Пайвандҳои дастрасӣ

Трамп пирӯзиашро расман эълон кард. ВИДЕО


Доналд Трамп, номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, пирӯзиашро дар интихоботи президентии Амрико дар ҳузури садҳо тан аз тарафдоронаш эълон кард. Ӯ гуфт, ки рақибаш Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ дар як тамоси телефонӣ пирӯзии ӯро эътироф кардааст.

"Ман ӯ ва хонаводаашро барои муборизаи сахт дар интихобот табрик гуфтам. Клинтон барои мо кори зиёд кардааст ва бояд аз ӯ сипосгузор бошем. Мо бояд ба ҳайси миллати воҳид сарҷамъ шавем. Ман ба ҳар як шаҳрванди Амрико ваъда медиҳам, ки президенти онҳо мешавам. Ин барои ман муҳим аст. Барои онҳое, маро интихоб накарданду камтар буданд, муроҷиат мекунам, ки маро ҳимоят кунед, то ҳамроҳ кишварро муттаҳид созем", - таъкид дошт ӯ.

Натиҷаи интихоботи Амрико инҷост:

Бино ба натиҷаҳои пешакии интихоботи Амрико, Доналд Трамп - номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ бо дарёфти 276 раъй президенти мунтахаби Иёлоти Муттаҳида шудааст. Бар асоси натиҷаҳои пешакии интихобот, Ҳилларӣ Клинтон, номзади Ҳизби демократ 218 раъй гирифтааст, ки барои пирӯзӣ кофӣ нест. Дар ҳамин ҳол, раиси ситоди интихоботии Ҳилларӣ Клинтон хитоб ба ҳозирон дар ситоди номзади Ҳизби демократ гуфт, "имшаб чизе нахоҳем гуфт". Вай аз ҳозирон хостааст, ба хонаҳои худ бираванд, то замоне ки ҳамаи овозҳо шумурда шаванд.

Дар Вирҷиния қарор буд, аксарият ба хонум Клинтон раъй бидиҳанд, вале инҷо низ ӯ бо раъйи андаке бурд.

Доналд Трамп аксарияти орои аёлатҳои бузурге ба мисли Техас ва аёлатҳои дигари ҷанубӣ ва марказиро соҳиб шуд ва хонум Клинтон фосиларо зиёдтар кард. Монтана ва Вайоминг низ бештар тарафдори Трамп будаанд.

Ҳамин тавр, раъйдиҳӣ барои интихоби президенти нави Амрико ба поён расидааст. Баъди як маъракаи тарғиботии пуршӯру баҳс дар таърихи Амрико, 8 ноябр мардум барои интихоби раиси ҷумҳур ба пойи сандуқҳои раъй рафтанд. Ду номзади аслӣ - Ҳилларӣ Клинтон аз Ҳизби демократ ва Доналд Трамп аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ - низ дар раъйдиҳӣ иштирок карданд.

Хабарнигори тоҷик Абдуфаттоҳ Шафиев, ки ҳоло дар Ню Йорк аст, ба ҳамин ҳавзаи раъйдиҳӣ рафта буд ва мегӯяд, қабл аз овоздиҳии Доналд Трамп ду зани нимбараҳна ба нишони эътироз ба ин ҳавза омаданд, вале пулис онҳоро бурд. Вақти ҳузури Доналд Трамп дар қитъаи раъйдиҳӣ ҳудуди 100 нафар бо муроҷиат ба номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ фарёд мезаданд, ки "Ню Йорк ба ту нафрат дорад", вале тарафдоронаш ба нишони ҳимояту ташвиқи ӯ нидо мебароварданд. Ҳилларӣ Клинтон ҳамроҳ бо шавҳараш Билл Клинтон баъди берун омадан аз як қитъаи раъйдиҳӣ дар шаҳраки Чапакуа дар наздикии Ню Йорк гуфт, фавқулода хушҳол аст. Айни замон Доналд Трамп бо ҳамсараш Меланӣ ба яке аз қитъаҳои раъйдиҳӣ ба Манҳеттен, маркази Ню Йорк рафт ва онҷо раъй дод. Ӯ баъди раъйдиҳӣ гуфт, ки имрӯз рӯзи аҷибе мешавад.

