Пайвандҳои дастрасӣ

Бархе аз хабарнигорони тоҷик мегӯянд, ки аз фишори афзояндаи мақомот ва тангтар шудани ҳалқаи озодии баён дар Тоҷикистон “ҳукумати чорум” як сол боз наметавонад рисолати аслиашро иҷро кунад. Онҳо ба Радиои Озодӣ гуфтанд, баъди ҳалли “масъалаи” мухолифон, яъне канор задани онҳо аз саҳнаи сиёсӣ, ҳоло хабарнигорон ҳадаф қарор гирифтаанд ва фишори болои сарашон “аз таҳдиду таъқиб, таъкидҳои телефонӣ ва даъватҳои ғайрирасмӣ барои сӯҳбат бо маъмурони интизомӣ” иборат будааст. Иддаое, ки мақомот рад мекунанд ва мегӯянд, фишор ё таъқибе вуҷуд надорад.

Темури Варқӣ мегӯяд, Тоҷикистон бо таҳдиду фишор ба хабарнигорон ба обрӯи байналмилалии худ латма мезанад ва дигар он кишваре нест, ки дар оғози солҳои 1990-ум ва ҳатто баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон буд.

Темури Варқӣ, хабарнигори собиқадор, рӯзи 2 ноябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, аз ду соли пеш бархӯрди мақомот бо хабарнигорон якбора тағйир кард ва ҳадафи онҳо аз миён бардоштани минбарҳое буд, ки бештар аз камбудиҳои ҳукумату мақомот мегуфтанд.

“Онҳо метарсанд, ки хабарнигорон аз фасод дар кишвар хабар медиҳанд. Аз вазъи корхонаҳои давлатие мегӯянд, ки қарздоранд ва бар зарар фаъолият доранд. Аз шиканҷа, парвандаҳои сохта ва аз боздошту маҳкумияти вакилони дифоъ мегӯянд. Дар ҷое, ки ҳукумат одилона кор мекунад, аз матбуот наметарсад», - гуфт ӯ.

Темури Варқӣ

Темури Варқӣ

Дар ҳоле ки мақомот иддао доранд, озодии матбуоту сухан мисли пешина боқист ва нашрияҳо озодона танқид мекунанду менависанд, Тоҷикистон имсол дар як раддабандии байналмилалии озодии матбуот якбора 34 зина поин рафт ва дар мақоми 150-ум қарор гирифт. Созмони Гузоришгарони бидуни марз, қароргоҳаш дар Париж баҳори имсол вазъи матбуоти Тоҷикистонро «дар ҳолати як рукуди хатарнок» тасвир кард ва гуфт, мақомот бо баҳонаи мубориза бо терроризм, мухолифони сиёсиро аз байн бурда фишорро болои матбуоти мустақил афзоиш додааст. Манзур Ҳизби наҳзати исломӣ аст, ки соли гузашта созмони террористӣ эълон шуд ва фаъолияташ ҳам мамнӯъ карданд.

Темури Варқӣ мегӯяд, Тоҷикистон бо таҳдиду фишор ба хабарнигорон ба обрӯи байналмилалии худ латма мезанад ва дигар он кишваре нест, ки дар оғози солҳои 1990-ум ва ҳатто баъди имзои Созишномаи сулҳи тоҷикон буд.

Хабарнигорони дигар мегӯянд, ҳалқаи озодии баён баъди он тангтар шуд, ки муҳаррирону хабарнигорони тоҷик бо фишорҳои ибтидоии мақомот зуд одат карданд ва ё онҳоро нодида гирифтанд. Онҳо мегӯянд, дар пайи фишорҳо "сифати журналистика дар ҳама сатҳу ҷанбаъҳо сусттару ҷуръату шуҷоат нисбатан камтар шудааст ва журналистикаи тоҷик як давраи мушкил”-ро паси сар мекунад.

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр

Ҳумайрои Бахтиёр гуфт, шикасти ҷомеаи журналистӣ дар роҳи ҳифзи озодии баён ва иҷрои рисолаташон - дар муттаҳид набуданаш аст. «Таҷриба нишон дод, ки дар мушкил ва фишорҳои равонии мақомоти интизомӣ хабарнигорон ва раҳбарони расонаҳо муттаҳид нашуданд. Ҳама аз ин мушкилҳо худро дур мегирифтанд. Аз ин хотир, барои аз байн бурдани озодии баён дар Тоҷикистон мақомот ба зудӣ ва ба хубӣ муваффақ гардиданд», - таъкид дошт ӯ.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи хабарнигорон мегӯянд, вазъияти як соли ахир ҳудуди 25 хабарнигорро ба тарки ватан маҷбур кардааст. Ҳарчанд дар дохили Тоҷикистон иддао доранд, ки баъзеи ин хабарнигорон бо истифода аз ин фурсат ба хотири зиндагии беҳтар худро ба хориҷ задаанд, вале як намояндаи созмони ёрирасон ба хабарнигорони паноҳҷӯ дар Аврупо гуфт, “аксари ин хабарнигорон аз вуҷуди сензура, таҳдид, фишор ва таъқиб барои фаъолият шикоят доранд.”

Амруллоҳи Низом, хабарнигори тоҷик, ки феълан дар яке аз кишварҳои аврупоист, гуфт, «дар соли 2013 намояндагони Кумитаи дин бо чанд маъмури мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил болои ман фишор оварда буданд. Дар соли 2015 аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва додситонӣ ҳам зери фишор ва таҳдид қарор гирифтам. Вазъи дигарон аз ҳоли ман беҳтар набуд.”

Вале мақомоти Тоҷикистон ҳамагуна фишору таъқиби хабарнигоронро барои озодии баён рад мекунанд. Усмоналӣ Холиқзода, прокурори шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ, мониторинги қонунгузорӣ ва маркази матбуоти Додситони кулл, низ рӯзи 3 майи имсол дар Душанбе гуфта буд, мақомоти расмӣ ҳамагуна интиқодро таҳаммул мекунанд, вале вазъи, ба гуфтаи ӯ, муташанниҷи ҷаҳон водор кардааст, ки баъзе озодиҳо назорат шавад.

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ

Муҳаммадюсуф Исмоилов дар додгоҳ

Дар ҳоли ҳозир як хабарнигори тоҷик дар зиндон қарор дорад ва мақомот мегӯянд, парвандаи ӯ ба фаъолияти журналистиаш рабт надорад, балки ба як қазияи “тамаъҷӯӣ” ва “талаби пора” пайванд мехӯрад. Муҳаммадюсуф Исмоилов соли 2013 ба 11 соли зиндон маҳкум шуд, вале дархостҳои ӯ барои озод шудан аз зиндон бар асоси қонуни афви соли 2016 бенатиҷа анҷомид.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG