Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон роҳи содироти сементи Тоҷикистонро бастанд (ВИДЕО)


Тахриби пули Олчин дар вилояти Кундуз иртиботи Тоҷикистон бо Афғонистонро қатъ кардааст. Масъулони вилояти Кундуз мегӯянд, рӯзе беш аз сад мошини борбар аз Тоҷикистон ба Кундуз рафта, аксаран сементу маҳсулоти полезӣ мебурданд.

Неъматуллоҳи Темур, сухангӯи волии Кундуз, рӯзи 22-юми август дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин пул аҳамияти муҳими стратегӣ дорад" ва вайрон шуданаш на танҳо роҳи Тоҷикистон, балки вилоятҳои Тахору Бадахшонро ба Кобул низ бастааст.

Ин масъули вилояти Кундуз, инчунин, гуфт, "вақтҳои охир Тоҷикистон дар бозори сементи Афғонистон ҷойи Покистонро гирифта буд ва бо эҳтимоли зиёд ин корро Толибон бо супориши Покистон анҷом додаанд." Аммо Покистон борҳо чунин иддаои ҷониби Афғонистонро рад карда ва гуфтааст, ки дар ҳеҷ гуна тахрибкориҳо даст надорад.

"Тоҷикистон Кундузро бо семент таъмин мекард. Пештар ин бозор дар дасти Покистон буд. Ҳоло ин амал ниёзмандии яке аз вилояти бузурги Афғонистонро ба маҳсулоти Покистон боз бештар мекунад,” - Неъматуллоҳи Темур.

Зарари воридшуда ба ин пул ҳисоб мешавад ва кори аввалине, ки ҳукумати Афғонистон бояд бикунад, сохтани пул аст.
Неъматуллоҳи Темур

Пули Олчин дар вилояти Кундуз шаби 21-уми август бар асари як инфиҷор хароб шуд. Мақомоти Афғонистон тахриби пулро кори дасти Толибон донистанд. Ба гуфтаи Неъматуллоҳи Темур, Толибон пас аз ду кӯшиши ноком билохира шаби гузашта пулро вайрон карданд ва ҳоло чаҳор улусволии наздимарзӣ бо Тоҷикистон, ба мисли Имом Соҳиб ва Дашти Арчӣ, пас аз тахриби ин пул дар муҳосираи гурӯҳи Толибон қарор гирифтаанд.

Ӯ гуфт, "қарор шудааст, ки барои рондани Толибон аз наздикиҳои пул амалиёти низомӣ баргузор кунем ва дар зудтарин фурсат роҳи иртиботиро дар ин мавзеъ барқарор созем. Зарари воридшуда ба ин пул ҳисоб мешавад ва кори аввалине, ки ҳукумати Афғонистон бояд бикунад, ин сохтани пул аст."

Поксозии Хонобод аз Толибон шурӯъ шуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:07 0:00

Мақомоти вилояти Кундуз мегӯянд, аз Тоҷикистон маҳсулоте ба мисли пиёз, себу нок ва тарбузу харбуз ва ба миқдори хеле зиёд семент ворид мешуд. Ҳамчунин, бо ин роҳ, Тоҷикистон аз Покистону Эрон меваҳои тропикӣ ва шакар ворид мекард.

Абдусамад Маннонов, як тоҷири тоҷик, мегӯяд, 14 тонна мандаринаш дар Кундуз даромондааст ва ҳоло ба хулосае расиданд, ки онро дар Афғонистон бифурӯшанд. "Мо фаҳмидем, ки роҳ дар ҳафтаҳои наздик боз намешавад. Маслиҳат кардем, ки дар Кундуз роҳ пайдо карда, мандаринро он ҷо фурӯшанд. Шояд муваққатан роҳамонро аз Покистону Эрон тариқи Туркманистон, ки дуртар аст, ба роҳ монем," – афзуд ӯ.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти маҳаллии Тахор мегӯянд, ки субҳи 22-юми август Хоҷаи Ғори ин вилоят аз сӯи Толибон тасарруф шуда, баъдан дубора аз сӯи нерӯҳои давлатии Афғонистон бозпас гирифта шудааст. Аз ин пеш, рӯзи 21-уми август, нерӯҳои Афғонистон амалиёти поксозии ҷангҷӯёни Толиб аз ноҳияи стратегии Хонободро шурӯъ карданд.

Рӯзи 20-уми август Толибон ин ноҳия дар вилояти Кундузи ҳаммарз бо Тоҷикистонро ишғол карданд, вале ба нерӯҳои афғон муяссар шуд, ноҳияро баъди чанд соат пас бигиранд. Нооромиву ҷангҳо, ки асосан дар ҷануб ва шарқи Афғонистон манотиқи аслӣ ва такягоҳҳои Толибон зиёд буд, ба тадриҷ ба шимоли кишвар як минтақаи ороми ин кишвар ҳам сироят кардааст.

Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи тӯлонӣ ва душворгузар дорад. Роҳи аслие, ки Тоҷикистонро бо Афғонистон мепайвандад, гузаргоҳи Шерхон Бандар (аз тарафи Афғонистон) ва Панҷи Поён (аз тарафи Тоҷикистон) аст. Бар фарози рӯдхонаи Панҷ миёни Афғонистону Тоҷикистон, инчунин, панҷ пули дигар вуҷуд дорад, аммо онҳо танҳо бо рафтуомади сокинони навоҳии наздисарҳадӣ маҳдуд мешаванд.

XS
SM
MD
LG