотар аз ояндаи кишвари харобшудаи худ гузоштани ҷоҳталабиҳои инфиродиро”-ро аз далелҳои ба ҳам наомадани мухолифон донистааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG