Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуршед Сангинзода, раиси собиқи Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки се моҳ пеш бо иттиҳоми даст доштан дар фасоди молӣ боздошт шуда буд, метавонад бо пардохти 600 ҳазор сомонӣ (ҳудуди 76 000 доллар) аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шавад. Мирзосайфиддин Насриддинов, вакили дифои Сангинзода, 26 октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, қарори додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 25 октябр дар толори додгоҳи вилояти Суғд ҷараён гирифт ва бо таъйини ҷазо ба муттаҳам ба анҷом расид. Сангинзода баъди ин аз толори додгоҳ озод шуд.

Ӯ гуфт, раиси собиқи додгоҳ метавонад бо пардохти "15 ҳазор нишондиҳандаи ҳадди ақалл, яъне баробар ба 600 ҳазор сомонӣ ҷаримаи аз ҷониби додгоҳ муқарраршуда" аз ҷавобгарӣ озод шавад. Хуршед Сангинзода бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне "гирифтан"-у "додани пора" муттаҳам буд, ки аз рӯи қонунҳои кишвар, пардохти ҷарима ва ё дар маҷмӯъ то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Сангинзода ҳақ дорад аз болои ин ҳукм шикоят бурда, бозбинии онро талаб кунад.

Як назарсанҷӣ нишон додааст, ки масъулони низоми додгустарӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шумори 5 сохтори олудатарин ба фасод дар мақоми аввал қарор доранд.

Мақомоти Додгоҳи вилояти Суғд қарори судро нисбат ба Хуршед Сангинзода тасдиқ карда, вале аз шарҳи бештари он худдорӣ карданд. Бар асоси тағйироти ахир ба Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, як шахси масъул ва ё корманди идораи давлатии муттаҳам дар додану гирифтани ришва, вобаста аз сангинии ҷинояти содиршуда, метавонад бо пардохти ҷарима дар ҳаҷми "аз 3650 то 9125 ҳазор нишондиҳанда" аз зиндон озод шавад ва ё ба мӯҳлати аз 3 то 12 соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум шавад. Як нишондиҳанда баробар бо 40 сомонӣ мебошад.

Боздошт барои 50 ҳазор доллар пора

Хуршед Сангинзода, раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд, моҳи августи соли 2016 аз ҷониби мақомоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон боздошт шуд. Як манбаи наздик ба тафтиши ин қазия ба Радиои Озодӣ он замон гуфта буд, Сангинзода ҳангоми гирифтани ду ҳазор доллар ришва аз як корафтода боздошт шуда, баъдан талош кардааст, бо пешниҳоди 50 ҳазор доллар ба корманди Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз масъулият озод шавад. Дар натиҷа, Додгоҳи олӣ барои ҳабси пешакии вай иҷоза дод.

Чунин таблоҳо дар хиёбонҳои марказии Душанбе сокинонро ба мубориза бо фасод даъват мекунанд

Чунин таблоҳо дар хиёбонҳои марказии Душанбе сокинонро ба мубориза бо фасод даъват мекунанд

​Ба дунбол Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, бо нашри фармоне Хуршед Сангинзодаро “бинобар содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад”, аз мақомаш барканор кард. Аз рӯи қонунҳои Тоҷикистон, тасмими таъин ва барканории судяҳо дар низоми додгустарии кишвар дар салоҳияти президент аст.

Аз замони боздошташ то имрӯз мавқеи худи Сангинзода ба ин қазия мушаххас нест. Хешовандонаш ҳам аз сӯҳбат бо матбуот дар ин замина худдорӣ мекунанд. Хуршед Сангинзода, як додраси собиқадори низоми додгустарии Тоҷикистон моҳи майи соли гузашта аз вазифаи раиси додгоҳи ноҳияи Шаҳристон озод ва раиси додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд таъин шуда буд.

Дар миёни сохторҳои фасозадатарин

Бино ба маълумоти расмии Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасод дар вилояти Суғд, дар нимсолаи аввали соли равон кормандони ин ниҳод беш аз дусад мансабдорро дар иртибот ба содир шудани ҷиноятҳои коррупсионӣ дастгир кардаанд. Миёни афроди боздоштшуда кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, бонкҳо, бахши кишоварзӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маориф ва тандурустӣ будаанд.

Як назарсанҷии 5 соли пеш дар Тоҷикистон, ки бо мусоидати Созмони Милали Муттаҳид анҷом шуд, нишон додааст, ки масъулини низоми додгустарӣ ва ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ дар шумори 5 сохтори олудатарин ба фасод дар мақоми аввал ҳастанд ва ба гуфтаи 60 дар сади аҳолӣ - ришва мегиранд. Дар ин муддат нисбат ба 1200 додрасу муфаттиш ва маъмурони амниятиву кормандони милиса ва афсарони дигар ниҳодҳои қудративу интизомӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Искандар Саидзода

Искандар Саидзода

Моҳи октябри имсол додгоҳе дар Тоҷикистон дар як қазияи пурсарусадои дигар нуқта гузошт. Искандар Саидзода, додраси додгоҳи ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои гирифтани пора дар ҳаҷми 111 ҳазор доллар муттаҳам мешуд, рӯзи 8 октябр ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Додгоҳи олӣ гуфт, ки Саидзода дар ивази ришва нисбат ба ду нафар ҷазои ғайриҳабсӣ, яъне ҷаримаро татбиқ карда буд. Мавқеи худи Саидзода ба ин қазия мушаххас нест ва дар ин қазия ҳам хешутабори додраси собиқ нахостанд, изҳори назар кунанд.

Фасод як мушкили фарогири низоми идории Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар гузоришҳои байналмилалӣ ин кишвар барои он интиқод шудааст, ки дар роҳи мубориза бо фасод аксаран бо масъулини зинаҳо поёнӣ маҳдуд шуда, мансабдорони баландпоя ва бонуфузи олуда ба фасодро ба ҷавобгарӣ намекашад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG