Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Назир Ҳабибов, сарояндаи туркман 12 сол зиндонӣ шуд


Тавре расонаҳо хабар медиҳанд, овозхони машҳури туркман Назир Ҳабибов 12 сол зиндонӣ шудааст. Ӯро дар харидан ва истифодаи маводи мухаддир айбдор мекунанд.

Баъди ҳукми додгоҳ, мақомоти Туркманистон бо ҳамсари овозхон мулоқот карда, аз ӯ хостаанд, ки бо расонаҳо мусоҳиба накунад.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки 28 август (дар рӯзи боздошти Ҳабибов), сарояндаи дигар Ҳоҷӣ Язмаммадов низ боздошт шудааст. Аммо бо гузашти чанд рӯз ӯро раҳо кардаанд.

XS
SM
MD
LG