Пайвандҳои дастрасӣ

Сарвати сиёсатмадорони Украина ҳамаро ба ҳайрат овард


Баъзе аз вакилони украинӣ аз дидани сарвати ҳамкорон ба ҳайрат афтодаанд.

Баъзе аз вакилони украинӣ аз дидани сарвати ҳамкорон ба ҳайрат афтодаанд.

Қонуни нави Украина тафовути бузург байни даромади мардум ва сиёсатмадоронро ба намоиш гузошт.

Тарҳи ҳукумати Украина барои муқобила бо терроризм тафовути бузург миёни сарвати сиёсатмадорон ва мардуми оддӣ ошкор кард. Баъзе аз мансабдорон, миллионҳо доллар доштаанд, баъзеи дигар мошинҳои гаронбаҳо, соатҳои гаронқимати шветсариягӣ, ҷавоҳирот ва баъзеи дигар заминҳои бузургеро дар ихтиёр доштаанд.

Мақомоти Украина бар асоси Қонун дар бораи эъломияҳои электронии мансабдорон, ки моҳи май ва бо ҳадафи мубориза бо коррупсия қабул шуд, то 30-уми октябр вақт доштанд, ки даромаду моликият ва дороиҳои худро барои ҷомеаи ошкор кунанд. Онҳо ҳамаи дороии худро дар як вебсайте нашр карданд, ки бо кӯмаки Сандуқи Байналмилалии Пул раҳандозӣ шудааст ва ҳадаф аз ислоҳот низ шаффофият дар кори ҳукумати Украина ва мусоидат ба пешрафти иқтисоди бӯҳронзадаи кишвар аст.

Володимир Гройсман, нахуствазири Украина, ки гуфт, эъломи дороиҳои мансабдорон мисли ҷаҳидан аз ҳавопаймост, ошкор кардааст, ки ӯ ва ҳамсараш 1 миллиону 200 ҳазор доллар ва 460 ҳазор еврои нақд ва як коллексияи соатҳои гаронбаҳо доранд. Бар асоси эъломияҳое, ки мансабдорони Украина дар вебсайт нашр кардаанд, маълум мешавад, ки

Володимир Гройсман, соҳибкори собиқ, ки раиси вилоят ҳам будааст, мисли дигар мансабдорони украинӣ, пулҳои худро дар бонкҳои хориҷӣ нигаҳ медорад. Хабаргузории Ройтерс, ҳисоб кардааст, ки фақат 24 узви ҳукумати Украина дар хориҷ аз кишвар 7 миллион доллари нақд доштаанд.

Петро Порошенко, раиси ҷумҳури Украина сарвати бештар доштааст ва дар ҳисобҳои бонкиаш 26 миллион доллар нигаҳ медорад. Бар асоси эъломияи раиси ҷумҳур ӯ соҳиби саҳмияҳои 100 ширкат дар дохилу хориҷи кишвар аст ва даромади солонааш дар соли 2015 ба 2 миллион 400 ҳазор доллар расидааст.

Петро Порошенко, тоҷири собиқ ҳамчунин дар шаҳри Киев чандин хона доштааст, осоишгоҳе дар вилояти Одесса низ ба номаш аст. Замину коллексияи наққошӣ ва пайкараҳо аз қарни 19-20 дар ихтиёр дорад ва дар эъломияааш соатҳои гаронбаҳо, роял, қолинҳо ҳам зикр шудааст. Худи раиси ҷумҳур дар саҳифааш дар Фейсбук навиштааст, ки ҳамаи моликияту сарватро то замони раиси ҷумҳур шуданаш ба даст овард ва аз ҳамаи сарвате, ки дорад, ба давлат молиёт пардохтааст.

Надежда Савченко, вакили мардумии Украина ба як телевизион Украина гуфтааст, “сарвати вакилони мардумиро дида метавон гуфт, ки Сандуқи Байналмилалии Пул метавонад аз Украина қарз бигирад.” Дар Украина музди миёнаи кор 200 доллар аст.

Вазъи дигар дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон, ки бар асоси қонун, мансабдорон эъломияи дороиҳои худроба Кумитаи андоз месупоранд, вале кумита мегӯяд, ба далели "хусусӣ" будани эъломияи мақомдор дороиҳои онҳоро ошкор намекунад.

Аммо соли 2015 Қонун дар бораи хидмати давлатиро ислоҳ карданд, ки иҷоза намедиҳад, мансабдорон дар хориҷ ҳисоби бонкӣ боз кунанд ва хона бихаранд. Бар асоси ин тағйиро, агар хидматчии давлатӣ дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳисоби бонкӣ дошта бошад аз вазифааш барканор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG