Пайвандҳои дастрасӣ

Шаҳрдории Душанбе барои онҳое, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намекунанд, муҷозот таъйин мекунад.

Шаҳрдории Душанбе бо интишори як муроҷиатнома ба сокинони пойтахт, риояи қоидаҳои шаҳрнишинӣ ва фарҳанги шаҳрдориро талаб кардааст.

Ин муроҷиатнома, дар шакли як варақаи калон, ки наздики як моҳ боз миёни сокинони шаҳри Душанбе паҳн мешавад, аз 6 банди Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ иборат аст ва дар он таъкид мешавад, ки дар сурати риоя нашудани муқаррароте, ки барои як сокини шаҳр пешбинӣ шудааст, вобаста ба мақоми шахс дар ҷомеа, ҷарима пешбинӣ шудааст.

Тибқи яке аз бандҳои он, барои дар кӯчаву нақлиёт, манзилу хобгоҳҳои умумии зист ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ баъди соати 23.00 -и шаб доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо садои баланд суруд хондан ё барои шунидан мусиқӣ, аз 40 то Муроҷиатномаи шаҳрдорӣ ба сокинон.

Муроҷиатномаи шаҳрдорӣ ба сокинон.

80 сомонӣ ҷарима мебанданд. Дар сурати такрори чунин амал ҳаҷми ҷарима то ду- се маротиба бештар мешавад.

Карим Гиёев, як масъули ҳукумати ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт мегӯяд, ин барои аввалин бор аст, ки шаҳрдори Душанбе бо чунин як санад ва бо ҳадафи боло бурдани фарҳанги шаҳрдорӣ ба сокинони пойтахт муроҷиат мекунад. Оқои Гиёев меафзояд ин муқаррароти нав нест, аммо то имрӯз на ҳама сокинони шаҳр аз ин қоидаҳо огоҳ буданд.

«Бори дигар огоҳ кардан ба хотири тоза нигоҳ кардани шаҳр ва боло бурдани маърифати шаҳрдорӣ ин иқдом ҳатмӣ буд. То имрӯз барои риоя накардани қоидаҳои тозагӣ шикоятҳо буданд ва ҷаримаҳо ҳам ҳаст.»- афзуд Гиёев

Дар ин муроҷиатнома ҳамчунин таъкид мешавад, ки барои риоя накардани тозагӣ ва қоидаҳои ободонии шаҳр ва барои дар маҳалҳои аҳолинишин нигоҳубин ва беназорат гузоштани чорво ба андозаи аз 10 то 35 маоши ҳадди ақал, ҷарима таъин шудааст.

Шарофат, як сокини пойтахт аз ин иқдом истиқбол мекунад. Ин хонум, ки модари 4 фарзанд аст мегӯяд, дар воқеъ аксари ҳамсояҳои ӯ аз вуҷуди чунин қоидаҳо хабар надоранд ва бо сабаби халалдор шудани оромӣ, аксаран миёни онҳо ҷангу хархашаҳо сар мезанад.

Хонум Шарофат мегӯяд, баъд аз кору ташвишҳои рӯзона ғолибан ҳангоми шаб ҳам наметавон дар хонаи худ истироҳат кард: «Махсусан онҳое, ки рӯзи дароз кор мекунанд ва бегоҳ бо асабҳои хаста ба хона меоянд, мехоҳанд дар муҳити ором бошанд. Аммо аз манзилҳои боло ё поёнӣ ин оромӣ халалдор мешавад. Ё садои тақар туқури таъмир, ё мусиқии баланд, хулоса дар хонаи худ намешавад истироҳат кард. Вале ба касе шикоят намекунем. Аксарият намедонанд куҷо муроҷиат намоянд.»

Ҷомеашинос, Ғаюр Қаҳҳоров мегӯяд, як сабаби аслии риоя нашудани қоидаҳои шаҳрнишинӣ афзоиши аҳолӣ дар пойтахт аз ҳисоби кӯчидани мардум аз рустоҳост: «Бубинед имрӯз дар шаҳр дар як хонаи хурди як ё дуҳуҷрагӣ то 3 оила зиндагӣ мекунанд, ки ин худ ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар 9 метри квадратӣ Яке аз биноҳо дар пойтахти Тоҷикистон.

Яке аз биноҳо дар пойтахти Тоҷикистон.

бояд як нафар зиндагӣ кунад, барои он, ки 4 кас дар як хона зиндагӣ кунад вай бояд, ки дорои 36 метри квадратӣ бошад. Одамоне, ки аз деҳот ба шаҳр меоянд, аксаран бо худ тарзи зиндагии деҳотиро меоранд ва як омили паст рафтани фарҳанги шаҳрдориву риоя нашудани қоидаҳои шаҳрнишинӣ ҳам дар ҳамин аст. Одамоне, ки аз қабл дар шаҳр зиндагӣ мекарданд, аз қоидаҳо огоҳанд ва барои риоя нашудани қоидаҳо аксаран асабӣ мешаванд. Ман фикр мекунам ҳукумати шаҳр баробари ин муроҷиатнома қайд кардани одамон дар шаҳр маҳдудтар шавад. Аҳолии шаҳр ҳоло аз 1 миллион гузаштааст ва шаҳр имкони ғунҷоиши ин теъдод сокинро надорад.»

Аз сӯи дигар ба қавли коршиносон бо ҷаримабандӣ шояд мардумро каме метарсонанд, аммо наметавон бо ин роҳ фарҳанги шаҳрнишинӣ ва сатҳи маърифати сокинонро боло бурд. Баръакс ба қавли бархе чунин муқаррарот, метавонад, як василаи дигари пулканӣ барои артиши бузурги маъмурони пулис шавад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG