Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ошно групп” зимоми Wi-Fi-ро ба даст гирифт. ВИДЕО


Насби Wi-Fi ё дастгоҳи фароҳамкунандаи Интернет дар наздикии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дар як муддати кӯтоҳ даҳҳо ҷавонро ба худ ҷалб кард. Пули пайвасташавӣ ба Wi-Fi дар ин дастгоҳ пардохт шуда, муштарӣ тавассути код ё калидвожаи махсус ба Интернет пайваст мегардад. Фосилаи дастрасӣ ба интернет то 30 метрро фаро мегирад.

Дар қайди Кумитаи андози Тоҷикистон низ исми муассиси ҶДММ “Ошно групп” Сиёвуш Зуҳуров зикр шудааст.

Сулаймонҷони Абдусаттор, як донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгорӣ, рӯзи 17-уми май гуфт, бар ивази як сомонӣ ба телефони дастиаш 100 мегабайт Интернет мегирад. "Ҳангоми танаффус ё пас аз дарс метавонем дар шабакаи ҷаҳонӣ сайр кунем", - афзуд ӯ.

Ин дастгоҳи Wi-Fi ба ширкати “Ошно групп” тааллуқ дорад, ки мансуб ба писари Бег Сабурӣ (Зуҳуров), раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон аст. Дар қайди Кумитаи андози Тоҷикистон низ исми муассиси ҶДММ “Ошно групп” Сиёвуш Зуҳуров зикр шудааст.

Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ
Сиёвуш Зуҳуров. Акс аз бойгонӣ

Моҳи апрели имсол бо ибтикори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Wi-Fi танзим шуд. Дигар ҳеҷ кас ё идорае дар Тоҷикистон бе иҷозати махсуси Хадамоти алоқа набояд ба касе аз тариқи Wi-Fi интернет бидиҳад.

Дар як тамоси телефонӣ масъулони “Ошно групп” нахостанд мавзӯи ба кӣ тааллуқ доштани ин ширкатро шарҳ диҳанд.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

“Ошно групп” зимоми Wi-Fi-ро ба даст гирифт. ВИДЕО
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:52 0:00

Wi-Fi василаи бесими дастрасӣ ба интернет аст, ки тавассути модем паҳн мешавад. Ва ин яке аз маъмултарин василаҳои ройгони пайвастшавӣ ба интернет дар маконҳои ҷамъиятӣ ба шумор меравад. Дастрасӣ ба интернет тавассути Wi-Fi дар Аврупову Ғарб дар аксари кулли муассисаҳои ҷамъиятӣ, назири фурудгоҳ, роҳҳои оҳан, марказҳои тиҷоративу дилхушӣ ва ҳам тарабхонаҳо ройгон ва бемаҳдудият аст.

Терминал ё дастгоҳи таъминкунандаи Wi-Fi дар назди Донишгоҳи омӯзгорӣ дар Душанбе чанд рӯз пеш насб шуда, аллакай муштарии зиёд ва доимӣ пайдо кардааст. Худойдод Маҳмадалиев, ки бар ивази 10 сомонӣ ҳаққи истифодаи як гигабайт интернетро ба даст овард, гуфт, дар асл нархномаҳои терминал хеле “озоду содда” аст. Ӯ гуфт, ҳатто агар муштарӣ сомонӣ надошта бошаду танҳо 20 ё 50 дирам пул дорад, мутаносибан 20 ё 50 мегабайт интернет дастрас мекунад.

Ин нахустин таҷрибаи ба чунин шакл ба фурӯш гузоштани хадамоти Wi-Fi дар Тоҷикистон аст.

Тибқи омори расмӣ, шумораи истифодабарандагони интернет дар Тоҷикистон наздик ба 3 миллион нафар мерасад. Вале аз ин шумор қисмати каме истифодабарандаи фаъоланд.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон то имрӯз назорат аз тамоми кори ширкатҳои фароҳамкунандаи хадамоти Интернетро таҳти назорат дароварда, аз ҷумла, фурӯши интернет тавассути “як мӯрӣ” ё Маркази коммутатсиониро ба роҳ монданд.

XS
SM
MD
LG