Пайвандҳои дастрасӣ

Куба нокомии иқтисоди коммунистиро эътироф кард


Президенти Куба Раул Кастро эълон кард, ки дар давоми шаш моҳи оянда камаш ним миллион коргари муассисаҳои давлатӣ шуғли худро аз даст хоҳанд дод.

Коршиносон ин иқдомро яке аз муҳимтарин чорабиниҳои ҳукумати Куба дар тӯли панҷову як соли ҳукмронии коммунистон номидаанд. Ҷои ёдоварист, ки як ҳафта пеш раҳбари инқилоби Куба Фидел Кастро, дар сӯҳбаташ бо рӯзноманигорони амрикоӣ гуфта буд, ки аз ин ба баъд дар Куба иқтисоди коммунистӣ вуҷуд дошта наметавонад.

Куба тасмим гирифтааст ба ташкили ширкатҳои хусусӣ дар хоҷагии ин кишвар иҷозат диҳад. Ин бузургтарин иқдоми сиёсӣ аз замони сари қудрат омадани Фидел Кастро дар соли 1959 унвон дода мешавад.

Ихтисрои 500 000 ҷои кор дар дастгоҳи давлатӣ

Рӯзи душанбеи 13-уми сентябр Иттиҳодияи Коргарони Куба эълон кард, ки то моҳи марти соли оянда дар сектори давлатӣ то ним миллион ҷои кор баста мешавад. Ба қавли иттиҳодия аз ин ба баъд давлат наметавонад муассисаҳои иқтисодиеро, ки каммаҳсул ҳастанд, дар зери қаноти худ қарор диҳад. Дар изҳороти иттиҳодия таъкид шудааст, ки солҳои оянда имконоти сектори хусусӣ тавсеа хоҳад ёфт, то садҳо ҳазор коргари бекормонда шуғли муносибе пайдо кунанд.

Ин тасмим барои тамоми ҷонибҳо ҳайратовар аст, зеро сарнавишти тақрибан 10 дар сади нерӯи кории Кубаро дар бар мегирад.
Моҳи равон ҳангоми сӯҳбат бо хабарнигори амрикоӣ Ҷефрӣ Голдберг раҳбари инқилоби Куба, собиқ президенти ин кишвар Фидел Кастро эътироф кард, ки дар ин кишвар иқтисоди дастаҷамъии сотсиалистӣ ҷои по пайдо накард.

Баъд аз он аснои суханронӣ дар Анҷумани миллӣ президенти кунунии Куба Раул Кастро гуфт: "Бояд ин фикрро аз сар дур кард, ки шахс метавонад бидуни шуғле ҳам рӯзгорашро пеш барад".

Хабаргузориҳо бо такя ба дастури ҳукумати Куба навиштаанд, ки давлат ба 120 навъи соҳибкорӣ, аз ҷумла тармими хонаҳо, сартарошӣ, таъмири мошинҳо, пинадӯзӣ, боғдорӣ, тарҷумонӣ ва шабеҳи он муҷаввизи фаъолият хоҳад дод.

бар илова кооперативҳое, ки то кунун зери парчами давлат кор мекарданд, хусусӣ мешаванд ва раҳбарии онро на маъмурони давлатӣ, балки ходимони худи корхона бар дӯш мегиранд.

"Куба мехоҳад тарҳи чинии идораи иқтисодро қабул кунад"

Шореҳон ин иқдомро бузургтарин чорабинии соҳаи иқтисод дар даврони ҳукмронии Раул Кастро меноманд, ки соли 2008-ум ба ҷои бародараш Фидел ба курсии раёсатҷумҳурӣ нишастааст. Қаблан Раул Кастро ба истифодаи заминҳои бекорхобида аз тарафи кишоварзони алоҳида ва истифодаи васеътари телефонҳои мобил иҷозат дода буд. Президенти Куба мегӯяд, кишвараш аз роҳи сотсиализм рӯй намегардонад, вале эҳёи иқтисоди ноком ба иқдомҳои қотеъ ниёз дорад.

Коршиносон мегӯянд, зоҳиран мақомоти Ҳавана мехоҳанд, тарзи ҳокимиятдории Чинро ба ҳайси намуна қабул кунанд, ки дар он ҳизби коммунист назорати шадиди ҳаёти сиёсиро ҳифз намуда, ба фаъолиятҳои иқтисодӣ дар сектори хусусӣ монеъ эҷод намекунад.

Зимнан дар сӯҳбат бо хабарнигори амрикоӣ ҳам Фидел Кастро таъкид кард, ки Куба ҳеҷ гоҳ модели иқтисодии ИМА-ро намуна қарор нахоҳад дод, зеро он муназзам бо бӯҳронҳо мувоҷеҳ мешавад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG