Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се зиндонии узбак аз Тоҷикистон хостанд, онҳоро ба Тошканд нафиристад


Ду зиндонии узбак, ки муҳлати адои ҷазояшон дар Тоҷикистон ба поён расидааст, аз мақомоти кишвар хостаанд, онҳоро ба ҳеҷ ваҷҳ ба ватанашон нафиристанд.

Ин ду шаҳрванди Узбакистон рӯзи 27 сентябр бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда ва иддао карданд, ки мақомоти тоҷик ҳашт сол қабл онҳоро ба ҷурми убури ғайриқонунии марз зиндонӣ карда буданд ва дар сурати фиристода шудан ба Узбакистон шиканҷа ва ҷазои дубора интизор аст.

Шерзод Қурбонов ва Нормаҳмад Аҷабов, сокинони вилояти Қашқадарёи Узбакистон, ки ҳоло дар зиндони рақами 3/4-и Душанбе нигаҳдорӣ мешаванд, ба ин мазмун ба дафтари Созмони Милали Муттаҳид ва созмонҳои дигари дифоъ аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон низ нома фиристодаанд. Манобеи дафтари Созмони Милал гуфтанд, то ҳол номаи Шерзод Қурбонов ва Нормаҳмад Аҷабовро нагирифтаанд, вале як зиндонии дигари узбак бо номи Ӯткир Эшонқулов аз онҳо хостааст, барои фиристода нашуданаш аз Тоҷикистон ба Узбакистон кумак кунанд.

Як корманди масъули Раёсати адои ҷазои ҷиноии Вазорати адлия гуфт, ин шаҳрвандони Узбакистон барои узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон боздошт ва зиндонӣ шудаанд ва зоҳиран ҳароси онҳо аз фиристода шудан ба ватанашон низ аз ҳамин бахши айбнома аст.

Шерзод Қурбонов бо Радиои Озодӣ дар тамос шуда ва гуфт, муҳлати адои ҷазои ӯ ва Нормаҳмад Аҷабов се рӯз қабл ба поён расида буд, аммо зоҳиран то замони таҳияи асноди ихроҷашон ба Узбакистон дар боздошт мемонанд. Шерзод гуфт, онҳо ва ҳамсару фарзандони хурдсолаш соли 2009, вақте қасди пойи пиёда ба Ҳаҷ рафтанро доштанд, дар марзи вилояти Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон боздошт ва баъдан зиндонӣ шудаанд. ​"Ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон он вақт ҳамсару ду писари хурдсоли маро раҳо карда, ба Узбакистон фиристода буданд", - афзуд ӯ.

Вале як корманди масъули Раёсати адои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон гуфт, ки ин ду нафар асосан барои узвият дар Ҷунбиши Исломии Узбакистон, як ҳаракати мамнӯъ дар Тоҷикистону Узбакистон, боздошт ва зиндонӣ шудаанд ва зоҳиран ҳароси онҳо аз фиристода шудан ба ватанашон низ аз ҳамин бахши айбнома аст.

Ҳаракати исломии Узбакистон, ки аз сӯи кишварҳои зиёде, аз ҷумла дар Амрико, Аврупо, Русия ва дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Узбакистону Тоҷикистон, созмони террористӣ шинохта шудааст, дар ибтидои солҳои 90 арзи ҳастӣ кардааст. Ҷангиёни он ба раҳбарии Ҷумъаи Намангонӣ ва Тоҳири Юлдош дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин меҷангиданд.

Баъди имзои созишномаи сулҳ байни давлат ва мухолифини тоҷик ва ду талоши ҳамлаҳои мусаллаҳонаи Ҳаракати исломӣ ба Узбакистону Қирғизистон, дар соли 2000 ҷангиёни ин ҳаракатро маҷбур карданд, ки аз Тоҷикистон ба Афғонистон бираванд.

Тоҳир Юлдош

Тоҳир Юлдош

Дар пайи оғози амалиёти ҷаҳонии зиддитеррор ба раҳбарии Амрико дар Афғонистон даҳҳо тан аз ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон, бо шумули фармондеҳаш Ҷумъаи Намангонӣ кушта шуданд ва боқимондаҳои он ба раҳбарии Тоҳири Юлдош ба сарзаминҳои қабиланишини Покистон паноҳ бурданд. Раҳбари ин ҳаракат Тоҳири Юлдош дар моҳи августи соли 2009 кушта шуд ва ба ҷои ӯ домодаш Усмон Одилро раҳбари ин гурӯҳ интихоб карданд. Аммо дар соли 2012 Усмон Одил низ ба ҳалокат расид ва ба ҷои ӯ Усмон Ғозӣ ба раҳбарии Ҳаракати исломии Узбакистон расид.

Бар асоси Қонуни афв, ки рӯзи 24 августи соли ҷорӣ аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон қабул шуд, шаҳрвандони хориҷӣ низ аз зиндонҳои кишвар озод хоҳанд шуд. Бар асоси қонуни нави афв, дар маҷмуъ, гуноҳи 12 ҳазор нафар бахшида хоҳад шуд, ки аз ин ҳисоб се ҳазораш зиндонӣ ҳастанд.

Машваратдодашуда

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG