Пайвандҳои дастрасӣ

Заур Дахте, аккос ва филмбардори шинохта, ки ҳанӯз дар чордаҳсолагӣ аз Эрон ба Тоҷикистон омада, дар инҷо сукунат ихтиёр кардааст, ба синни 80 расид. Ӯ аз намояндагони тӯдаиҳои Эрон аст, ки маҷбур шуда буд, дар айёми наврасӣ зодгоҳашро тарк карда, аввал дар Туркманистон ва, сипас, дар Тоҷикистони он замон Шӯравӣ ба воя расад. Маросими таҷлил аз зодрӯзи Заур Дахте 3 декабр дар толори “Зебуннисо” дар Душанбе сурат гирифт ва аҳли адабу ҳунар натанҳо аз шеваи рафтор, балки аз кору эҷодаш низ сухан гуфтанд.

Гузориш дар бораи тӯдаиҳо дар инҷост:

Овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов аз Заур Дахте “тоҷики асил” ном бурд ва гуфт, “борҳо бо ӯ дар маъракаҳои берун аз кишвар иштирок карда, аз ҳунараш ҳамчун як ҳамватан ифтихор кардам”. Далер Назаров, аз овозхонҳои дигари маъруфи тоҷик, Заур Дахтеро “бародари бузурги худ” донист ва гуфт, ки “ҳарчанд аз як падару модар нестем, аммо ҳамеша бо маслиҳати ӯ кор кардаам. Ҳанӯз ҳам барои ҳар кор аз ӯ машварат мегирам.”

Заур Дахте ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Заур Дахте ҳангоми сӯҳбат бо Радиои Озодӣ

Заур Дахтеи, инак, ҳаштодсола ва аз камтарин намояндагони насли тӯдаиҳои Эрон дар Тоҷикистон, рӯзи 3 декабр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, 65 соли умру нерӯи ҷавониашро ба кор дар Тоҷикистон бахшидааст ва аз ин пушаймон нест. “Падарам ману се бародарамро ба як чӯпон супурда буд, ки роҳ то марзи Туркманистони Шӯравиро медонист. Ба дастам як себ доду гуфт, агар чӯпон сиҳат шуморо то марз бибарад, онро солим ба дасти ӯ бидеҳ, то ман фаҳмам, ки Шумо саломат расидед ва ҳаққи хизматашро бидиҳам. Агар ба Шумо осеб расад, себро як бор бигазу ба дасти чӯпон деҳ,” - ба ёд овард Дахте.

Вай мегӯяд, роҳи онҳо аз Туркманистон ба Тоҷикистон расид ва ӯ синфи ҳафтумро дар мактаби рақами 21-и Душанбе хатм кард. “Баъдан, барои таҳсил ба Маскав рафтам. Пас аз бозгашт дар студияи “Тоҷикфилм” кор карда, дар офаридани филмҳои ҳунарӣ низ саҳм гирифтам”, - афзуд ӯ. Заур Дахте, аз ҷумла, дар наворбардории филми “Рустам ва Сӯҳроб” саҳм гирифта, бо садҳо асари аккосии худ дар намоишгоҳҳои Чин, Ҳиндустон, Ҷопон, Русия, Фаронса, Олмон, Қазоқистон, Озарбойҷон ва Беларус низ Тоҷикистонро намояндагӣ кардааст.

Лаҳзае аз филми Рустам ва Сӯҳроб

Лаҳзае аз филми Рустам ва Сӯҳроб

Тавре худаш мегӯяд, то замоне ки ба нафақа баромад, 13 филми бадеиро наворбардорӣ кард ва 17 бор бо “парашют” барои наворбардорӣ парвоз намуд. “Ҳатто ҳангоми наворбардории филме дар бораи як чатрбоз бо дастгоҳи наворбардорӣ аз “парашют” берун омадам. Баъдан барои ин филмбардорӣ дар як фестивали байналмилалӣ соҳиби ҷоиза шудам. Ҷоиза ба хотири беҳтарин наворбардори ҳавоӣ буд”, - нақл кард Заур Дахте.

Сафари Ҳақдод, раиси Иттиҳоди синамогарони Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз Заур Дахте «инсони зиндадил» ном бурд ва гуфт, ҳамин боис шудааст, касе бовар намекунад, ки ӯ як марди 80-сола аст. «Зеро ҳам дар зоҳир ва ҳам дар ботин ӯ аз синне, ки дорад, ҷавонтар менамояд. Вай аккосу наворбардори сермаҳсул аст. Бо онки дар нафақа аст, вале пайваста эҷод мекунад», - афзуд ӯ.

Худи Заур Дахте ҳам бо ҳазл дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, «онҳое, ки маро 80-сола мегӯянд, хато мекунанд, зеро ман ҳанӯз 18-солаам. Зиндагӣ худ ҳаракат аст ва вақте инсон низ ҳаракат мекунад ва чизҳои тоза меёбад, пириро дарк намекунад. Аммо агар дар хона шинӣ, на худат манфиат мебарӣ ва на каси дигар.”

Ин ҳунарманди тоҷик аз он нигаронӣ дорад, ки ҳоло аккосони ҷавон аз пайи дарёфти рӯзии худу хонаводаашон на ҳамеша дунболи сифат мегарданд ва вақти худро асосан барои наворбардории тӯю маросими марду сарф мекунанд. Ӯ гуфт, Тоҷикистон гӯшаҳои зиёде дорад, ки аз назарҳо дур мондааст ва аккосони ҷавон метавонанд бо наорбардории он дар намоишгоҳҳои ҷаҳонӣ иштирок ва кишварро намояндагӣ кунанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG