Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси маданияту масъулияти шаҳрнишинӣ барои сокинони Душанбе


Шаҳрдори Душанбе ба мақомот дастур додааст, бо таъсиси гурӯҳҳои муштарак дар байни мардум маданияту масъулияти шаҳринишиниро тарғиб кунанд. Ҳукумати Душанбе рӯзи 20-уми феврал қарори раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар ин бораро нашр кард, ки дар он омадааст, ҳадаф аз дастури мазкур “шарҳу тавзеҳи мазмун ва моҳияти санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ” ба мисли қонуну санадҳое ба мисли масъулияти падару модар, танзими анъанаву маросим ва сиёсати ҷавонон аст.

Бар асоси ин қарор, ки рӯзи 13-уми феврал имзо шудааст, гурӯҳи махсуси муштарак бояд дар маҳаллаҳои Душанбе бигарданд ва ба мардум бифаҳмонанд, ки дар шаҳр чӣ гуна бояд рафтор кард ва маданияти ахлоқи шаҳринишӣ дар Душанбе чӣ гуна аст.

Дастури Рустами Эмомалӣ, раиси тозатаъйини шаҳри Душанбе дар бораи боло бурдани маданияти одоби шаҳрнишинӣ замоне нашр шуд, ки баҳсҳо дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон дар бораи “ҳузури қишлоқиҳо” дар пойтахт авҷ гирифтааст.

Омадани “қишлоқиҳо” ба Душанбе танзим оварда шавад.

Баҳс дар ин бора баъд аз он бархост, ки Баҳодур Раззоқов, вакили маҷлиси Душанбе зимни мулоқоти раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо мақомот ва фаъолони шаҳр дар рӯзи 15-уми феврал пешниҳод кард, ки омадани “қишлоқиҳо” ба Душанбе танзим оварда шавад, зеро бисёре аз онҳо маданияту одоби шаҳрнишиниро намедонанд.

Садҳо нафар аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, вакили шаҳриро барои ин гуфтааш, танқид кардаанд ва гуфтаанд, ки аксари онҳое, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунанд, зодаи рустоянд ва ингуна пешниҳод табъиз нисбат ба мардуми деҳот ва мухолифи меъёрҳои Конститусия аст, ки озодии ҳаракатро ба инсонҳо кафолат медиҳад. Айни замон теъдоди дигар гуфтаанд, пешниҳод набояд мояи баҳс бошад, зеро шикоят аз рафтори бисёре аз сокинони Душанбе зиёд аст.

Таълими маданияти шаҳрдорӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҳарфи нав нест ва соли 2000-ум дар замони раҳбарии Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси пешини шаҳр, маромномаи сокини Душанберо қабул кардаанд, ки ду банди он чунин аст.

“Бозор, дӯкону мағозаро ба ҷойи зуҳури ахлоқу одоби писандида ва сатҳи баланди фарҳангӣ табдил додан.

“ба қадри сарвати пойтахт ва моликияти давлатӣ – об, фазо, барқ, боғу дарахтзор ва гулбоғу чаманҳо, роҳ, нақлиёт ва иншоотҳо расидан ва ба онҳо ғамхорона муносибат намудан”.

Ду банде, ки ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аслан риоят намешавад.

Таркиби аҳолии пойтахти Тоҷикистонро ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ тағйир дод, миллатҳои ғайритоҷик ва ҳамроҳи онҳо зиёиёни тоҷик, ки даҳсолаҳо муқими Душанбе буданд, пойтахтро тарк карданд. Ҷойи онҳоро мардуми рустоҳо гирифтанд ва аҳолии 600 ҳазор нафарии Душанберо бино ба омори ғайрирасмӣ аз 1 миллион нафар ҳам гузаштааст.

Шумо ҳам назару андешаҳои худро нависед. Воқеан Душанбе ба дарси маданияти шаҳринишинӣ эҳтиёҷ дорад? Чаро?

Дар поварақи ин гузориш нависед ва ё аз тариқи IMO, Вайбер, Вотсапп,Телеграмм ба ин шумораи Радиои Озодӣ +420 724 053 959 ба мо бифристед.

XS
SM
MD
LG