Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳи вилояти Хатлон Ориф Ҳайбуллоев, мудири шӯъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиёнро ба мӯҳлати 7,5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Маҳкумияти мудири бахши кадрҳои ноҳияи Қубодиёнро рӯзи 22 сентябр додгоҳи вилояти Хатлон дар суҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард. Як манбаъ гуфт, ки ҳукми додгоҳ аллакай қувваи қонунӣ гирифтааст. Додгоҳ Ориф Ҳайбуллоевро бар асоси моддаи 319, қисми 4-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, яъне гирифтани пора бо тамаъҷӯи ва такроран гирифтани пора айбдор кардааст.

Як масъули ҳукумати ноҳияи Қубодиён бидуни зикри номаш бо такя ба хулосаҳои додгоҳ гуфт, ки Ҳайбуллоев гӯё ба як сокини ноҳия ваъдаи вазифа карда, вале дар иваз пул талаб кардааст. Ба ба ҳангоми гирифтани пора ӯ аз ҷониби ходимони амният боздошт шудааст.

Ғулом Бобоев, вакили Ориф Ҳайбуллоев низ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки зерҳимояаш ба ҳангоми гирифтани 1000 сомонӣ ришва аз як сокини Қубодиён боздошт шуд. Бо он ки масъулони додгоҳи вилоятии Хатлон аз ду нафаре, ки барои Ориф Ҳайбуллоев барои гирифтани вазифа пул пешниҳод кардаанд ном намебаранд, аммо манобеи ғайрирасмӣ мегӯянд, ки яке онҳо гӯё мехостааст мудири дабиристон ё боғчаи кӯдакон шавад.

Амриддин Сафарзода, қозии мурофиаи Ориф Ҳайбуллоев, мегӯяд, дар парвандаи ҷиноие, ки ҳукмашро содир кардааст, ду лаҳзаи гирифтани пора қайд шудааст: марҳилаи аввал 1000 сомонӣ аст, ки дар ҳамон лаҳза боздошт шудааст. Тафтишот баъдан исбот кардааст, ки дар қадами баъдӣ ӯ ният дошт 1500 сомонӣ ришва гирад.

Дар ҳамин ҳол аз Шӯъбаи умумии додгоҳи вилояти Хатлон гуфтанд, ки ба онҳо аз номи наздикон ва вакили Ориф Ҳайбуллоев аризаи касатсионӣ ё шикояти расмӣ аз болои ҳукми баровардаи додгоҳ расидааст.

Ориф Ҳайбуллоев, мудири Шӯъбаи кадрҳои ҳукумати ноҳияи Қубодиён 1 июли соли ҷорӣ дар утоқи кориаш боздошт шуд. Ӯ 37 сол дошта, наздики 10 сол дар ҳукумати ноҳияи Қубодиён дар вазифаи раиси шӯъбаи кадрҳо кор кардааст. Дар яке аз ҷаласаҳои судӣ Саидумрон Абдураҳмонзода, раиси ноҳияи Қубодиён ҳам ба саволҳои додрас посух додааст.

То кунун хабарҳои зиёд дар мавриди боздошти мақомҳои ҷамоату шаҳракҳо бо иттиҳоми фасод сари забонҳо буд. Соли гузашта Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар вилояти Хатлон аз боздошти Фатҳиддин Мирзонов, масъули ҷамоати деҳоти "Оби киик"-и ноҳияи Хуросон бо гирифтани 550 доллари амрикоӣ аз як шаҳрванди ноҳия, ки ба ӯ ваъдаи ҷудо кардани замин карда буд, хабар дод. Аммо ин фард бо пардохти ҷарима озод шуд.

Соли ҷорӣ раиси собиқи ҷамоати деҳоти "Фирӯза" дар ноҳияи Носири Хусрав низ бо гирифтани маблағи 700 доллар ришва боздошт шуд. Баъдан Оҷонсии мубориза бо фасод раиси ҷамоати деҳоти "Ҷӯра Назаров"-и ноҳияи Носири Хусравро низ барои ришваситонӣ боздошт карда буд. Аммо ҳардуи ин раисони ҷамоат бо пардохти ҷарима аз ҷавобгарӣ озод шуда ва ҳамакнун дар вазифаҳояшон кор мекунанд.

Ба ин далел ба назар мерасад, ки на ҳамаи онҳое, ки бо ришваситонӣ боздошт мешаванд, ҷазои сангине мисли Ориф Ҳайбулоев мегиранд. Барои мисол, соли гузашта, як масъули Шӯъбаи тандурустии ноҳияи Қубодиён ҳам, ки бо гирифтани ришва 400 доллари амрикоӣ боздошт шуда буд, вале бо пардохти ҷарима озод ва пас аз муддате ба кораш идома дод.

Дар ҳамин ҳол масъулони Оҷонсии мубориза бо фасоди молии вилояти Хатлон мегӯянд, ки соли ҷорӣ беш аз 10 парвандаи ҷиноӣ дар иртибот ба фасодкорӣ боз шуда ва додгоҳҳо низ ҳукми худро алайҳи муртакибон содир кардаанд. Миёни муртакибони ҷинояти фасод, бархе аз кормандони масъули ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ, идораҳои заминсозӣ, идораҳои ҷамоатҳо ва кормандони соҳаи тандурустию низомӣ будаанд.

XS
SM
MD
LG