Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

CNN: Ҷангҷӯён даҳҳо нафарро дар Мовсил куштаанд


Дар шаҳри Мовсили Ироқ, ки нерӯҳои давлатӣ барои озод карданаш аз дасти гурӯҳи тундгарои «Давлати исломӣ» талош доранд, ҷангҷӯён 284 нафарро бо шумули писарбачаҳо куштаанд. Дар ин бора телевизиони CNN бо такя ба манобеи худ хабар дод ва гуфт, кушторҳо дар рӯзи панҷшанбе ва ҷумъа сурат гирифтаанд. Ин телевизион хабар дод, ки ҷангҷӯёни гурӯҳи «Давлати исломӣ» барои дафни мурдаҳо аз булдозер истифода кардаанд. Манбаи CNN гуфтааст ҳамаи ин афрод парронда шудаанд. CNN мегӯяд, имкони тасдиқи ин хабар аз манобеи мустақилро надорад. Қаблан Созмони Милали Муттаҳид дар робита ба боздошти 500 хонавода дар рустоҳои атрофи Мовсил аз тарафи ҷангҷӯён нигаронӣ карда буд, ки гурӯҳи «Давлати исломӣ» мехоҳад, аз онҳо ба ҳайси «сипари зинда» истифода кунад.

XS
SM
MD
LG