Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Магар фарҳанги шаҳрнишинӣ дар Душанбе "шикаст хӯрдааст"?


Душанбе пойтахти тақрибан якмиллионнафарии Тоҷикистон солҳои oхир дар зоҳир ҳарчӣ бештар ба шаҳри ҳақиқӣ монанд мешавад, вале дар ботин тағйири зиёд накардааст.

Аз сокинони таҳҷоии пойтахт ин таънаро бисёр мешунавед, ки мегӯянд, мардуми омада аз рустоҳо “Душанберо ба қишлоқ табдил” додаанд. Албатта, ин таъна мардуми аз ночорӣ ба пойтахт кӯч бастаро асабонӣ мекунад, ки мегӯянд, фарҳанги зиндагии онҳо ҳеҷ камие аз шаҳриҳо надоранд.

Агарчӣ таҳқиқи илмие дар Тоҷикистон собит накардааст, ки сокинони таҳҷоии Душанбе натавонистаанд, мардуми омада аз рустҳоро ба қавле “шаҳрӣ” кунанд, вале мушоҳида ва аломатҳо намоёнгари он аст, ки сокинони нави Душанбе ба ҳадде расму одатҳои худро дар пойтахт ҷорӣ карданд.

Таркиби аҳолии пойтахти Тоҷикистонро ҷанги харобиовари шаҳрвандӣ тағйир дод, миллатҳои ғайритоҷик ва ҳамроҳи онҳо зиёиёни тоҷик, ки даҳсолаҳо муқими Душанбе буданд, пойтахтро тарк карданд. Ҷойи онҳоро мардуми рустоҳо гирифтанд ва аҳолии 600 ҳазор нафарии Душанберо бино ба омори ғайрирасмӣ ба 1 миллион нафар расонданд. Аксарият интизор доштанд, ки бо хатми рӯзҳои сахти даврони ҷанг дар Душанбе меҳмонони нав аз бародарони таҳҷоии худ фарҳанги шаҳрнишиниро ёд мегиранду Душанбе дубора покизаву ором ва шаҳри хушмуомилаҳо мешавад. Аммо он гуна, ки ҷомеашиносони тоҷик мегӯянд, чунин нашуд ва баръакс шаҳрнишинон баъзе аз расму ойин ва хурофоти мардуми муҳофизакори деҳотро пазируфтанд.

Ғаюр Қаҳҳоров, ҷомеашиноси тоҷик, ки мушоҳидаҳои худро дар бораи хусусиятҳои шаҳрнишинӣ ва фарҳанги шаҳру деҳот дар мақолае хулоса кардааст, дар ин бора ба Радиои Озодӣ гуфт, "муҳоҷирати дохилӣ сабаби он шуд, ки қисми зиёди мардуми деҳот ба шаҳр омаданд. Чун бо фарҳанги шаҳр шинос набуданд ва аксариятро ташкил мекарданд, бинобар ин дар ин ҷо бар асоси фарҳанги деҳаи худашон зиндагӣ мекарданд ва ин албатта ба мардуми шаҳр таъсир расонд ва пешрафти шаҳришавии мардумро нисбатан коста кард.”

Ба гуфтаи Ғаюр Қаҳҳоров, мардуми рустоҳо ҳамчунин бо худ хурофот оварданд, ки ба баъзе шаҳриён низ сироят кард. Таваллуд дар шаҳр кам буд, зиёд шуд, ҷойи нуфузи зиёиёнро, нуфузи рӯҳониён гирифт, ки мардуми деҳот ба онҳо эътиқоди бештар доранд.


​Дилшод Раҳимов, фолклоршиноси тоҷик мегӯяд, рафтору муомила ва ҳатто шеваи суханронӣ дар Душанбе як навъ баёнгари таъсири шеваи зиндагии минтақаҳо ба фарҳанги шаҳриҳост. “Занҳо дар кӯчаҳо пушти дарҳо ҳар ҷо нишастанду сӯҳбат мекунанд, мисли он ки ҳеҷ коре надошта бошанд, кӯдаконашон ҳам ҳарчӣ хоҳанд мекунанд. Се чаҳор соли охир шаҳрдорӣ тамоми истгоҳҳоро шишагӣ кард, аммо имрӯз агар ҳисоб кунем, 70 ва ё 80 дар сади онҳоро шикастаанд”.

Мисоли дигареро дар ин маврид Рустам Азизов дар Фейсбук барои Радиои Озодӣ навишт, ки чунин аст:“Як антропологи олмонӣ, ки забони тоҷикиро медонад ба мо як воқеаро нақл кард: "Дар яке аз кӯчаҳои Душанбе ду ҷавон якдигарро дида, яке "А фалон оча, чи хелӣ? " гуфт. Ҷавони дигар бошад "Ҳа очата фалон ҳамиҷадаӣ?". Олмонии бечора гумон дошт, ки акнун ин ду ҷавон ба ҷони ҳамдигар меафтанд ва барои дифоъ аз номуси поймолшудаи модарҳояшон ҷанг мекунанд .Аммо ин ду ҷавон якдигарро сахт ба оғӯш гирифтанд ва барои наҳорхӯрӣ ба ошхона даромаданд. Олмонии бечора ҳайрон монда ва гумон кардааст, ки ҳанӯз ҳамаи нозукихои забони ғании тоҷикиро дуруст дарк накардааст “.

Ҳукумати Душанбе, ки тақрибан дар ҳар ҷаласааш одоби шаҳрнишиниву фарҳанги шаҳрдориро матраҳ мекунад, чанд сол пеш «Қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар Душанбе»-ро қабул кард, ки дар он аз ҷумла ба сокинон насиҳат шудааст, аз соати ёздаҳи шаб то шаши бомдод дар ҷойҳои ҷамъиятиву манзили зисти худ доду фарёд набардоранд, ҳуштак накашанду “оромии ҷамъиятиро” халалдор накунанд, ки бешак барои хотима додан ба ҳамин корҳо гуфтаанд.

Маромномаи сокини пойтахт низ вуҷуд дорад, ки ба хотири ташвиқи фарҳанги шаҳрнишинӣ қабул шудааст. Ҳукумати Душанбе гуфтааст, ки монеъи омадани сокинони деҳот ба пойтахт намешавад ва ифтихор мекунад, ки Душанбе “воқеан макони баровардагии ниёзу эҳтиёҷоти шаҳрвандони корҷӯ аз тамоми манотиқи кишвар гардидааст.” Аммо мегуяд, шаҳрдорӣ ҳар касе ба Душанбе меояд, бояд бар асоси қоидаҳои шаҳрдорию шаҳрнишинӣ амал кунад ва бо амалҳои ношоиста низоми мавҷударо халадор насозад.”

Аммо онгуна, ки ҳамкори мо Муҳаммадвафо Ризозода, ки мисли муаллифи ин гузориш дар русто ба воя расидааст, дар шарҳе дар Фейсбук дар ин бора навишт, “Набояд чунин пиндошт, ки ҳар чӣ шаҳриҳо доранд, хуб аст ва ҳарчӣ рустоиён зишт. Хеле аз рустоиён фитратан фарҳанги шаҳрӣ доранд ва чӣ басо шаҳриён, ки месазад онҳоро шаҳрӣ наномид.” Шумо чӣ мегӯед?
XS
SM
MD
LG