Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Марги генерали тоҷик дар зиндони Узбакистон. Марге ки баъди ду сол рӯ зад


Як созмони ҳомии ҳуқуқи башар мегӯяд, Нилуфар Раҳимҷонова танҳо маҳбуси сиёсии тоҷики ҳалокшуда дар зиндонҳои Узбакистон нест, балки ин рӯйхати нангин ду сол қабл бо марги мармузи генерали тоҷик Зокир Ҳасанов дар Тоштурмаи Тошканд оғоз шудааст.

Надежда Атаева, раҳбари Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, мақараш дар Пориси Фаронса, рӯзи 29 сентябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, Нилуфар Раҳимҷонова, ҳамсари блогнавис ва донишманди шинохта Саидюнуси Истаравшанӣ ва духтари рӯҳонии маъруф Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, танҳо маҳбуси сиёсии тоҷик нест, ки дар зиндонҳои Узбакистон ба ҳалокат мерасанд. Ин рӯйхати, ба таъбири ин ҳомии ҳуқуқ, нангин ҳанӯз 2 сол пеш бо марги мармузи генерали тоҷиктабор Зокир Ҳасанов дар Тоштурма(зиндони сангин)-и Тошканд, яке аз бадномтарин зиндонҳои Узбакистон оғоз шуда буд.

Бино ба иттилои ҷамъовардаи Анҷуман(Ассосиатсия)-и ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, генерал Зокир Ҳасанов дар Ленинобод, ҳоло Хуҷанд ба дунё омада, аслаш тоҷик буд, вале дар вилояти бо Афғонистону Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарёи Узбакистон дар ҳайати нирӯҳои марзбонӣ хидмат мекард ва шаҳрвандии Узбакистонро дошт. Аммо дар соли 2011 генерал Ҳасанов боздошт ва ба ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон айбдор шуд.

Ҳамзамон, мегӯяд Надежда Атаева, ӯро бо такя ба муносиботаш бо полковники афғон Муртазоқул Азизуллоҳ ба қочоқи маводи мухаддир низ муттаҳам карданд. Хонум Атоева мегӯяд, иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир танҳо барои рӯпӯш кардани иттиҳоми аввал ва асосӣ алайҳи ин генерал – ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон – буд. Дар ниҳоят Зокир Ҳасанов ба 20 сол ва Муртазоқул Азизуллоҳ ба 15 сол маҳкум шуданд ва дар зиндони рақами 64/21 дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд адои ҳукм мекарданд.

Надежда Атаева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, қазияи Зокир Ҳасанов дар пайи аёдати Муртазоқул Азизуллоҳ аз сӯи ҳайати Салиби Сурхи байналмилалӣ рӯ зад. Полковник Азизуллоҳ ба намояндагони Салиби Сурх гуфтааст, ки Зокир Ҳасанов дар вазъи сахте қарор дошта, ба кумаки тиббиӣ ниёз дорад. Вале бо вуҷуди ду дафъаи талошашон барои сӯҳбат бо худи генерал Ҳасанов мақомоти Узбакистон ин имконро барои ҳайати Салиби Сурх фароҳам наоварданд.

Надежда Атаева гуфт: “Зокир Ҳасанов таҳти фишори хеле сахт қарор дошт. Хонаводаи ӯ ҳам зери чунин фишори сахт буд ва аз ин рӯ, Зокир Ҳасанов ду дафъа дархости мулоқот бо намояндагони Салиби Сурхи байналмилалиро “рад” кард. Ба “рад” кардани дархости мулоқот бо намояндагони Салиби Сурх маҷбур кардани маҳбусони сиёсӣ як шеваи маъмулии кори мақомоти Узбакистон шудааст. Ва чунин мавридҳо, аз ҷумла ҳамин қазияи Зокир Ҳасанов боис шуд, ки Салиби Сурхи байналмилалӣ дар оғози соли 2013 ба ин далел ки шароити аёдати маҳбусони сиёсӣ дар зинонҳои Узбакистон ҷавобгӯи меъёрҳои ин созмон нест, аз идомаи барномаи сафарҳои назоратиаш ба маҳбасҳои Узбакистон даст кашид.”

Бино ба иттилои Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, рӯзи 22 сентябри соли 2012, дар арафаи сафари навбатии ҳайати Салиби Сурх як гурӯҳи маҳбусонеро, ки ин созмон дар рӯйхати мулоқотҳои худ шомил карда буд, аз зиндони Бекобод ба зиндони дигари воқеъ дар истгоҳи Хавоси вилояти Сирдарё мефиристанд. Ин афрод дар Хавос ҳамчун “маҳбусони транзитӣ” сабти ном мешуданд ва ба ин далел пайдо кардани онҳо дар рӯйхати умумии маҳбусон ғайримумкин буд. Ин маҳбусонро дар зиндони Хавос 46 рӯз нигоҳ дошта, танҳо баъди аз Узбакистон рафтани ҳайати Салиби Сурх ба зиндон Бекобод баргардондааанд.

Аммо як маҳбуси собиқ - манбаи асосии маълумоти Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ дар бора генерал Зокир Ҳасанов, ки ҳамроҳи ӯ адои ҳукм мекард ва қазияи ӯро баъди раҳоияш аз зиндон “ба нишони эҳтиром ба шахси ин генерал” ошкор кардааст, гуфтааст, ки баъди бозгашт аз зиндони Хавос дигар Зокир Ҳасановро дар зиндони Бекобод пайдо накард.

Маълум шуда, ки ӯро рӯзи 14 сентябри соли 2012 аз инҷо ба зиндони Тоштурмаи Тошканд, яке аз бадномтарин зиндонҳои Узбакистон бурдаанд, то аз як тараф, аз ҳайати Салиби Сурх пинҳонаш кунанд, ва аз тарафи дигар, дар чорчӯби парвандаи гӯё ҷосусии ӯ ба фоидаи Тоҷикистон маҷбур ба эътирофи гуноҳаш кунанд. Ба гуфтаи мусоҳибони Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, генерал Зокир Ҳасанов моҳи октябри соли 2012, ҳамагӣ як моҳ баъд аз интиқолаш аз зиндони Бекобод, дар корпуси чоруми Тоштурма бар асари шиканҷа ҳалок шудааст. Нафаре, ки дар Бекобод бо ӯ адои ҳукм мекард, ба ҳомиёни ҳуқуқ гуфтааст, Зокир Ҳасанов ба ҳадде мариз набуд, ки сабаби маргаш шавад.

Надежда Атаева мегӯяд, ҷанҷолҳои ҷосусӣ байни Узбакистону Тоҷикистон ба далели ихтилофоти сиёсии раҳбарони аввали ҳарду кишвар ба як амри маъмул табдил ёфтааст: “Дар Узбакистон ба онҳое, ки дар Тоҷикистон хешу табор доранд ё ягон решаашон ба ин кишвари ҳамсоя мекашад, ҳамчун ба ҷосуси эҳтимолии Душанбе нигоҳ мекунанд ва талош мешавад, то чунин афрод ба мақомҳои муҳими давлатӣ, бахусус дар ниҳодҳои интизомиву амниятӣ роҳ наёбанд. Айни чунни гузоришҳоро созмони мо дар мавриди зодагони Узбакистон ва узбактаборҳои сокини Тоҷикистон аз ин кишвар мегирад, ки давлати Тоҷикистон ба онҳо низ эътимоди чандоне надорад.”

Узбакистон то имрӯз даҳҳо нафар ва аксаран зодагони Тоҷикистонро бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи Тоҷикистон дастгир ва равонаи зиндон кардааст. Охирин мавриди чунин боздоштҳо эълони ҳукми зиндони се зани сабукпо дар вилояти бо Тоҷикистон ҳаммарзи Сурхондарё буд, ки ба иддаои мақомоти амниятии Узбакистон, гӯё тавассути ... танфурӯшӣ ба афсарони узбак дар бораи ин кишвар маълумоти сиррии низомӣ ҷамъ мекарданд.

Дар Тоҷикистон ҳангоми эълони иттиҳомот аз бурдани исми мушаххасан Узбакистон худдорӣ мекунанд, вале то имрӯз чандин нафар бо гумони ҷосусӣ ба фоидаи "як кишвари ҳамсоя" маҳкум ба зиндон шудаанд. Маъруфтарин чунин қазияҳо парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" - як фармондеҳи собиқи Фронти халқӣ, 5 корманди корхонаи "Востокредмет" ва ҳам полковники тоҷиктабори артиши Қирғизистон Муҳаммадӣ Салимзода, ки барои баргузории тӯйи арӯсии духтараш ба Тоҷикистон омада, дар инҷо бо ҷурми ҷосусӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шуд, мебошанд.

Нилуфар Раҳимҷонова

Нилуфар Раҳимҷонова

Надежда Атаева мегӯяд, аксари ин парвандаҳои ҷосусӣ заминаи собите надоранд. Ба гуфтаи ӯ, як қурбонии чунин душмантарошиҳо Нилуфар Раҳимҷонова, ҳамсари блогнавис ва донишманди шинохта Саидюнуси Истаравшанӣ ва духтари рӯҳонии маъруф Домулло Маъруфҷони Истаравшанӣ, мебошад, ки 3 сол пеш дар Узбакистон бо ҷурми терроризм маҳкум ба 10 соли зиндон шуда, рӯзи 13 сентябри соли равон дар зиндони занонаи ноҳияи Янгиотаи Тошканд ба таври мармуз даргузашт. Ба ақидаи ин ҳомии ҳуқуқ, Раҳимҷонова бар асоси иттиҳомоти бофта маҳкум ба зиндон шуда буд.

Бино ба иттилои Анҷумани ҳуқуқи башари Осиёи Марказӣ, Муртазоқул Азизуллоҳро дар ҷараёни табодули маҳбусон бо Афғонистон ба ин кишвари зодгоҳаш супурдаанд. Наджеда Атаева гуфт, ҳамин тавр, аҳли хонаводаи Зокир Ҳасанов, ки дар пайи боздошт ва маҳкум ба зиндон шудани ӯ таҳти фишори шадиде қарор дошт, гӯё дар ниҳоят баъди ҳалокати ӯ ба Тоҷикистон кӯчидаанд. Аммо меафзояд ӯ, иттилоъи дақиқтаре дар бораи сарнавишти ин хонавода ба дасти онҳо то ҳол нарасидааст.

Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар бораи қазияи Зокир Ҳасанов, ки дар Узбакистон ба ҷосусӣ барои Душанбе айбдор мешуд, шарҳе надодаанд. Талошҳои Радиои Озодӣ барои пайдо кардани наздикони генерал Ҳасанов дар Тоҷикистон низ ҳанӯз натиҷа надодаанд. Агар хонандагони Озодӣ дар бораи ин генерали тоҷики артиши Узбакистон маълумоти бештаре дошта бошанд, хоҳиш мекунем, бо мо бо эмейли tajik@rferl.org дар миён гузоранд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG