Пайвандҳои дастрасӣ

FBI: Рахнагон хостанд маълумоти раъйдиҳандаҳоро бидузданд


Бюрои федеролии тафтишоти ИМА аз талоши шикастани сохтори сабти номи раъйдиҳандагон дастикам дар 10 аёлат хабар дод. Ба гуфти раҳбари FBI Ҷеймс Коми, дар ҳуҷумҳои рахнагарони интернетӣ эҳтимолан Русия даст дорад. Хадамоти махсус аз ин нигаронанд, ки рахнагарони интернетӣ метавонанд барои таъсиргузорӣ ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико, ки 8 ноябр баргузор мешавад, талош мекунанд. Моҳи август Бюрои федеролии тафтишот аз рахна шудани хазинаи маълумотҳо дар бораи раъйдиҳандагони аёлатҳои Аризона ва Иллинойс гузориш доданд.

Қаблан Вашингтон дар бораи талошҳои Русия барои таъсиргузорӣ ба ҷараёни интихобот бо кӯмаки рахнагарони интернетӣ изҳорот дода буд. Қонунгузорони Амрико пешниҳод карданд, ки бинобар кибер-ҳамлаҳо алайҳи Русия таҳрим ҷорӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG