Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон 9 июн бо намоишгоҳи осори наққошони тоҷик, аксҳо ва ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Ин намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон дар Осорхонаи миллии санъати тасвирӣ ба номи Гапар Айтиев то поёни ҳафтаи ҷорӣ давом мекунад.

Дар оғози маросими гушоиши намоишгоҳ дар назди осорхона ҳунармандони тоҷик рақсу таронаҳои тоҷикӣ иҷро карданд. Ҳамчунин гурӯҳи духтарон намунаҳое аз либосҳои миллии тоҷикиро намоиш доданд, ки тарроҳи ҷавони тоҷик Хуршед Сатторов офаридааст.

Сипас ҳайати фарҳангии Тоҷикистон ҳузорро ба тамошои осори тасвирию наққошӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват кард. Осоре, ки дар ин намоишгоҳ гузошта шудаанд, дар гузашта дар шаҳрҳои Порису Маскав ва Пекину Остона ва Минск низ ба намоиш даромада буданд.

Палиной Марлен, сухангӯи Вазорати фарҳанг, иттилоот ва ҷаҳонгардии Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки 17 нафар аз наққошони тоҷик осори худро ба Бишкек овардаанд ва дар ин намоишгоҳ гузоштаанд. Дар миёни онҳо асарҳои Вафо Назаров, наққоши мардумии Тоҷикистон ва доктори ифтихорӣ дар бахши фалсафаи санъати тасвирии байналмиллалӣ гузошта шудааст.

Заур Дахте, аккоси тоҷик низ бо 80 асари аккосии худ, ки лаҳзаҳои гуногуни ҳаёт дар Тоҷикистон ва манзараҳои дилфиреби онро дар бар мегирад, ба ин намоишгоҳ овардааст.

Рӯзҳои фарҳангии Тоҷикистон дар Қирғизистон як рӯз пеш 8 июн дар шаҳри Бишкек гушоиш ёфт. Палиной Марлен мегӯяд, дар маросими кушоиши он устодони ҳунари эстрадӣ ва гурӯҳҳои мухталифи рақсии Тоҷикистон ба сокинон ва меҳмонони Бишкек ҳунари миллии тоҷиконро пешкаш карданд. Гузашта аз ин интизор меравад, ки дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои фарҳангӣ Рӯзҳои синамои Тоҷикистон низ баргузор шавад. Ба ин хотир 10 июн дар Хонаи синамои Қирғизистон ба номи Чингиз Айтматов дар Бишкек маросиме баргузор мешавад ва дар он ҷо то поёни ҳафтаи кунунӣ намоиши филмҳои Тоҷикистон низ давом мекунад.

Дар ин муддат гурӯҳҳои ҳунарӣ ба шаҳрҳои Чолпон-Атаи вилояти Иссиқкӯл ва шаҳри Қара-Балта мераванд ва консерт баргузор мекунанд.

Сухангӯи Вазорати фарҳанг, иттилоот ва ҷаҳонгардиии Қирғизистон мегӯяд, ҳайати Тоҷикистон дар назар гирифтааст, ки бо аъзои Иттиҳодияи нависандагон ва ҳунармандони театрҳои Қирғизистон низ диду боздидҳо анҷом диҳанд ва дар бораи ҳамкориҳо бо ҳам гуфтугӯ кунанд, зеро дар таркиби ҳайати фарҳангии Тоҷикистон нависандагон ва ҳунармандони театр низ ҳастанд.

Ҳайати Тоҷикистон ҳамчунин дар чаҳорчӯбаи Рӯзҳои фарҳангӣ ба тамошои намоишномаҳои театрии Қирғизистон хоҳанд рафт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG