Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Алвидоъ китоб, марҳабо планшет?


Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон дар садад аст, ки ба ҷои китобҳои дарсӣ дар макотиби кишвар планшет ва ё телефонҳои ҳушмандро ҷорӣ кунад.

Вазорати илм ва маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, ки ба ҷойи китобҳои дарсӣ дар макотиби кишвар планшет ва ё телефонҳои ҳушмандро ҷорӣ кунад. Дар қадами аввал вазорат ҳазор дона планшет харидорӣ кардааст ва бо ин таҷҳизот дар синфҳои пилотӣ самаранокии ин усули тадрис санҷида хоҳад шуд.

Вазорати илм ва маориф ба ин хотир ширкати “Технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон”−ро коршарик интихоб кардааст. Ин ширкат бо фаромоиши вазорат барои планшетҳо барномаву нармафзорҳои вижаеро таҳия мекунанд, ки барои тадрису таҳсил нигаронида шудааст.

Манучеҳр Неъматов, роҳбар ширкати “Технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон” рӯзи 17-уми январ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, аксарияти барномаҳо, ки бояд дар планшетҳо насб карда шаванд, аллакай омода шудаанд ва танҳо аз санҷиш мегузаранд.

Вай афзуд, “барномаҳои мо имкон медиҳанд, ҳамин китобҳои дарсие, ки ҳастанд, дар паланшет ба шакли интерактивӣ зуҳур кунанд. Китобҳо ва мавзӯи дохилашон ҳамон аст, аммо дар он ҷо имкони ҷустуҷӯи мавзӯъ ва ё, ягон мафҳум вуҷуд дорад. Китобҳо дар шакли бисёр ҷолиб ба хонанда пешкаш мешавад”.

Манучеҳр Неъматов
Манучеҳр Неъматов

Ҷаноби Неъматов афзуд, барномаҳое, ки ширкати онҳо таҳия кардааст, ҷараёни дарсу таҳсилро барои хонандагон ба маротиб ҷолибтар хоҳад кард. Бинобар гуфтаи ӯ, ширкати “Технологияҳои инноватсионии Тоҷикистон” барномаю нармафзорҳоро барои он планшетҳое, ки худи Вазорати илм ва маориф ба онҳо пешниҳод кардааст, таҳия кардаанд.

Неъматов мегӯяд, ин планшетҳо дар заминаи системаи маъруфи Андроид кор мекунанд: “Планшете, ки мо дар он барномаҳоро насб мекунем, моли Чин аст. Китобҳои дарсӣ дар он ҷойгир карда мешавад ва он бидуни пайваст шудан ба интернет, яъне офлайн кор мекунад. Ин планшетҳо симкортро қабул намекунад ва танҳо тариқи USB ва ё WI-FI ба ин интернет пайваст мешаванд”.

Ин ҳамсӯҳбати мо афзуд, планшетҳоеро, ки вазорат интихоб кардааст, хеле босифат ва ҳамзамон аз афтидан ва зарбаҳои берунӣ ҳифзшуда ҳастанд. Неъматов мегӯяд, ҳанӯз вазорат тасмим нагирифтааст, ки бо кадом нарх ин планшетро ба толибилмон мефурӯшад, аммо ин таҷҳизот тамоми китобҳои дарсиро аз синфи 1 сар карда то 11 иваз хоҳад кард.

Идеяи ҷорӣ кардани планшет ба ҷои китобҳои дарсӣ нав нест, вале дар макотиби кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ планшет ба пуррагӣ ҷои китобҳои дарсиро нагирифтааст. Мактабҳои алоҳида аз ин таҷриба истифода мекунанд, аммо ҳеҷ кишваре то ҳанӯз ба пуррагӣ аз китобҳои дарсии маъмулӣ даст накашидааст.

Аммо Азим Байзоев, омӯзгори тоҷик мегӯяд, дар ояндаи наздик бархе аз кишварҳо ба пуррагӣ аз китобҳои дарсии маъмулӣ даст мекашанд. Барои мисол, ӯ аз Кореяи ҷануби ёдовар шуд, ки бинобар қарори ҳукумат дар ин кишвар баъди панҷ соли умуман китоби дарсии маъмулӣ нашр нахоҳад шуд.

Вай афзуд: “Ман тарҷибаи чор солаи кор дар Амрико доштам. Толибилмон бо планшет ва ноутбук дарс меоянд. Самараноки таълим хеле хуб аст. Дар мо низ ин таҷрибаро ҷорӣ кардан хуб аст. Аз як тараф камбудии норасоии китобҳо бартараф мешавад, аз сӯи дигар камбуди барқ. Чунки планшет бо нерӯи хеш бидуни барқ аз 4 то 6 соат метавонад фаъол бошад”.

Аммо бархе аз устодони ботаҷриба ва собиқадорони соҳаи маориф дар Тоҷикистон мегӯянд, ки кишвар ба ин таҷриба ҳанӯз омода нест ва планшет ба танҳоӣ наметавонад ҷойи қаламу рукча ва китобҳои дарсиро бигирад.

Мунира Иноятова
Мунира Иноятова

Мунира Иноятова, собиқ вазири маорифи Тоҷикистон дар ин робита гуфт: “Планшет метавонад ҳамчун як таҷҳизоти ёрирасон хизмат кунад на бештар аз он. Он ҷои китобу дафтарро гирифта наметавонад. Чунки хатнависӣ ин эстетикаи толибилмонро рушд медиҳад, аммо планшет онҳоро аз ин чиз маҳрум мекунад. Гузашта аз ин, планшет таҷҳизоти гаронарзиш аст ва хонаводаҳои тоҷик имкони харидани онро барои ҳар як фарзандашонро надоранд”.

Хонум Иноятова афзуд, хонандагони тоҷик ба планшет ва дигар анвои телефонҳои ҳушманд танҷо чун асбоби бозӣ муносибат мекунад ва ба эҳтимоли зиёд ин реформаи Вазорати илм ва маориф дарсҳоро ба бозӣ табдил медиҳад.

Мунира Иноятова ибрози нигаронӣ кард, ки "худи вазорат барои он, ки хонандагон бо телефон бозӣ накунанд, ҳушашон ба дарс шавад гуфта, овардани телофонҳоро ба мактабу донишгоҳҳо манъ карда буд, акнун худаш ба дасти толибилмон планшет доданист."

Дар Тоҷикистон сар аз соли хониши ҷорӣ дар чанде аз макотиби миёнаи пойтахт нисфе аз дарсҳоро бо ёрии планшет меомӯзонанд. Аммо Вазорати илм ва маориф мегӯяд, ҳанӯз маълум нест ин таҷриба чӣ ҳосил медиҳад. Самараноки ин усули таҳсилро вазорат аз пас натиҷагирӣ аз дониши толибилмон дар анҷоми соли хониш баҳо хоҳад дод.

XS
SM
MD
LG