Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон – дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозод


Созмони "Хонаи Озодӣ" ё Freedom House имсол Тоҷикистонро бо 87 хол дар миёни 66 кишвари матбуоташон ноозоди ҷаҳон ҷой додааст. Муаллифони гузориши "Озодии матбуот - 2017" гуфтанд, ки матбуоти нисбатан озод дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Қирғизистон (67 хол) буда, ба дунболаш Қазоқистон (85 хол) истодааст. Узбакистон бо 95 ва Туркманистон бо 98 хол дар қатори даҳ кишвари вазъи матбуоташон аз ҳама бад қарор доранд.

Соли 2016 созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар бораи басташавии чаҳор расона ва як оҷонсии хабарӣ иттилоъ доданд.

Ин гузориши нави созмони "Хонаи Озодӣ" дар остонаи рӯзи ҷаҳонии озодии баён, ки ҳар сол 3 май таҷлил мешавад, ба нашр расидааст. Дар ин гузориш вазъи озодии матбуот дар ҷаҳон тибқи ҷадвали аз 0 то 100 хол баҳогузорӣ шуда, рақамҳои аввал баёнгари вазъи хуби озодии матбуот ва рақамҳои охирин баёнгари вазъи бад гуфта шудаанд.

Freedom House мегӯяд, дар маҷмуъ, дар соли гузашта сатҳи озодии матбуот дар ҷаҳон поин шуд ва дар ҳоли ҳозир танҳо 13 дар сади аҳолии дунё дар кишварҳои матбуоташон озод ба сар мебаранд. Як хабарнигори тоҷик рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зоҳиран фишор болои матбуоти озод дар ҳама гӯшаҳои ҷаҳон мушоҳида мешавад, аммо кишварҳои пасошӯравие ба мисли Тоҷикистон онро бо баҳонаи мубориза бо терроризм шиддат бахшидаанд.

Ӯ гуфт, "ҳоло натанҳо дарёфти иттилоъ мушкил шудааст, балки ҳатто листи мавзӯъҳои табу ё номумкин ҳам меафзояд. Дар ин сурат, ба ҷуз иттилои расмӣ, ки дастрас мешавад ё хабарҳои хурду реза чизи дигаре навиштан мушкил аст".

Харитаи вазъи хубу бади озодии матбуот аз нигоҳи Гузоришгарони бидуни марз
Харитаи вазъи хубу бади озодии матбуот аз нигоҳи Гузоришгарони бидуни марз

Охири ҳафтаи гузашта созмони “Гузоришгарони бидуни марз” низ вазъи матбуот дар Тоҷикистонро дар соли 2017 “тамоюли хатарнок” номида буд. Ин созмон, ки аз назари муҳити кори журналистони мустақил ва ҳам озодии баён Тоҷикистонро дар мақоми 149-ум қарор дод, мегӯяд, ҳукумат ба матбуоти мустақил фишор меорад ва бо баҳонаи мубориза бо терроризм оппозитсияи сиёсиро аз саҳна берун ва фазои матбуотро дар кишвар маҳдуд кардааст.

Дар шарҳи мухтасари муҳаққиқон аз ҷумла, гуфта шудааст, ки дар кори ҳамарӯзаи худ журналистони мустақил дар Тоҷикистон бо пурсишҳои ходимони ҳифзи ҳуқуқ ва таҳдид рӯбарӯ мешаванд. Инчунин, муҳаққиқони ин созмони байналмилал навиштанд, “назорат аз васоили мухобирот як таҷрибаи маъмулӣ буда, масдудсозии вебсайтҳои хабаррасон ва ҳам шабакаҳои иҷтимоӣ доимӣ шудааст”.

Ин созмон инчунин аз басташавии чанд расонаи мустақил дар соли 2016 ва ҳам ҷоришавии назорати давлатӣ аз сиёсати таҳририяи расонаҳо ҳамчун намунаи маҳдудшавии шароити кори расонаҳои мустақил хабар додааст. Аммо намояндагони мақомоти Тоҷикистон арзёбиҳои муҳаққиқони байналмилалиро зери суол бурданд.

Аз ҷумла, ​Олимҷон Салимзода, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, “ин хулосаҳо воқеият надорад”. Вай гуфт, дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вазъи матбуот дар Тоҷикистон “беҳтар аст”.

Олимҷон Салимзода
Олимҷон Салимзода

Дар мавриди баста шудани баъзе нашрияҳо, оқои Салимзода гуфт, ин расонаҳо “қонуни матбуот ва Қонуни асосии кишварро риоя накарданд”. Вай афзуд, “ин ба маънои фишор овардан болои расонаҳои мустақил нест” ва ба эътимоди ӯ, озодии баён дар Тоҷикистон муроот мешавад.

Соли 2016 созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар бораи басташавии чаҳор расона ва як оҷонсии хабарӣ иттилоъ доданд.

XS
SM
MD
LG