Пайвандҳои дастрасӣ

Туркия: "Амрико ваъда дод, ки курдҳо ба Раққа ворид намешаванд"


Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия.

Туркия мегӯяд, Амрико ба Анкара ваъда додааст, ки размандагони курд дар Сурия фақат дар муҳосираи Раққа -- маркази гурӯҳи ба ном Давлати исломӣ кӯмак мекунанд ва ба шаҳр ворид намешаванд. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 8-уми ноябр гуфт, Анқара ба он бартарӣ медиҳад, ки нерӯҳои араби таҳти ҳимояти Амрико ва аз ҷумла нерӯҳои заминии Туркия, вориди Раққа шаванд. Аз ин пештар рӯзи 7-уми ноябр Нӯъмон Култумуш, муовини вазири умури хориҷии Туркия ҳам ба ин нукта таъкид кард.

Нерӯҳои демократии Сурия, эътилофи гурӯҳҳои мухолифи давлати Сурия бо раҳбарии нерӯҳои пешмаргаи курд рӯзи 6-уми ноябр амалиёте барои бозпас гирифтани шаҳри Раққа шурӯъ карданд. Рӯзи 8-уми ноябр нерӯҳои пешмаргаи курд дар рустоҳо ва шаҳракҳои ҷанубу шимоли Раққа бо аъзои гурӯҳи ба ном "Давлати исломӣ" меҷангиданд. Амрико размандагони пешмаргаро як нерӯи муассир дар ҷанг ба зидди гурӯҳи ифротгаро мешуморад, вале Туркия мухолифи нақши муҳим бозидани размандагони курд дар ҷанг ба зидди гурӯҳи "Давлати исломӣ"-и аст, зеро онҳоро ба доштани иртибот бо Ҳизби Коргарии Курдистон муттаҳам мекунад. Туркия ин ҳизбро созмони террористӣ эълон кардааст.

XS
SM
MD
LG