Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро – аз инқилоб то ғуруб. АКСУ ВИДЕО

Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба
Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба

Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва низоми марксистӣ – ленинӣ ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро бародараш Раул Кастро, ки ҳоло зимоми қудрат дар Кубаро дар даст дорад, тавассути телевизион эълон кард. Ӯ гуфт, "мардуми азизи Куба, бо андӯҳи амиқ бояд ин хабарро ба Шумо ва дӯстонамон дар Амрикову гӯшаҳои дунё расонам, ки соати 22:29 дақиқаи шаби 25 ноябр раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро даргузашт." Раул Кастро дар идома гуфт, бино ба васияташ ҷасади Фидел Кастро сӯзонда мешавад. То рӯзи 4 декабр дар Куба мотами миллӣ эълон шуда ва то кунун раҳбарони чанде аз кишварҳои ҷаҳон таслияти худро нисбат ба даргузашти Касто изҳор доштаанд.

Раул Кастро дар ҳоли эълони марги раҳбари пешини Куба Фидел Кастро

Фидел Кастро охири соли 1956 бо гурӯҳе аз инқилобиҳо, ки теъдодашон ба 800 нафар мерасид, ба ҷанги чирикӣ алайҳи режими Батиста оғоз кард.

Фидел Кастро аз соли 1959 то 2008, тақрибан 50 сол раҳбарии Кубаи коммунистиро бар ӯҳда дошт, вале дар соли 2008 ба сабаби беморӣ қудратро ба бародараш Раул Кастро вогузор кард. Хабаргузори Ройтерс менависад, ҳарчанд Фидел Кастро ба унвони "раҳбари харизматик" ёд мешавад, вале мухолифонаш ӯро барои нақзи озодиҳо башиддат интиқод кардаанд. Онҳо ба гунаи мисол аз муҳоҷирати як миллион сокини Куба дар панҷ даҳаи раҳбарии Фидел Кастро ёд меоранд.

Аз оғоз то охири Фидел Кастро дар аксҳо

Раҳбари собиқи Куба ҳамроҳи Никита Хрушев дар Маскав. Соли 1963
1/14 Раҳбари собиқи Куба ҳамроҳи Никита Хрушев дар Маскав. Соли 1963
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро ва Никита Хрушев дар Абхозистон. Моҳи майи 1963
2/14 Фидел Кастро ва Никита Хрушев дар Абхозистон. Моҳи майи 1963
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро (тарафи рост) ҳамроҳи Че Гавара
3/14 Фидел Кастро (тарафи рост) ҳамроҳи Че Гавара
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро дар Вашингтон, моҳи апрели 1959
4/14 Фидел Кастро дар Вашингтон, моҳи апрели 1959
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Раҳбари собиқи Куба ҳангоми суханронӣ дар Ҳавана, соли 1978
5/14 Раҳбари собиқи Куба ҳангоми суханронӣ дар Ҳавана, соли 1978
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро бо бародараш Раул Кастро, соли 1979
6/14 Фидел Кастро бо бародараш Раул Кастро, соли 1979
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Дидори Фидел Кастро бо Михаил Горбачев дар Кремлин
7/14 Дидори Фидел Кастро бо Михаил Горбачев дар Кремлин
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро
8/14 Фидел Кастро
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро бо раиси ҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, соли 2012
9/14 Фидел Кастро бо раиси ҷумҳури собиқи Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод, соли 2012
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро, моҳи апрели 2015
10/14 Фидел Кастро, моҳи апрели 2015
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Раҳбари собиқи Куба бо Франсуа Олланд, президенти Фаронса. Моҳи майи 2015
11/14 Раҳбари собиқи Куба бо Франсуа Олланд, президенти Фаронса. Моҳи майи 2015
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро бо бародараш Раул, моҳи апрели 2016
12/14 Фидел Кастро бо бародараш Раул, моҳи апрели 2016
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро (байн) бо бародараш Раул (чап) ва Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла. Моҳи августи 2016
13/14 Фидел Кастро (байн) бо бародараш Раул (чап) ва Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэла. Моҳи августи 2016
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
Фидел Кастро ҳамроҳи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон. Моҳи сентябри 2016
14/14 Фидел Кастро ҳамроҳи Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳури Эрон. Моҳи сентябри 2016
Фидел Кастро – раҳбари пешини Куба, ки соли 1959 режими Фулгенсио Батистаро сарнагун ва режими марксистӣ – лениниро ҷорӣ карда буд, дар 90-солагӣ даргузашт. Хабари марги ӯро субҳи 26 ноябр бародараш Раул Кастро тавассути телевизионҳои расмӣ эълон кард.
пешина
баъдӣ

Бисёре аз сокинони Куба, ки ба тарки кишвар маҷбур шуда ва бархеи онҳо дар Амрико сукунат ихтиёр карданд, низ ба ҳамин қатор шомил ҳастанд. Бештари ин афрод, ки дар Маями, воқеъ дар ҷануби шарқи иёлати Флорида зиндагӣ мекунанд, ба дунболи хабари марги Фидел Кастро ба хиёбонҳо баромаданд.

Хабари даргузашти Фидел Кастро бархе аз сокинони аз ватан дурафтодаи Кубаро ба кӯчаҳои Маями баровард

Фидел Кастро охири соли 1956 бо гурӯҳе аз инқилобиҳо, ки теъдодашон ба 800 нафар мерасид, ба ҷанги чирикӣ алайҳи режими Батиста оғоз кард. Се сол баъдаш ӯ бо нерӯҳои худ пирӯзмандона вориди Ҳавана шуд ва бо миллӣ кардани ширкату муассисаҳои хусусӣ аз Амрико ба унвони душмани рақам як ном бурд.

Дар ҳамин замон буд, ки Куба аз пуштибонии ҳамаҷонибаи Иттиҳоди Шӯравӣ бархӯрдор гардид, ба ҳадде ки авҷи ҳимоят ба “бӯҳрони мушакии Куба” дар соли 1962 маъруф шуд. Иттиҳоди Шӯравӣ бо истиқрори мушакҳои миёнбурди атомӣ дар Куба то остонаи ҷанги атомӣ бо Амрико пеш рафт.

90 соли Фидел Кастро дар навори видео:

Кубинскому команданте на пенсии исполнилось 90 лет
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:04 0:00

Баъди фурӯпошии Шӯравӣ дар соли 1990 Куба вориди як бӯҳрони шадиди иқтисодӣ шуд, бӯҳроне, ки ҳукумати Фидел Кастроро водор ба ислоҳоти иқтисодӣ кард. Баъдтар, ба дунболи рӯйи кор омадани Раул Кастро Куба ба сӯи иқтисоди бозори озод қадам гузошт. Робитаи Куба бо Амрико низ баъди ба қудрат расидани Раул Кастро, дар соли 2015 бо як оштии таърихӣ беҳтар шуд ва ин оштӣ бо сафари Барак Обама, раиси ҷумҳури кунунии Амрико дар моҳи марти соли равон ба Ҳавана то ҳадде такмил гардид.

XS
SM
MD
LG