Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумат ва журналистон - Кӣ аз кӣ фирор мекунад? АКСУ САДО


Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ба ҳукумат пешниҳод кардааст, ки нишасти хабарии мансабдорони тоҷик на дар шаш моҳ, балки дар се моҳ як бор баргузор шавад. Ин созмон, инчунин, хостааст, дар сурати рух додани ҳодисаҳои табиӣ, ба мисли омадани сел ва фаромадани тарма, масъулони давлатӣ ба суоли хабарнигорон билофосила ҷавоб гӯянд. Наҷмиддини Шоҳинбод, котиби Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 19 феврал гуфт, ки ин пешниҳодҳо дар доираи тарҳи "Стратегияи рушди матбуот дар 5 соли оянда" ба ҳукумат ироа шуда ва дар ҳоли ҳозир дар дасти баррасӣ аст. "Дар тарҳи стратегия масъалаҳое чун мушкили дастрасӣ ба иттилоъ, равобити мақомоти ниҳодҳои давлатӣ бо хабарнигорон ва мусоидат дар ҳалли мушкили молии нашрияҳои мустақил таъкид шудаанд", - афзуд ӯ.

Ҳукумат ва журналистон - Кӣ аз кӣ фирор мекунад?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:06 0:00

Агар ягон мавзӯи муҳиме пайдо шуд, як коршинос, масалан Иброҳим Усмонов ҳам дар масъалаҳои иқтисод, занон, дин ва ғайра ибрози назар мекунад. Имрӯз 4-5 коршиноси “навбатдор” аз ҷониби расонаҳо дар ҳамаи масъалаҳо истифода мешаванд.
Иброҳим Усмонов

Беэътимодӣ як тараф...

Ин иттилоъ рӯзи шанбе дар як ҳамоиши созмонҳои журналистӣ дар Душанбе садо дод. Дар ин ҳамоиш гуфта шуд, ки ҳоло миёни мақомоти кишвар ва хабарнигорон "як фазои беэътимодӣ ҳукмрон шуда" ва ин амр дар роҳи расондани иттилои боварбахш ба сокинони кишвар монеъ гардидааст. Лидия Исамова, узви созмони “Медиа Алянс”-и Тоҷикистон, гуфт, масъулони давлатӣ аз хабарнигорон ҳарос доранд ва ба ҳар роҳу васила аз сӯҳбат бо онҳо ё додани маълумот канораҷӯӣ мекунанд. “Аз сӯи дигар, мақомот бовар надоранд, ки маълумот ё мусоҳибаи онҳо бидуни таҳриф мунташир мешавад”, - гуфт ӯ.

Лидия Исамова
Лидия Исамова

Набӣ Юсуфов, раиси созмони “Медиа консалтинг”, дар ин маврид ба унвони мисол аз як сӯҳбати дӯсти хабарнигораш тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ин суҳбат дар мавриди бӯҳрони иқтисодӣ ва таъсири он ба хонавода буд ва дӯсташ бидуни онки огоҳ кунад, суҳбати маҳрамонаро дар нашрия чоп кардааст. Вале хабарнигорон дар навбати худ гуфтанд, ки чунин ҳодисаҳо кам андар кам иттифоқ меафтад ва ҳоло мусоҳибон танҳо баъди ошноӣ бо матн иҷозаи чопашро медиҳанд.

Дасти хабарнигорони давлатӣ ҳам кӯтоҳ аст?

Дар ин ҳамоиш хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ва мустақил аз душвортар шудани вазъи дастрасӣ ба иттилоъ дар ду соли ахир шикоят карданд. Абдураҳими Абдусамад, хабарнигори Радиои Ховар гуфт, ки ҳатто барои ибрози назари як мутахассиси муассисаи давлатӣ бояд аз вазорат иҷоза пурсид. Масалан, вай барои матлаби таҳлилӣ дар мавриди зарари дуди сигор ба атрофиён назари пизишки бемористонро пурсидааст, вале пизишк гуфтааст, ки бо иҷозаи расмии вазири тандурустӣ дар ин бора ибрози назар хоҳад кард.

Набӣ Юсуфов
Набӣ Юсуфов

Вазъияти дарёфти иттилоъ аз манобеи расмӣ дар минтақаҳои кишвар дар муқоиса ба Душанбе ба маротиб душвортар будааст. Низомиддин Исоев, хабарнигори нашрияи "Хатлон"-и шаҳри Қӯрғонтеппа, гуфт, масъулони муассисаҳои давлатӣ “аз журналистон метарсанд ва барои гурез аз суҳбат ба зарурати иҷозаи мақомоти боло ишора мекунанд”. Ин дар ҳолест, ки бар асоси Қонуни “Матбуот ва воситаҳои дигари ахбори омма” масъулони ниҳодҳои давлатӣ муваззафанд ба суоли хабарнигорон посух гуфта ва дар сурати дарёфти дархости расмӣ барои маълумот дар муддати се рӯз ҷавоб гӯянд.

Амре, ки дастрасӣ ба иттилоъро мушкил кард

Нуриддин Қаршибоев
Нуриддин Қаршибоев

Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, гуфт, бар асоси як назарсанҷие, ки ахиран ин ниҳод анҷом додааст, 43 дарсади пурсидашудагон дастрасӣ ба манбаъҳои иттилоотро аз мушкили аслӣ дар роҳи озодии баён арзёбӣ кардаанд. “Ду сол қабл қарор дар бораи аз тариқи хабаргузории “Ховар” паҳн кардани маълумоти расмӣ имзо шуд. Ин санад ба моддаи 30-и Конститутсия, ки ба шаҳрвандон ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоотро кафолат додааст, мухолифат дорад. Вале ҳоло ин протокол барои масъулони давлатӣ баҳонае шудааст, то сӯҳбат бо журналистонро нодида гиранд”, - хулоса кард ӯ.

Коршиносон ҳам аз ибрози назар «мегурезанд»

Дар ҳамин ҳол, профессор Иброҳим Усмонов гуфт, на танҳо масъулони давлатӣ, балки коршиносон ва мутахассисони варзида низ аз сӯҳбат ва ибрози назар дар мавриди ин ё он ҳодиса худдорӣ мекунанд. Ӯ гуфт, “агар ягон мавзӯи муҳиме пайдо шуд, як коршинос, масалан Иброҳим Усмонов ҳам дар масъалаҳои иқтисод, занон, дин ва ғайра ибрози назар мекунад. Имрӯз 4-5 коршиноси “навбатдор” аз ҷониби расонаҳо дар ҳамаи масъалаҳо истифода мешаванд”.

Иброҳим Усмонов
Иброҳим Усмонов

Коршиносон мегӯянд, баъди ошӯби генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини собиқи вазири дифои Тоҷикистон дар моҳи сентябри соли 2015, фишори ниҳодҳои давлатӣ болои расонаҳои мустақил бештар шуд. Дар гузашта баъзе ниҳодҳои расмӣ маҳдуд шудани озодии матбуотро дар кишвар тасдиқ карда ва дар шарҳаш гуфта буданд, ки “ҳадаф ҷилавгирӣ аз ҳараҷу мараҷ ва андешаҳои ифротигароёна аст, на чизи дигар”. Тоҷикистон соли гузашта дар раддабандии озодии баён дар ҷои 150-ум, яъне 34 зина поинтар аз соли қаблӣ қарор гирифта буд.

XS
SM
MD
LG