Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ронандагон: "Мехоҳем, дигарбора аз тариқи Узбакистон равем"


Чанд ронандаи мошинҳои боркаш мехоҳанд, дигар 1000 километри изофиро тай накарда ва аз тариқи Узбакистон ба Тоҷикистон бирасанд. Онҳо мегӯянд, вазъ дар кишвари ҳамсоя мумкин дигар шудааст.

“Ҳазор километр дур ҳам бошад, аммо беҳтару бедарди сар аст.

Чанде аз ронандагони мошинҳои боркаш тасмим гирифтаанд, дубора аз тариқи қаламрави Узбакистон бори худро ба Тоҷикистон бирасонанд. Ҳаракат ба воситаи қаламрави кишвари ҳамсоя роҳи онҳоро аз Русия то Тоҷикистон тақрибан ҳазор километр кӯтоҳтар мекунад. Онҳо то кунун аз Русия ба Қазоқистон ва сипас ба Қирғизистон ворид шуда ва худро ба Тоҷикистон мерасонданд.

Раҳматҷон Темуров, ронандаи мошини боркаш аз Тоҷикистон ва ду тан аз ҳамроҳонаш, ки даҳ сол боз аз Тоҷикистон ба Русия бор мекашонанд, мегӯяд, панҷ сол инҷониб аз тариқи Узбакистон ҳаракат намекарданд.

Раҳматҷон Темуров мегӯяд, ҳамроҳ бо дигар ронандаҳои мошини боркаш бо дархости ширкатҳои мухталиф аз Тоҷикистон ба Русия пахта ва мевагӣ интиқол медиҳанд. Ӯ рӯзи 18-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, панҷ соли пеш бинобар пеш омадани мушкил аз сафар тариқи хоки Узбакистон даст кашиданд.

“Он замон барои як ширкат бор мебурдем ва худаш визаи Узбекистонро мегирифт. Аммо бисёр азоб доштем. Дар ҳар посгоҳ маҷбур будем, борро фароварда боз дубора бор кунем. Бо ҳар баҳона дар сари ҳар қадам манъ карда мепурсиданд, аз ин рӯ рафтанро бас кардем. Ҳоло бароямон гуфтанд, ки вазъият беҳтар шудааст. Барои ҳамин мехоҳем аз Русия тариқи Узбакистон ба ватан баргардем” - гуфт, ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ.

Қирғизистон як роҳи "осонтари" расидан ба Тоҷикистон аст
Қирғизистон як роҳи "осонтари" расидан ба Тоҷикистон аст

Ин ронанда бо ду ҳамроҳаш ҳоло дар Русия қарор доранд ва таҷҳизоту молеро ба Тоҷикистон мебаранд, ки муҳоҷирони меҳнатӣ ба ватан ирсол мекунанд. Ӯ мегӯяд, маъмулан ронандаҳои мошинҳои боркаш аз як самт бо дархости ширкатҳо ва тоҷирон то Русия молу маҳсулот меоранд ва аз ин тараф худашон аз муҳоҷирон бор мегиранд ва як килои онро бар ивази 50 рубл ба Тоҷикистон мерасонанд.

Аммо на ҳамаи ронандагон омодаи таваккул кардан ҳастанд. Муҳриддин Саймуминов, ронандаи дигари мошини боркаш мегӯяд, нияти аз тариқи хоки Узбакистон ба Тоҷикистон сафар карданро надорад ва ҳазор километр роҳи изофиро беҳтар аз дарди сарҳои ногаҳонӣ медонад.

“Ҳазор километр дур ҳам бошад, аммо беҳтару бедарди сар аст. Мо аз Русия, Қазоқистон ва Қирғизистон гузашта ба Тоҷикистон меравем. Ҳамагӣ як бор дар соли 2014 аз Узбакситон гузаштам. Хеле мушкил буд, дигар ҳатто барои санҷиш ҳам намехоҳам, ба ин роҳ сафар кунам.”

Миёни Узбакистону Тоҷикистон раводид ҷорӣ ҳаст. Аз ин рӯ, ронандаҳо бо вуҷуди дурии роҳ, масири Русия-Қазоқистон-Қирғизистонро интихоб мекунанд, ки рафтуомад бо ин кишварҳо бидуни раводид буда, дарди сари камтар дорад.

То чанд моҳи пеш ронандаҳои мошинҳои боркаши тоҷик давоми бояд дар муддати се рӯз аз ҳудуди Узбакистон убур мекарданд. Аммо Қурбонхон Саидов, сардори Раёсати нақлиёти заминии вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, баъди ислоҳи Кодекси гумруки Узбакистон ин мӯҳлат то даҳ рӯз дароз карда шудааст.

Мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон
Мошинҳои боркаши Тоҷикистон дар марз бо Афғонистон

"Тибқи муқаррароти байналмиллалӣ, ронанда баъд аз се чор соати ҳаракат бояд истироҳат кунад. Ронандаҳои тоҷик бе истироҳат метавонистанд, ки давоми се рӯз аз ҳудуди Узбакистон убур кунанд. Кодекси нави гумруки Узбакистон аз якуми август бояд мавриди амал қарор гирифта бошад”- гуфт, масъули Вазорати нақлиёт.

Ронандагоне, ки мехоҳанд, дигарбора аз тариқи Узбакистон ва бо роҳи кӯтоҳтар ба Тоҷикистон бирасанд, мегӯянд, бисёр шунидаанд, ки баъди даргузашти Ислом Каримов, раиси ҷумҳури пешини Узбакистон вазъ беҳтар мешавад. Ва худашон мехоҳанд, ҳам риск ва ҳам имтиҳон кунанд, ки оё дар воқеъ вазъ дигар шудааст ва ё ҳамон 1000 километри изофӣ ва “роҳи дарозу бехатар” беҳтар аст.

XS
SM
MD
LG