Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фидел Кастро пас аз 9 моҳ дар ҷамъи умум зоҳир шуд (ВИДЕО)


Ба гузориши хабаргузориҳо Фидел Кастро, раҳбари пешини Куба пас аз нӯҳ моҳ дар ҷамъи умум зоҳир шудааст.

Дар аксҳо ва наворҳое, ки вебсайтҳо ва рӯзномаҳои чопи Куба мунташир кардаанд, Фидел Кастрои 87-сола, ки хастагӣ ва бемадорӣ бар асари беморӣ ба шиддат дар ӯ намоён аст, дар ҳоли тамошои осорӣ ҳунарӣ аст.

Фидел Кастро охирин бор 9 моҳ пеш дар маросими ифтитоҳи як мактаб ширкат кард. Ӯ аз соли 1959 то соли 2008 раҳбарии Кубаи коммунистиро бар ӯҳда дошт, аммо дар соли 2008 ба сабаби беморӣ қудратро ба бародараш Раул Кастро вогузор кард.

Бинобар гузоришҳо, раҳбари пешини Куба, дар моҳи декабри соли гузашта бо Николас Мадуро, раиси ҷумҳури Венесуэло дидор кардааст.

XS
SM
MD
LG