Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бархӯрди пулиси Покистон бо тарафдорони Имрон Хон


Маъмурони пулиси Покистон даҳҳо нафар аз тарафдорони Имрон Хон, яке аз пешвоёни мухолифони давлатро дастгир карданд ва раҳпаймоиҳоро мамнӯъ карданд. Чунин амалкарди мақомот байни маъмурони пулис ва фаъолони мухолифон дар баъзе аз қисматҳои шаҳри Исломобод бархӯрд барангехт. Баъди боздоштҳо дар шоми 27-уми октябр Имрон Хон тарафдоронашро ба тазоҳуроти саросарӣ даъват кард. Аз ин пеш ҳукумат амр дод, ки ҳаргуна тазоҳуроту раҳпаймоӣ аз 27-уми октябр дар шаҳрҳои Исломобод ва Равалпиндӣ манъ шавад ва ин дастур барои ду моҳ аст. Зоҳиран мақомот мехоҳанд, аз раҳпаймоии ҳизби Имрон Хон пешгирӣ кунанд, ки ба рӯзи 2 ноябр барномарезӣ шудааст. Имрон Хон, крикетбози шинохтаи покистонӣ ва раҳбари Ҳизби Таҳрики инсоф таҳдид кардааст, то замони аз мақомаш истеъфо додани нахуствазир Навоз Шариф роҳҳоро ба суи Исломободро мебанданд.

XS
SM
MD
LG