Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Отамбоев ба Гурҷистону Арманистон меравад


Алмосбек Отамбоев, раиси ҷумҳури Қирғизистон, барои иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти Созмони паймони амнияти дастҷамъӣ (СПАД) бо сафари расмӣ ба Гурҷистон ва сафари корӣ ба Арманистон меравад. Таърих ва ҷузъиёти сафари Отамбоев ҳанӯз дақиқ нест. Ӯ ин масъаларо бо вазири корҳои хориҷӣ ва мудири шуъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳаш маслиҳат мекунад. Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Эрлан Абдилдаев аз натиҷаи мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ дар ҳамоиши «Иттиҳоди Аврупо - Осиёи Марказӣ» ва конфронси байналхалқӣ дар мавзӯи Афғонистон, ки дар Брюссел доир шуд, иттилоъ додааст.

XS
SM
MD
LG