Навори сӯҳбат бо Абдуфаттоҳ Шафиев:

Субҳи 8 ноябр дар мусоҳибаи телефонӣ бо телевизиони Фокс, Доналд Трамп гуфт, интихобот як "ҷараёни фавқулода" буд ва онро як ҳаракат номид ва гуфт, ки мардуми Амрико мардуми "фавқулода" ҳастанд. Корзори интихоботии олуда ба эҳсосоту адоват як шикофи амиқ дар саҳнаи сиёсии Амрикоро нишон дод ва ҳар касе, ки дар интихобот пирӯз мешавад, бо раъйдиҳандагони тақсимшуда дар ду ҷабҳа кор хоҳад дошт.

Ҳилларӣ Клинтони 69-сола ва Трампи 70-сола дар ҷараёни маъракаи тарғиботӣ якдигарро бисёр озурда карданд, ки ба гуфтаи баъзе аз таърихшиносон баёнияҳои эҳсосӣ ва омехта бо дашномро дар таърихи муосири Амрико нишон дод. Тибқи назарсанҷиҳо бисёре аз мардуми кишвар ба ҳарду номзад назари мусбат надоранд.

Доналд Трамп, соҳибкори сарватманд ва ситораи собиқи барномаи телевизионӣ, ки ҳеҷ гоҳ дар ниҳоди давлатие кор накардааст, як дафъа гуфт, агар раиси ҷумҳур шавад, Ҳилларӣ Клинтонро барои истифодаи имейли хусусӣ барои мукотибаҳои давлатӣ ба зиндон меандозад. Дар баъзе аз маъракаҳои тарғиботиаш “ӯро зиндонӣ кунед” ба шиори тарафдоронаш табдил ёфт. Доналд Трамп бо пешниҳодҳои ҷанҷолӣ ба мисли “манъи вуруди мусулмонон ба Амрико” ва бунёди девор байни Мексикаву Амрико барои роҳ надодан ба муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз миёни довталабони дигар номзад ба мақоми раиси ҷумҳур аз Ҳизби ҷумҳурихоҳ интихоб шуд.

Ҳилларӣ Клинтон, сенатор ва вазири умури собиқи умури хориҷӣ ваъда додааст, ки сиёсатҳои Барак Обама, раиси ҷумҳури кишварро идома медиҳад ва гуфтааст, бо назардошти таҷрибаи бояш дар сиёсат ӯ лоиқи раиси ҷумҳур будан аст. Дар сурати пирӯзӣ ӯ нахустин раиси ҷумҳури зан дар Амрико мешавад ва бар асоси назарсанҷиҳо мумкин аст, ӯ дар интихобот пирӯз шавад.

Ромин Ҳодизода, як тоҷики муқими Амрико мегӯяд, тарафдорони Ҳилларӣ Клинтон дар байни тоҷикон ва форсизабонон дар Амрико зиёд аст, зеро Доналд Трамп бо баёнияҳои баҳсбарангезаш онҳоро аз худ дур кардааст. "Онҳо аз баёнияҳои Доналд Трамп нороҳат шудаанд ва нигаронӣ мекунанд ва мегӯянд, ки агар Трамп пирӯз шавад, нажодпарастон дар Амрико нерӯ мегиранд."

Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико, ки мардумро ба раъйдиҳӣ ба тарафдории Ҳилларӣ Клинтон ташвиқ мекард, изҳори умедворӣ кардааст, ки хонум Клинтон пирӯз мешавад. Дар манотиқи шарқии Амрико, ҳавзаҳои раъйдиҳӣ соати 6-и бомдод боз шуд ва пештар аз ин баъзе аз рустоҳои аёлати Ню Ҳемпшир раъй доданд. Теъдоди рекордии амрикоиён тақрибан 46 миллион нафар пешопеш аз тариқи почта ва ё дар қитъаҳои раъйдиҳӣ номзади дилхоҳашонро баргузидаанд.

Қарор аст, натиҷаҳои муқаддамотии интихобот баъди баста шудани ҳавзаҳои раъйдиҳӣ дар соати 7 дар шаш аёлат аз Ҷорҷиа, Каролинаи Ҷанубӣ, Вирҷиния, Вермонт, Кентаки ва Индиана эълон шавад. Дар манотиқи соҳилии шимолӣ аз ҷумла Калифорния қитъаҳои раъйдиҳӣ соати 8 баста мешаванд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG