Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳуқуқдони тоҷик шарҳ дод, киро ба артиш мебаранд, киро не. ВИДЕО


Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”

Моҳи январ дар Тоҷикистон қонуни нави хизмати ҳарбӣ қабул шуд, ки минбаъд даъват ба артиш бар асоси он сурат мегирад.

Ин қонун бори аввал дар Тоҷикистон хизмати пулакиро пешбинӣ кард. Вале даъвати баҳорӣ суолҳои зиёдеро дар бораи қонуни нави хизмати ҳарбӣ ба миён овард. Аз ҷумла инки тақдири донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил кардаанд, чӣ мешавад? Ё инки магистр ва муҳассилини риштаи доктори илм оё ба артиш ҷалб мешаванд, ё не? Муҳимтар аз ин, оё қонуни нав метавонад сарбозшикор, ё “облава”-ро аз миён барад?

Ҳамарӯза корбарони зиёди Радиои Озодӣ барои дарёфти суолҳои худ дар бораи қонуни нав ба мо менависанд. Ин суолҳоро мо бо Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” матраҳ кардем.

Видеоро ин ҷо тамошо кунед.

Ҳуқуқдони тоҷик шарҳ дод, киро ба артиш мебаранд, киро не.
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:24:19 0:00

Навгониҳои баҳсталаб дар қонун

Дилрабо Самадова: Қонун навгониҳои зиёд дорад. Аз ҷумла як намуди хизматро пешбинӣ кардааст, ки шаҳрвандон ҳуқуқ доранд, бар ивази супурдани маблағ омодагии ҳарбиро дар муҳлати як моҳ гузаранд. Қонун ҳамчунин пешбинӣ мекунад, ки волидайн метавонад дар бақайдгирии фарзандони ноболиғашон дар синни 16-солагӣ ширкат кунанд. Қонуни нав сафи пизишконро, ки бояд муоинаи тиббиро гузаронанд зиёд кардааст, ки ин ҳам ба фоидаи кор ва ба фоидаи ҳуқуқи шаҳрвандон мебошад. Лекин якчанд навгониҳое ҳастанд, ки баҳсталабанд ва суолҳоеро ба миён овардааст.

Кӣ ҳуқуқ ба таъхирро гум кардааст?

Радиои Озодӣ: Бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ пурсидаанд, ки бар асоси қонуни нав ҷалби магистрҳо дар давраи таҳсилашон ба артиш оё мумкин аст? ​

Дилрабо Самадова: Мо ин суолҳоро чанд маротиба ба мақомотҳои дахлдор аз ҷумла Додситонии ҳарбӣ ва Вазорати мудофиа навиштем ва то ҳол ҷавоб дақиқ нагирифтем. Лекин аз нуқтаи назари қонун мо ҳуқуқшиносон меҳисобем, ки он магистроне, ки моҳи сентябри соли гузашта таҳсилро оғоз карданду, даъвати худро ба таъхир ба расмият даровардаанд, набояд дар даъвати баҳории соли 2021 даъват шаванд. Чунки онҳо аллакай барои як сол ҳуқуқи ба таъхир андохтани даъватро гирифта буданд. Лекин қонунгузорӣ пешбинӣ кардааст, ки магистрҳо, докторантҳо, аспирантҳо ҳатто нигоҳ накарда, ба онки онҳо дар давраи хониш ҳастанд, метавонанд даъват карда шаванд. Яъне онҳо ҳуқуқ ба таъхирро гум карданд.

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. 6-уми апрели 2021
Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе. 6-уми апрели 2021

Радиои Озодӣ: Бархе магистрҳо аз ҷумла аз Донишкадаи санъат шикоят карданд, ки онҳоро ба маҷлис даъват карда, рост ба комисариат бурданд. Оё чунин тарзи даъват аз нигоҳи қонун дуруст аст?

Дилрабо Самадова: Даъват ба артиш бояд дар асоси қонун сурат гирад. Масалан, агар ман ҳуқуқ ба озодшавӣ аз хизмат надошта бошам, маънои онро надорад, ки маро бо ҳар роҳҳои дилхоҳ ба хизмат бурда метавонанд. Дуруст, ки магистрҳо ҳуқуқ ба таъхир надоранд, лекин комисариати ҳарбӣ бояд талаботи қонунро оид ба раванди даъват риоя кунад.​

Сарбозон чигуна ба артиш бояд ҷалб шаванд?

Радиои Озодӣ: Ин талабот чигуна аст?

Дилрабо Самадова: Бояд, ки ба манзили ҷавон даъватнома бурда расонанд. Пас аз имзои даъватнома ҷавон уҳдадор мешавад, ки ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. Бо ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла ҳуҷҷатҳои тиббӣ, ба комисариати ҳарбӣ омада, аз муоинаи пизишк гузашта, саломатиашро санҷад. Агар пизишкон эътироф кунанд, ки вай қобили хизмати ҳарбӣ аст, пас ҳамон ҷавон метавонад ки даъватномаи навро гирифта, бо пайвандонаш хайрухуш карда, барои сафарбарӣ ба артиш омода шавад. Аммо дар маҷлис ҷамъ карда, бе расондани даъватнома ба даъватшаванда, ӯро ба хизмат бурдан мумкин нест.​

Тақдири докторантҳо чӣ мешавад?

Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Дилрабо Самадова
Лаҳзае аз суҳбати Муллораҷаб Юсуфӣ бо Дилрабо Самадова

Радиои Озодӣ: Як норӯшании дигар ба артиш ҷалб шудани онҳое мебошад, ки дар риштаи доктор PHD таҳсил мекунанд ё аллакай доктор PHD ҳастанд. Лутфан рӯшанӣ меандохтед, ки бар асоси қонуни нав кадом гуруҳи онҳоро ба артиш ҷалб кардан мумкин аст ва кадом гуруҳашонро не.​

Дилрабо Самадова: Қонун на ба магистрҳо ва на ба докторантҳо ҳуқуқ барои ба таъхир гузоштан (отсрочка) аз хизмати ҳарбиро пешбинӣ накардааст. Ҳамаи онҳо даъват мешаванд. Агар унвони докториро гиранд, пас аз он ҳуқуқ ба озодшавӣ аз хизмати ҳарбиро доранд. Яъне, дар он ҳолат хоҳад, рафта хизмат мекунад, нахоҳад ҳуқуқ дорад, ки наравад. Аммо таъкид мекунам пас аз гирифтани унвони докторӣ, дар давраи хониш онҳо даъват мешаванд.​

“Дар кафедраи ҳарбӣ соҳиби билет ва рутбаи низомӣ намешаванд”

Маъракаи сафарбарии ҷавонон ба артиш. Акс аз соли 2019
Маъракаи сафарбарии ҷавонон ба артиш. Акс аз соли 2019

Радиои Озодӣ: Қисми асосии суолҳое, ки ба мо мерасанд аз донишҷӯёне мебошанд, ки дар кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳо таҳсил мекунанд. Донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд, то ин вақт ҳақ доштанд, баъди анҷоми таҳсил як моҳ давраи омодагиро гузашта, соҳиби билети ҳарбӣ ва рутбаи лейтенанти хурд шаванд. Қонуни нав барои донишҷӯёне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд, чӣ муқарраротро пешбинӣ кардааст?​

Дилрабо Самадова: Дар асоси қонунгузорӣ ҳамаи хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ бояд як сол хизмат карда, пас аз он соҳиби рутбаю билети ҳарбӣ шаванд. Агар вай хизмат накунад, пас аз хатми кафедраи ҳарбӣ умуман рутба намегирад. Рутбаи афсариро танҳо пас аз хизмати ҳарбӣ сохиб шуда метавонанд. Лекин агар дар вақти хизмат дастовард дошта бошад метавонад бо рутбаи афсарӣ соҳиб шавад.

Радиои Озодӣ: Яъне баъди хатми донишгоҳ ва таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ ҷавон ҳатман бояд дар артиш хизмат кунад?

Дилрабо Самадова: Бояд ҳатман равад. Ҳамчун шаҳрвандоне, ки кафедраҳои ҳарбиро хатм накардаанд, бо асосҳои умумӣ ӯро даъват мекунанд. Он донишҷӯёне, ки дар шӯъбаи рӯзонаи донишгоҳҳо таҳсил мекунанд, дар давраи таҳсил даъват намешаванд. Танҳо пас аз хатми донишгоҳ ва содир шудани фармони ректор дар бораи хатм онҳо ба рӯйхати даъватшавандагон дохил карда мешаванд. Ҳам бо хатми кафедраи ҳарбӣ ва бе он муҳлати ҳарбӣ 12 моҳ аст.

“Масъалаи маблағ пурра рӯшан нест”

Билети ҳарбӣ. Акс аз "Азия-Плюс"
Билети ҳарбӣ. Акс аз "Азия-Плюс"

Радиои Озодӣ: Як корбари Радиои Озодӣ чунин суол навиштааст: ман дар соли чорум ё курси 4-уми донишкада таҳсил мекунам. Оё метавонам бо пардохт кардани маблағ аз хизмати ҳарбӣ озод шавам?

Дилрабо Самадова: Ин ҳам як суоли аҷибе аст. Оид ба пардохти маблағ мо ҳам суолҳои зиёде мегирем. Дар қонунгузорӣ пешбинӣ карда шудааст, ки тарзи даъвати шаҳрвандон ва миқдори маблағе, ки метавонед онро супорида хизмати якмоҳа гузаред, дар асоси қарори ҳукумат муқаррар карда мешавад. Лекин то ҳол қарори ҳукумат қабул карда нашудааст ва ман наметавонам пешакӣ ягон равшанӣ андозам, ё ягон машварат диҳам. Вале ин ҳуқуқ аст ва ҳар шахс метавонад ин навъ хизматро интихоб карда гузарад.​

“Ман аз мавқеи сусти Вазорати маориф ҳайронам”

Радиои Озодӣ: Баъзе донишҷӯён пурсидаанд, онҳо барои таҳсил дар кафедраи ҳарбӣ бо донишгоҳ шартнома доранд? Агар донишҷӯён баъди хатми кафедраи ҳарбӣ билети ҳарбӣ намегиранд, пас тақдири шартнома чӣ мешавад?

Дилрабо Самадова: Ин масъаларо бояд бо худи донишгоҳ ва Вазорати маориф суҳбат кард. Мо аз мавқеи сусти Вазорати маориф дар ҳайрат ҳастем. Мебоист, ки Вазорати маориф ҳадди ақал донишҷӯёни докторантураро ҳифз карда, онҳоро аз илм дур намекард. Инчунин он нафароне, ки дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд ва маблағи донишгоҳро пардохт кардаанд, бояд онҳо то охир хонда, хатм мекарданд. Қонуни нав танҳо нисбати донишҷуёне, ки пас аз қабули қонун ба кафедраҳои ҳарбӣ дохил шудаанд, татбиқ мешавад. Аз нуқтаи назари ҳуқуқи инсон бояд ҳаминхел мешуд. Лекин қувваи қонун назар ба шартнома болотар аст ва донишҷӯён метавонанд нисбати вайрон шудани шартнома оид ба таҳсил дар кафедраҳои ҳарбӣ ва маҳрум шудан аз билетҳои ҳарбӣ ба донишгоҳ муроҷиат кунанд.

Радиои Озодӣ: Шумо фикр мекунед озод нашудани докторантҳо аз хизмат дар артиш ба хотири мавқеи сусти Вазорати маориф буд?

Дилрабо Самадова: Фикр мекунам, бале. Чунки инҳо донишҷӯён ҳастанд.

Радиои Озодӣ: Як корбари Радиои Озодӣ пурсидааст: Ман дар курси 5 дар донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ, факултети омодагии дифои ҳарбӣ таҳсил дорам. Оё ба ман рутбаи ҳарбӣ медиҳанд ё не?

Дилрабо Самадова: Агар дар назар дошта бошанд, ки баъд аз хатми кафедраи ҳарбӣ то дар артиш хизмат накунанд, не.

Донишҷӯёни дармонда ба артиш ҷалб мешаванд?

Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки натавонист ба макони таҳсил ҳозир шаванд
Гуруҳе аз донишҷӯёни тоҷик, ки натавонист ба макони таҳсил ҳозир шаванд

Радиои Озодӣ: Тақдири донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ таҳсил мекунанд, вале бо сабаби баста будани роҳҳо дар давраи пандемия натавонистанд ба макони таҳсилашон раванд, чӣ мешавад? Оё ҷалби онҳо ба хизмат мумкин аст?

Дилрабо Самадова: Соли гузашта Вазорати мудофиа ба ин суолҳо посух дода буд. Гуфта буданд, ки агар аз донишгоҳ маълумотнома оранд, ки донишҷӯ то ҳол дар он таҳсил дорад, онҳоро ба артиш даъват намекунанд. Новобаста аз онки вай фосилавӣ таҳсил мекунад ё не. Агар хориҷ нашуда бошад. Ҳозир донишҷӯён шикоят карда истодаанд, ки нархи чиптаҳо гарон асту онҳо рафта наметавонанд. Аммо донишгоҳ талаб карда истодааст, ки бояд ба макони таҳсил ҳозир шаванд. Агар онҳо хориҷ шаванд, аллакай ҳуқуқи донишҷӯиро аз даст медиҳанду метавонанд, ки онҳоро даъват кунанд.​

Норӯшаниҳо дар бораи пули хизмат

Радиои Озодӣ: Бисёре аз корбарони Радиои Озодӣ дар бораи ҳаҷми маблағ барои озод шудан аз хизмати ҳарбӣ мепурсанд. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон расман ҳаҷми ин маблағро эълон накардааст. Масъулини Вазорат гуфтанд, баъди мувофиқа бо ҳама вазорату идораҳо ва тасдиқ шудани он аз ҷониби ҳукумат ҳаҷми маблағ эълон хоҳад шуд. Дилрабо Самадова мехостам дар бораи маблағ каме равшанӣ меандохтед. Киҳо метавонанд бо супурдани маблағ аз хизмат дар артиш озод шаванд?​

Дилрабо Самадова: Афсӯс, ки ин ҳам ҳоло дақиқ нест. Чунки дар қонунгузорӣ гуфта шудааст, ки ин масъалаҳоро бояд қарори ҳукумат аниқ кунад. Дар қонун танҳо омадааст, ки як суратҳисоби махсус кушода мешавад, ки бояд пардохтҳоро онҷо гузаронанд. Лекин кӣ ҳуқуқ дорад ба ин намуд хизмат ҳоло маълум нест.

Радиои Озодӣ: Ҳатто маълум нест, ки пуле, ки ҷавонон бо супурдани он аз хизмат озод мешаванд, ба куҷо равона мешавад?

Дилрабо Самадова: Афсӯс, ки не. Вале ман умедворам, ки ин маблағ ба артиш мераваду барои беҳтар кардани шароити хизмат сарф мешавад ва барои гузаштан ба артиши шартномавӣ як қадам мешавад. Умедворам, ки ин нукта дар қарори ҳукумат аниқ мешавад.​

Радиои Озодӣ: Онҳое ки маблағ месупоранд бояд як моҳ давраи омодагии ҳарбиро паси сар кунанд. Оё қонун мушаххас кардааст, ки як моҳ ба чӣ шакле мегузарад?​

Дилрабо Самадова: Ягон маълумоти кофӣ нест. Мо метавонем дар робита ба қонуни нав суолҳои зиёде гузорем. Аз ҷумла инки дар куҷо онҳо хизмат мекунанд, кадом афсарон онҳоро тарбия мекунанд, миқдорашон чанд нафар мешавад? Чун агар мо 600 ҳазор ҷавонони синни даъватӣ дошта бошем, ҳамагӣ 15-16 ҳазори онҳо даъват мешаванд. То 200 ҳазори дигар асосҳо барои озодшавӣ ва ба таъхир гузоштанро дошта бошанд, маънои онро дорад, ки боқимонда наздики 300 ҳазор оё ба хизмати пулакӣ ҳуқуқ доранд, ё не? Дар кадом қисмҳои ҳарбӣ ё ҷойҳои махсус давраи омодагиро мегузаранд? Суолҳо бисёр ҳастанд ва инро бояд қарори ҳукумат муқаррар кунад.​

“Қонуни нав барои аз байн бурдани облава шароит фароҳам накард”

Радиои Озодӣ: Ҳамасола бо оғози даъвати ҷавонон ба артиш, мавзӯи “облава” дар ҷомеа доғ мешавад. Наворҳои зиёде ҳам ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, ки дар он дида мешавад, чигуна ҷавононро зӯран ба мошин савор карда ба артиш мебаранд. Қонуни нав барои аз байн бурдани “облава” кадом муқарраротро пешбинӣ кардааст?

Дилрабо Самадова: Мо хеле умедвор будем, ки чунин мешавад, лекин ман ягон моддае, ки маҳз барои аз байн бурдани “облава” қабул шудааст, ё як шароите фароҳам меорад, ки даъват кушод гузарад, дар қонуни нав, афсус намебинам. Ягона чиз ин муқаррар кардани ҳатмӣ будани хизмат барои нафароне, ки мехоҳанд дар мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ кор кунанд. Ин метавонад як такони хуб бошад ва мумкин каме “облава”-ро аз байн барад. Албатта нисбати як гуруҳ даъватшавандаҳо. Лекин мо ҳозир дида истодаем, ки магистрҳо ҳам ҳуқуқ ба таъхирро аз даст доданд ва нисбати онҳо як намуд “облава” истифода мешавад. Умуман “облава” чист? “Облава” ин иҳотагирӣ, бо роҳи фиреб ё зӯроварӣ бурдани шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, даъват кардани онҳо ба маҷлис ва ба хизмат бурданро ҳам метавонем “облава” гӯем. Бе риояи равиши даъват. Барои ҳамин мо дида истодаем, ки сафи “облавашавандагон”-ро ҳоло магистрҳо ҳам пур карда истодаанд.​

Радиои Озодӣ: Як корбари Радиои Озодӣ пурсидааст, дар вақти дучор шудан ба “облава” бояд чигуна аз ҳуқуқҳои худ ҳимоя кунанд?

Дилрабо Самадова: Бояд даъватшавандагон талаботи қонунгузориро хуб донанд ва аз ҳуқуқҳои худ бархурдор бошанд. Агар даъватшаванда ягон асос барои озод шудан ё ба таъхир гузоштани хизматро дошта бошад, ҳатман онро пешакӣ ба расмият дарорад. Чун бе ба расмият даровардан ба таври автоматӣ номи шумо дар рӯйхати шахсони озодшуда ворид намешавад. Ҳатто яккаписарҳо ҳам шикоят мекунанд, ки ба “облава” дучор шудаанд, ё инки ба хонаашон даъватнома омадааст. Барои ин корҳо нашудан, талаботи қонун бояд риоя шавад. Яъне ҳар нафар пешакӣ ба маъракаҳои даъватӣ омодагӣ бинад. Агар рафтан хоҳад барои рафтан омодагӣ бинад, агар ҳуқуқ ба таъхир ё озодшавӣ дошта бошад, ин ҳуқуқҳои худро ба расмият дарорад. Агар ба “облава” дучор шудед, донед, ки ин рафторҳои мақомотҳои қудратӣ ё “шаҳрвандони номаълум” ғайриқонунӣ аст. Шумо бояд шикоят кунед. То ҳама шаҳрвандон аз ин рафторҳои ғайриқонунӣ шикоят накунанд, ин таҷриба дар ҷомеаи мо мемонад. Бояд ҳатман ба додситонии ҳарбӣ шикоят кард, зеро ки ин ниҳод вақте шикоятҳоро мегирад, дақиқан месанҷад. Агар дар ҳақиқат рақами мошин ё шахсияти ҳамон одаме, ки “облава” кардааст, аниқ бошад, ёфта ба ҷавобгарӣ мекашанд. Инро мо дар таҷриба мебинем.​

Чигуна метавон “облава”-ро аз байн бурд?

Радиои Озодӣ: Барои аз байн бурдани “облава” ба назари Шумо чӣ бояд кард?

Дилрабо Самадова: Якум, шароити қисмҳои ҳарбӣ бояд беҳтар карда шаванд. Бархе ҷавонон аз “дедовшина” ва муносибати ғайриоинномавӣ метарсанд. Дуввум масъалаи хурду хӯрок ва ҷойи зист. Бояд қайд намоям, ки ба бисёр қисмҳои ҳарбӣ меравем ва мебинем, ки шароит беҳтар шуда истодааст. Барои пешгирӣ кардани “дедовшина” сарбозон дар ҳамон минтақаи худ хизмат кунанд ва волидайн зиёдтар хабар гиранд. Инчунин дар вақти берун аз хизмат истифодаи телефонҳои мобилиро иҷозат диҳанд. Сарбозон барои шикоят бояд имкон дошта бошанд. Чун аз ҳуҷраи кории роҳбарон занг зада шикоят кардани сарбоз ба назари ман ғайриимкон аст.​

“Даъвати волидайн ва бастани масҷид ғайриқонунӣ аст”

Радиои Озодӣ: Дар солҳои ахир шикоятҳои зиёде ба расонаҳо роҳ ёфт, ки масъулини ҷамоатҳо падару модаронро даъват карда, шарт мегузоранд, ки фарзандаш бояд аз хориҷа баргашта, ба артиш равад. Соли 2019 дар шаҳри Исфара ҳатто бархе волидайнро ба хона ҷавоб надодаанд, то фарзандашон аз Русия баргашта, ба артиш равад. Ё инки дар баъзе ҷамоатҳо, масҷиди маҳалларо баста, талаб кардаанд, ки аввал нақшаи даъвати ҷавононро иҷро кунанд. Оё ин гуна шеваи ҷалби хизмат ба артиш аз рӯи қонун дуруст аст?​

Дилрабо Самадова: Нодуруст. Ин умуман вайрон кардани қонунгузорӣ, ҳуқуқи шаҳрвандон ва ҳуқуқи волидайн аст. Падару модар барои фарзандони болиғи худ ҷавобгар буда наметавонанд. Барои ҳамин волидайнро ба ҷавобгарӣ кашидан, ё зӯран ба комисариати ҳарбӣ овардан ва талаб кардани онки фарзандаш ҳозир шавад, ғайриқонунӣ аст. Аз болои чунин кирдорҳо бояд, ки шикоят кард. Шаҳрвандон дар ҳолати дучор шудан ба ин ҳолат ва гирифтани ёрии ҳуқуқии ройгон метавонанд ба мо муроҷиат кунанд. Ин рақамҳои ҳуқуқшиносони мо аст: 933331803 ва 933331703

Радиои Озодӣ: Бар асоси қонуни нав, ҷавононе, ки соҳиби ду фарзанд ҳастанд, оё ба артиш ҷалб карда мешаванд?

Дилрабо Самадова: Не. Ин муқаррарот дар қонуни пештара ҳам буд ва дар қонуни нав низ ҷой дода шудааст. Онҳое ки соҳиби ду фарзанд ҳастанд, ё яккаписар мебошанд, ҳуқуқ ба таъхир доранд. Агар хоҳанд, рафта хизмат мекунанд, нахоҳанд, не.

XS
SM
MD
LG