Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Клинтону Трамп овоз доданд. Маъракаи пуршӯри интихоботӣ ба анҷом мерасад. 2 ВИДЕО


Баъди як маъракаи пуршӯру баҳс субҳи 8 ноябр шаҳрвандони ИМА барои интихоби президенти нави худ пои сандуқҳои раъй мераванд. Нуқтаҳои раъйдиҳӣ дар аксар манотиқ аз соати 6 бомдод боз шуданд, ҳарчанд баъзе рустоҳои аёлати Ню-Ҳемпшир пештар аз дигарон дар овоздиҳӣ иштирок карданд. Шумори рекордии амрикоиҳо, яъне беш аз 46 миллион нафар, бо ирсоли нома ва ё дар нуқтаҳои раъйдиҳӣ аз қабл овоз доданд.

Номзади демократҳо Ҳилларӣ Клинтон дар назди манзили худ дар шаҳраки хурди Чапакваи воқеъ дар наздикиҳои Ню-Йорк овоз дод. Ӯ мехоҳад нахустин президенти зан дар таърихи ИМА шавад ва аксар пурсишҳои афкори умум пешгӯӣ мекунанд, ки шонси ӯ барои пирӯзӣ бар номзади дигари калидӣ – Доналд Трамп аз ҳизби ҷумҳурихоҳ хеле зиёд аст.

“Ман хеле шодам, фавқулодда шодам”, гуфт Клинтон дар лаҳзае, ки баъди овоз додан аз нуқтаи раъйдиҳӣ ҳамроҳ бо ҳамсараш – Билл Клинтон, президенти собиқи ИМА берун шуд. Вай гуфт, ки бисёриҳо ҳоло натиҷаҳои раъйгириро мунтазир ҳастанд.

Доналд Трамп ҳам ҳамроҳ бо ҳамсараш дар як нуқтаи раъйдиҳии Манҳеттер дар Ню-Йорк овоз дод. Ду соат пеш аз ин, ду зани нимабараҳнаи эҳтимолан марбут ба гурӯҳи украинии “Фемен” вориди ин нуқтаи раъйдиҳӣ шуда, зидди Трамп шиор партофтанд. Трамп баъди ду соат пайдо шуд. Полис онҳоро боздошт кард. Аз рӯи қонунҳои Амрико, таблиғот ба фоида ё бар зарари номзади интихобот дар дохили нуқтаи раъйгирӣ ҷиноят арзёбӣ мешавад.

Аввалин натиҷаҳои раъйгирӣ қарор аст баъди анҷоми овоздиҳӣ дар соҳилҳои ғарбии кишвар эълон шавад.

Номзаде, ки аксари раъйи 538 интихобкунандаро аз рӯи низоми Маҷмаи интихоботӣ ба даст меорад, баъди Барак Обама - президенти 44-ум ва нахустин раҳбари сиёҳпӯсти Амрико - раҳбарии кишварро ба ӯҳда мегирад.

Трамп, ки аз ин пеш гуфта буд, “интихобот бар зидди ӯ тақаллуб шуд”, то ҳол нагуфтааст, ки дар сурати нокомиаш натиҷаҳои интихоботро эътироф мекунад ё на. Вале субҳи рӯзи интихобот писари калониаш гуфт, ки Трамп натиҷаҳои интихоботи “одилонаро” эътироф хоҳад кард.

Доналд Трампи хурдӣ дар сӯҳбат бо шабакаи CNN гуфт, ки бовар дорад ба фоидаи падараш онҳое овоз медиҳанд, ки то охирин лаҳза намедонистанд номзади мавриди назари онҳо кист.

Рӯзе пеш аз интихобот нигарониҳое садо медод, ки ба ҳангоми райъдиҳӣ мушкилоте пеш меояд, вале бо шурӯи интихобот ва бо назардошти навбатҳои тӯлонии мардум барои овоздиҳӣ, маълум шуд, ки мушкилот ночиз будааст.

Чанд мушкили фанние дар аёлати Каролинаи Шимолӣ, як нуқтаи барои Трамп муҳими раъйдиҳӣ ба мушоҳида расид. Баъди пайдо шудани мушкилот бо компютерҳои нуқтаҳои раъйгирӣ, мақомоти интихоботӣ тасмим гирифтанд ба овоздиҳии коғазӣ рӯ биёранд.

Номзад ба мақоми муовини Клинтон дар мақоми президенти Амрико сенатор Тим Кейн субҳи барвақт ҳамроҳ бо ҳамсараш дар аёлати Вирҷиниа овоз дод. Вай гуфт, ки аз рӯҳияву энержии мардум эҳсос мекунад, ки овоздиҳӣ хеле хуб пеш меравад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин эҳсосоти мардум то охири рӯз идома хоҳад кард.

Нозирони давлатӣ ва интихоботӣ гузориш медиҳанд, ки дар соатҳои аввали овоздиҳӣ шаҳрвандони зиёд пои сандуқи раъй омаданд ва дар миёни овоздиҳандаҳо амрикоиҳои лотинизабон зиёд буданд. Эҳтимоли зиёд ин аст, ки онҳо ба тарафдории Клинтон овоз медиҳанд. Хабаргузории Ассошейтед Пресс (АП) гуфт, ки то рӯзи 7 ноябр 43,2 миллион нафар овоз доданд. Соли 2012 раъйи худро пеш аз интихобот 46 миллион нафар дода буданд. Овоздиҳии амрикоиҳои лотинизабон бештар дар иёлоти Флорида, Невада ва Колорадо мушоҳида шудааст, ки барои Трамп муҳимтарин манотиқ барои пирӯзӣ арзёбӣ мешавад.

Дар Флорида аллакай 6,4 миллион нафар райъ доданд. Ин шумор аз чор се ҳиссаи овоздиҳандагонро ташкил медиҳад, ва, бино ба гузориши АП, демократҳо (бо 39,9 дар сади овозҳо) аз ҷумҳурихоҳҳо (38,5 %) пешсафанд. Дар Каролинаи Шимолӣ аз се ду ҳиссаи раъйдиҳандагон овоз додаанд ва аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ, демократро бо 42 дарсади овозҳо дар муқобили 32 дар сад аз ҷумҳурихоҳон пешсафанд.

Мудири маъракаи интихоботии Клинтон Робби Мук гуфт, ки ширкати фаъоли раъйдиҳандагон аз он шаҳодат медиҳад, ки мавқеи демократҳо қавитар аст.

Дар Колорадо, ки тахминан 70 дар сади аҳолиаш аллакай овоз додааст, бар асоси шумориши пешакии райъҳо, ҳарду номзад тахминан 35-дарсадӣ овоз гирифтаанд.

Ба назар мерасад, ки Трамп дар овоздиҳии субҳи барвақт дар Аризона, Айова ва Оҳайё бурд кардааст. Дар Аризона, ки аз се ду ҳиссаи мардум овоз додаанд, ҷумҳурихоҳҳо бо 40 дар сад пешсафи демократҳо ҳастанд (34 дар сад).

Худи Трамп дар як мусоҳибаи телефонӣ бо Fox TV субҳи 8 ноябр гуфт, ки маъракаи интихоботӣ “як ҷараёни фавқулодда ҷолиб буд”. Вай маъракаи таблиғотии худро “як ҷараён” хонд ва аз амрикоиҳо ба ҳайси мардуми “ғайриоддӣ” ситоиш кард.

Рӯзи 8 ноябр дар лаҳзаҳои аввали нимашаб пеш аз дигарон сокинони се рустои аёлати Ню-Ҳемпшир овоз доданд. Ҳисобҳои пешакӣ нишон медиҳад, ки Клинтон бо 32 дар сад дар муқобили 25 дар сади Трамп пешсаф аст.

Рӯзи 8 ноябр инчунин овоздиҳӣ барои интихоби 435 узви Маҷлиси намояндагон ва 34 узви Сенати Амрико баргузор мешавад. Аъзои нави Сенат сӣ дар сади шумори умумии аъзои Сенати иборат аз 100 узвро ташкил медиҳанд. Барои назорат аз ҷараёни интихоботи ИМА 400 нозири кӯтоҳ ва дарозмуддати САҲА сафарбар шудаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG