Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навор аз бозоре дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон


Навор аз бозоре дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:39 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Бозори наздимарзии Тоҷикистону Афғонистон дигарбора ба кор сар кард, аммо акнун зери назорати сахттар.

Ҳар рӯзи шанбе дар Ишкошими Тоҷикистон мардуми зиёде аз Тоҷикистон ва Афғонистон ҷамъ омада, харидуфӯш мекунанд.

Бозори наздимарзии ин ноҳия ба мисли бозорҳои дигари ҳамсон баъди ба сари қудрат омадани "Толибон" баста шуда буд. Онро моҳи сентябри имсол бо дастури президенти Тоҷикистон фаъол кардаанд.

Тоҷикистон борҳо гуфта, ки ҳукумати "Толибон"-ро эътироф намекунад. Дар бозкушоии бозор мансабдорони тоҷик бо намояндагони "Толибон" гуфтушунид карданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳадаф аз кушодани бозор ёрӣ ба мардуми одии ду тарафи сарҳад аст.

Ҳоло дар бозор шумораи низомиён бештар аст. Савдогарони афғонистониро дар чанд посгоҳ тафтиш мекунанд.

XS
SM
MD
LG